Чоршанбе, 20 ноябр
Сӯйи Яҳува... баргардад (Иш. 55:7).
Пеш аз бахшидан ё набахшидани шахс Яҳува ба назар мегирад, ки оё ӯ дарк мекард, ки кори нодуруст карда истодааст. Дар ин бора дар Луқо 12:47, 48 гуфта шудааст. Аз ин бармеояд, ки, вақте шахс дидаю дониста ба коре даст мезанад, ки ба Яҳува маъқул нест, гуноҳи ҷиддӣ содир мекунад. Яҳува чунин шахсро метавонад набахшад (Марқ. 3:29; Юҳ. 9:41). Оё дар ин вазъият ягон умеде ҳаст? Бале, Яҳува ба назар мегирад, ки шахс самимона пушаймон аст ё не. Шахсе, ки пушаймон мешавад, фикрронӣ ва рафторашро ислоҳ мекунад. Ӯ аз сабаби он ки нодуруст рафтор кардааст, сад афсӯс мехӯраду зиқ мешавад. Лекин шахси пушаймон на танҳо барои хатояш афсӯс мехӯрад, балки инчунин барои суст шудани муносибаташ бо Яҳува. w22.06 саҳ. 5, 6, сарх. 15–17
Панҷшанбе, 21 ноябр
Ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд пайрави Масеҳ бошанду бо худотарсӣ умр ба сар баранд, озор мебинанд (2 Тим. 3:12).
Душманони мо дар бораи бародарони масъул ҳар гуна гапҳои дурӯғ паҳн мекунанд (Заб. 31:13). Баъзе бародаронро дастгир намуда онҳоро ҷинояткор мебароранд. Бояд гуфт, ки дар асри як низ чунин воқеаҳо ба чашм мерасид. Павлуси расулро ноҳақ айбдор карда дастгир намуданд. Вақте Павлуси расулро дар Рум ҳабс карданад, баъзе масеҳиён аз ӯ худро дур мегирифтагӣ шуданд (2 Тим. 1:8, 15; 2:8, 9). Тасаввур кунед, ки он вақт Павлус чӣ ҳис мекард. Ӯ ба мушкилиҳои зиёд нигоҳ накарда истодагарӣ намуд ва ҳатто ҳаёташро баҳри ҳамимонони худ зери хатар гузошт (Кор. 20:18–21; 2 Қӯр. 1:8). Биёед ҳеҷ гоҳ мисли онҳое, ки Павлусро дар вақти тангӣ тарк карданд, рафтор накунем. Мо набояд ҳайрон шавем, ки Шайтон дар ҳамлаҳояш бародарони масъулро ба нишон мегирад. Ӯ мақсад дорад, ки беайбии онҳоро шиканад ва моро ба тарсу ҳарос орад (1 Пет. 5:8). Минбаъд низ бародаронро дастгирӣ карда ба онҳо вафодор бошед (2 Тим. 1:16–18). w22.11 саҳ. 16, 17, сарх. 8–11
Ҷумъа, 22 ноябр
Наход тамоман аз Худо натарсӣ? (Луқ. 23:40).
Ҷинояткори пушаймоншудае, ки пеш аз маргаш назди Исо овезон буд, аз афташ, яҳудӣ буд. Яҳудиён Худои ягонаро ибодат мекарданд. Халқҳои дигар бошад, бовар доштанд, ки худоёни бисёр вуҷуд дорад (2 Мӯсо 20:2, 3; 1 Қӯр. 8:5, 6). Агар он ҷинояткор аз дигар халқ мебуд, он гоҳ саволи ояти имрӯза чунин мешуд: «Наход тамоман аз худоён натарсӣ?» Ғайр аз ин, Исо «назди гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил» фиристода шуда буд, на ин ки халқҳои дигар (Мат. 15:24). Худо бошад, ба исроилиён ошкор карда буд, ки мурдагонро зинда мекунад. Ҷинояткоре, ки тавба кард, шояд дар ин бора медонист. Ӯ фикр мекард, ки Яҳува Исоро барои дар Подшоҳиаш ҳукмронӣ кардан зинда мекунад. Аз афташ, ин ҷинояткор умед дошт, ки Худо ӯро низ зинда хоҳад кард. Азбаски он мард яҳудӣ буд, ӯ дар бораи Одаму Ҳавво ва биҳиште, ки Яҳува барои онҳо офарид, медонист. Барои ҳамин мефаҳмид, ки биҳиште, ки Исо дар борааш гуфт, боғи зебое дар замин мешавад (1 Мӯсо 2:15). w22.12 саҳ. 8, 9, сарх. 2, 3