Суруди 26
Бо Худо роҳ рав!
(Мико 6:8)
1. Ту роҳ рав доим бо Худо,
Бош доим фурӯтан.
Росткор бош ва беайб бимон
Дар пеши Худованд.
Ту ҳақиқатро дӯст бидор,
То нахӯрӣ фиреб.
Сахт дасти Яҳуваро дор,—
Ҳаст Ӯ Падари нек.
2. Ту роҳ рав доим бо Худо,
Бигрез аз нопокӣ.
Ба сӯи камолот шитоб,
Ин бахшадаш шодӣ.
Бар он чӣ поку дилписанд
Ва рост аст, фикр намо.
Қувват диҳад Худо даҳчанд
Дар вақти тангиҳо.
3. Ту роҳ рав доим бо Худо,
Ба Ӯ бош вафодор,
То кунад баракат ато
Ва донад туро ёр.
Худоро васф кун дар суруд,
Ба Ӯ бикун хизмат,
Ва хоҳӣ гашт беҳад хушнуд
Аз кори Салтанат.
(Ҳамчунин нигаред ба Ҳас. 5:24; 6:9; Фил. 4:8; 1 Тим. 6:6–8.)