Суруди 61
Мехоҳам, ки ба Ту дилписанд бошам
1. Эй Офаридгорам, чӣ диҳам подош
барои ҳаётам ҳамчун арзи сипос?
Ҳақгӯ, дилнамост оинаи Каломат,
дар он бинам чӣ касам ман дар чашмонат.
Ҳаётамро созам бароят нисор,
хизмататро кунам, то дар тан ҳаст мадор.
Ман хоҳам, ки бошам дар кору рафтор
ба Ту дилписанд, эй Парвардигор.
2. Санҷам дили худро, то шавам беҳтар,
Худоё, хирад деҳ, ман ба Ту дастнигар.
Чун ҳастӣ содиқ, содиқон табъи дилат,
содиқ хоҳам буд ва шод созам хотират.
(Ҳамчунин нигаред ба Заб. 17:26; 115:3; Мас. 11:20.)