Суруди 16
Сӯи Салтанати Худо гурезед!
1. Биҷӯед, эй ҳалимон, Яҳуваро,
Биҷӯед фурӯтаниву ростӣ.
Шояд пинҳон шавед он рӯз аз хашмаш
Ва тавонед ёфт халосӣ.
(НАҚАРОТ)
Бигрезед ба Салтанати Худо,
Кунед онро дастгирӣ.
Ёбед дар он ҳимояи Худоро.
Шитобед сӯи ростӣ.
2. Адлро гар хоҳед, пас ҷӯед Худоро,
Зеро то кай шумо мехӯред ғам.
Оед ба сӯяш ва бошед мутеаш,
Ӯ диҳад наҷот аз ситам.
(НАҚАРОТ)
Бигрезед ба Салтанати Худо,
Кунед онро дастгирӣ.
Ёбед дар он ҳимояи Худоро.
Шитобед сӯи ростӣ.
3. Бардоред бо хурсандӣ сари худро,
Бинед исботи ҳузури Исо.
Нури донишро рад накунед ҳаргиз
Ва тарсед фақат аз Худо.
(НАҚАРОТ)
Бигрезед ба Салтанати Худо,
Кунед онро дастгирӣ.
Ёбед дар он ҳимояи Худоро.
Шитобед сӯи ростӣ.
(Ҳамчунин нигаред ба Заб. 58:17; Мас. 18:10; 1 Қӯр. 16:13.)