Суруди 5
Масеҳ намуна барои мост
1. Чӣ муҳаббат ба мо
Зоҳир карда Худо,
Вақте Писари азизашро дод.
Масеҳ бароямон
Шуд ноне аз осмон
Ва кушод ӯ роҳ ба сӯи ҳаёт.
2. Дода Исо таълим,
Ки гӯяд ҳар ҳалим:
«Муқаддас бодо номат, эй Худо,
Ва Салтанат доим
Ҳукм ронад бар замин,
Ҳам бикун ҳар рӯз ба мо ризқ ато».
3. Ба одамон Масеҳ
Дониш дода саҳеҳ,
Мебахшид доим бо меҳр тасаллӣ.
Гар корем мо мудом
Тухмӣ, ки ҳаст калом,
Хоҳем дарав кард таҳсин ва шодӣ.
(Ҳамчунин нигаред ба Мат. 6:9–11; Юҳ. 3:16; 6:31–51; Эфс. 5:2.)