Суруди 31
Мо Шоҳидони Яҳува ҳастем!
1. Созанд одамон бутҳо,
дуранд аз Худо онҳо.
Танҳо Яҳува аст
Ҳаққи Таоло.
Нагӯянд бутҳояшон
чӣ орад фардояшон.
Наёбанд баҳри худ шоҳидон,
ҳастанд амали даст онон.
(НАҚАРОТ)
Мо — шоҳиди Яҳува,
намудем пеша ин раҳ.
Ҳар он чи кард Худо пешгӯйӣ,
созад ҳатман амалӣ.
2. Бикунем эълон бо фахр
номи Яҳува дар даҳр.
Аз Шоҳиаш гӯем
дар ҳар деҳу шаҳр.
Бигзор фаҳмида ростӣ,
кунанд ҳақҷӯён шодӣ,
Бишаванд чун рӯҳан баркамол,
оранд ба Яҳува ҷалол.
(НАҚАРОТ)
Мо — шоҳиди Яҳува,
намудем пеша ин раҳ.
Ҳар он чи кард Худо пешгӯйӣ,
созад ҳатман амалӣ.
3. Созем дар хизмат ҳар гоҳ
исми Яҳуваро пок
Ва аз довариаш
мекунем огоҳ.
Рӯ гар оранд ба Худо,
мекунад бахшиш ато.
Кӯшем аз таҳти дил дар хизмат,
аз ҳаракат ҳаст баракат.
(НАҚАРОТ)
Мо — шоҳиди Яҳува,
намудем пеша ин раҳ.
Ҳар он чи кард Худо пешгӯйӣ,
созад ҳатман амалӣ.
(Ҳамчунин нигаред ба Иш. 37:19; 55:11; Ҳиз. 3:19.)