Суруди 11
Дили Яҳуваро шод гардон
1. Худо, ба Ту қавл додем мо,
Ки хостат бикунем иҷро.
Дар ёд хоҳем дошт қавли худ,
То созем дили Ту хушнуд.
2. То васфат кунанд бар замин,
Ғуломат кардӣ Ту таъин.
Ғизо ӯ диҳад саривақт,
То кунем мо хизмат ҳар вақт.
3. Ба мо қувватат кун ато,
Ки бошем Туро бовафо,
То ҳамдат бисозем пеша
Ва шодат кунем ҳамеша.
(Ҳамчунин нигаред ба Мат. 24:45–47; Луқ. 11:13; 22:42.)