БОБИ НӮҲ
Оё мо дар «охирзамон» зиндагӣ мекунем?
Кадом рӯйдодҳои замони мо дар Китоби Муқаддас пешгӯӣ шудаанд?
Каломи Худо дар бораи ахлоқи одамони «охирзамон» чӣ мегӯяд?
Оиди «охирзамон» чӣ хабарҳои хушеро Китоби Муқаддас пешгӯӣ мекунад?
1. Аз куҷо дар бораи оянда фаҳмида метавонем?
ОЁ ЯГОН бор пас аз шунидани хабарҳои ҷаҳонӣ аз симо ё садо аз худ пурсидаед, ки “ояндаи ин ҷаҳон чӣ гуна бошад?” Мусибату фоҷиаҳо чунон бемаҳалу ногаҳон сар мезананд, ки ҳеҷ кас намедонад — фардо бо худ чӣ меорад (Яъқуб 4:14). Аммо Яҳува дар ҳар сурат медонад, ки оянда чӣ хоҳад шуд (Ишаъё 46:10). Ҳанӯз хеле пештар Худо дар Каломи худ — Китоби Муқаддас на танҳо мусибату бадбахтиҳои замони мо, балки баракатҳоеро ки дар ояндаи наздик рӯй хоҳанд дод, пешгӯӣ карда буд.
2, 3. Шогирдон кадом саволро ба Исо доданд ва ӯ дар ҷавоб чӣ гуфт?
2 Исои Масеҳ дар бораи Салтанати Худо башорат медод, ки он ба шарорат хотима дода, заминро ба биҳишт мубаддал мегардонад (Луқо 4:43). Одамон мехостанд вақти омадани ин Салтанатро бидонанд. Боре шогирдон аз Исо пурсиданд: «Аломати омадани Ту ва охирзамон чӣ гуна аст?» (Матто 24:3). Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки вақти аниқи интиҳои ин тартиботи шариронаро танҳо Яҳува Худо медонад (Матто 24:36). Аммо дар ҳар сурат, Исо моро бехабар нагузошт; ӯ рӯйдодҳоеро, ки бояд дар рӯи замин пеш аз сулҳу амнияти ҳақиқиро пойдор сохтани Салтанат ба вуқӯъ меомаданд, пешгӯӣ кард. Ин пешгӯиҳои вай ҳоло иҷро шуда истодаанд!
3 Пеш аз он ки далелҳои дар охирзамон зиндагӣ карданамонро бисанҷем, биёед мухтасар ҷангеро ки ягон инсон ба диданаш қодир набуд, мавриди муҳокима қарор диҳем. Он дар осмон, дар олами ноаёни рӯҳӣ ба вуқӯъ омад. Натиҷаи ин ҷанг ба ҳар яки мо таъсир мекунад.
ҶАНГ ДАР ОСМОН
4, 5. a) Пас аз ба тахти подшоҳӣ нишастани Исо дар осмон чӣ рӯй дод? б) Мувофиқи Ваҳй 12:12 натиҷаи ҷанги осмонӣ чист?
4 Аз боби гузаштаи ин китоб мо фаҳмидем, ки Исои Масеҳ соли 1914 дар осмон Подшоҳ шуд. (Дониёл 7:13, 14-ро хонед.) Ҳокимияти подшоҳиро ба даст гирифта, Исо дарҳол ба амал сар кард. «Дар осмон ҷанг шуд,— мегӯяд Китоби Муқаддас,— Микоил [номи дигари Исо] ва фариштаҳояш ба муқобили аждаҳо [Шайтон Иблис] меҷангиданд, ва аждаҳо ва фариштаҳояш меҷангиданд»a. Шайтону фариштаҳои шарири вай — девҳо дар ин ҷанг мағлуб шуда, аз осмон ба замин ронда шуданд. Ниҳоят фариштаҳои содиқи Худо аз сарнагун шудани Шайтон ва девҳояш хело шод гаштанд! Аммо одамони рӯи замин аз чунин хурсандӣ баҳравар шуда наметавонистанд. Баръакс, пешгӯии Китоби Муқаддас ин гуна буд: «Вой бар ҳоли сокинони замин ... чунки назди шумо иблис бо хашми зӯре нузул кардааст, чун медонад, ки вақташ кам мондааст» (Ваҳй 12:7, 9, 12).
5 Ба натиҷаи ин ҷанг дар осмон таваҷҷӯҳ кунед. Шайтони ба ғазабомада ба сари инсоният мусибату фоҷиаҳо оварда, бо ин хашми худро бар онҳо фурӯ рехт. Ҳамон тавре ки хоҳед дид, мо маҳз дар ҳамин замонаи кулфатбор зиндагӣ мекунем. Аммо ин давра нисбатан кӯтоҳ аст. Ҳатто Шайтон медонад, ки «вақташ кам мондааст». Китоби Муқаддас ин давраи вақтро «охирзамон» меномад (2 Тимотиюс 3:1; ТДН). Боиси хурсандист донистани он ки Худо ба қарибӣ тамоми заминро аз таъсироти Шайтон озод хоҳад кард! Биёед бубинем, ки чӣ гуна баъзе аз пешгӯиҳои Китоби Муқаддас худи ҳоло иҷро шуда истодаанд. Иҷрошавии ин пешгӯиҳо исбот мекунанд, ки ҳоло мо дар охирзамон зиндагӣ мекунем ва Салтанати Худо ба қарибӣ баракатҳои бешуморро бар дӯстдорони Яҳува хоҳад рехт. Аввалан, биёед чор хусусияти аломатеро, ки мувофиқи гуфтаҳои Исо бояд дар замонаи мо зоҳир бошад, дида бароем.
ХУСУСИЯТҲОИ АСОСИИ ОХИРЗАМОН
6, 7. Суханони дар бораи ҷанг ва қаҳтиҳо гуфтаи Исо чӣ гуна имрӯз иҷро шуда истодаанд?
6 «Қавме бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате қиём хоҳад кард» (Матто 24:7). Таи садсолаи охир миллионҳо одамон дар ҷангҳо кушта шуданд. Таърихшиноси бритониёие навиштааст: “Садаи XX хунинтарин асри таърих аст ... он пур аз ҷангҳои бардавоме буд, ки фақат гоҳ–гоҳ ба муддати кӯтоҳе қатъ мегаштанд”. Дар гузориши пажӯҳишгоҳи “Уорлдуотч” гуфта мешавад: “Шумораи қурбониҳои ҷанг танҳо дар қарни XX назар ба адади талафшудагон дар ҷангҳои 19 садсолаи пешин се маротиба зиёдтар аст”. Аз соли 1914 инҷониб, дар натиҷаи ҷангҳо беш аз 100 миллион одамон фавтиданд. Ҳатто агар дарди дар ҷанг гум кардани танҳо як нафаре аз наздикон бароямон шинос бошад, кулли андӯҳе, ки марги миллионҳо қурбониҳои ҷанг овард, албатта тасаввурнопазир аст.
7 «Дар ҳар ҷо қаҳтиҳо рӯй хоҳад дод» (Матто 24:7). Мувофиқи тадқиқотҳо истеҳсоли маводи хӯрока дар сӣ соли охир бениҳоят афзудааст. Ба ин нигоҳ накарда, гуруснагии одамон давом дорад, зеро онҳо барои харидани хӯрока маблағи кофӣ ё барои киштукор қитъаи замин надоранд. Дар мамлакатҳои тараққикардаистода беш аз миллиард нафар одамон маҷбуранд бо даромади якрӯзае, ки як доллари амрикоӣ ё аз ин ҳам камтар аст, рӯз гузаронанд. Аксарияти онҳо аз нимгуруснагии доимӣ азоб мекашанд. Созмони умуҷаҳонии Нигаҳдории Тандурустӣ қайд мекунад, ки сабаби марги ҳарсолаи беш аз 5 миллион кӯдак асосан нимгуруснагӣ мебошад.
8, 9. Мавҷудияти кадом далелҳо иҷроиши пешгӯиҳои Исоро дар бораи зилзилаю вабоҳо исбот мекунад?
8 «Зилзилаҳои азим ба амал хоҳад омад» (Луқо 21:11). Умури геологии ИМА хабар медиҳад, ки ба ҳисоби миёна ҳар сол 19 зилзилаҳои калону харобиоваре ба мушоҳида мерасанд, ки боиси вайроншавии биноҳо ва ба вуҷуд омадани тарқишҳо дар қишри замин мегарданд. Ва одатан тавоноии зилзилаҳо кофист, ки ҳар сол сабаби пурра валангор шудани биноҳо шавад. Аз маълумотҳои дастрас маълум аст, ки аз соли 1990 дар натиҷаи зилзилаҳо зиёда аз ду миллион одамон нобуд шуданд. Як манбаъ қайд мекунад: “Пешравиҳои ҳозиразамони соҳаи техника шумораи қурбониҳои зилзиларо фақат андаке кам карданду халос”.
9 «Вабоҳо ба амал хоҳад омад» (Луқо 21:11). Қатъи назар аз дастовардҳои илми тиб, инсоният аз бемориҳои кӯҳнаю нав азият мекашад. Дар гузорише гуфта мешавад, ки 20 бемории маълумтарин, аз он ҷумла сил, табларза ва вабо — дар даҳсолаи охир ба таври васеъ паҳн гаштаанд ва ҳатто бо доруву дармон табобат кардани баъзеи онҳо душвортар шуда истодааст. Алъон, қариб 30 адад бемориҳои наве пайдо шудаанд. Бархеи онҳо табобатнашаванда буда, оқибати марговар доранд.
АХЛОҚИ ОДАМОН ДАР ОХИРЗАМОН
10. Кадом хусусиятҳои дар 2 Тимотиюс 3:1–5 пешгӯишуда ба одамони рӯзҳои мо хосанд?
10 Ғайр аз рӯйдодҳои охирзамон Китоби Муқаддас тағйироти ҷамъияти инсониро низ пешгӯӣ кардааст. Павлуси расул ба таври умумӣ тасвир намуд, ки ахлоқи одамон чӣ гуна хоҳад буд. Ба мо гуфта шудааст: «Дар айёми охир [«охирзамон», ТДН] замонҳои сахт фаро хоҳад расид.» (2 Тимотиюс 3:1–5-ро хонед.) Павлус пешгӯӣ кард, ки ахлоқи одамон ин гуна хоҳад буд:
худписанд
зарпараст
беитоат ба падарону модарон
осӣ
номуросо
бепарҳез
бераҳм
айшу ишратро бештар аз Худо дӯст медоранд
намуди зоҳирии диндориро доранд, вале қуввати онро инкор мекунанд
11. Ояти Забур 91:8 оқибати бадкирдоронро чӣ гуна тасвир мекунад?
11 Чунин хусусиятҳоро дар одамони атрофи худ мебинед? Бале, бешубҳа. Зеро дар ҳар ҷои ҷаҳон ҳастанд инсонҳое, ки дорои хислатҳои баданд. Ин нишон медиҳад, ки Худо ба наздикӣ ба амал сар хоҳад кард, чунки Китоби Муқаддас мегӯяд: «Шарирон мисли алаф месабзанд, ва ҳамаи бадкирдорон мешукуфанд, то ки ба таври абадӣ нест шаванд» (Забур 91:8).
САБАБҲО БАРОИ ХУРСАНДӢ МАВҶУДАНД!
12, 13. Чӣ тавр «дониш» дар «замони охир» меафзояд?
12 Охирзамон дар ҳақиқат пур аз ғаму андӯҳ аст, айнан ҳамон тавре ки Китоби Муқаддас нубувват кардааст. Ба ҳар ҳол, дар ин ҷаҳони ноором ходимони Яҳува сабабҳо барои хурсандӣ доранд.
13 «Дониш афзоиш хоҳад ёфт»,— пешгӯӣ кардааст Дониёл–пайғамбар. Кай? — Дар «замони охир» (Дониёл 12:4). Хусусан аз соли 1914 инҷониб, Яҳува ба одамоне, ки хоҳиши самимонаи ба Ӯ хидмат карданро доранд, дар афзудани фаҳмиши Китоби Муқаддас кӯмак менамояд. Барои онҳо ҳақиқати пурарзиш дар бораи номи Худо, ниятҳои Ӯ, қурбонии фидяи Исои Масеҳ, ҳолати мурдагон ва эҳё беш аз пеш равшантар мегардад. Бар замми ин, ходимони Яҳува омӯхтаанд, ки кадом тарзи зиндагӣ муфид асту Худоро ҷалол медиҳад. Ҳамчунин онҳо нақши Салтанати Худоро дарк карданд ва фаҳмиданд, ки чӣ тавр он ҳолати дунёро ба сомон хоҳад овард. Ин дониш онҳоро ба чӣ кор бармеангезад? Ин савол бо пешгӯии дигаре алоқаманд аст, ки ҳоло, дар охирзамон иҷро шуда истодааст.
14. Масоҳати мавъизаи пайғоми Салтанат имрӯз то чӣ андоза васеъ аст ва воизони он киҳоянд?
14 «Ин Инҷили Малакут дар тамоми олам мавъиза хоҳад шуд»,— гуфт Исои Масеҳ ҳангоми пешгӯии «анҷоми тартиботи шарирона». (Матто 24:3, 14-ро хонед.) Сар то сари рӯи замин инҷил ё пайғоми чӣ будану чӣ овардани Салтанати Худо ва чӣ гуна аз баракатҳои он баҳравар метавон шуд,— дар зиёда аз 230 мамлакат ба садҳо забонҳо мавъиза мешавад. Миллионҳо Шоҳидони Яҳува, ки аз ҳамаи халқҳову миллатҳо ва забонҳо мебошанд, барои мавъизаи ин хушхабар боғайрат ҷаҳд менамоянд (Ваҳй 7:9). Шоҳидон бо миллионҳо хоҳишмандон дарсҳои бепули омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронанд. Иҷрошавии ин пешгӯӣ мутаассиркунанда аст, хусусан бо назардошти суханҳои Исо дар бораи таъқиботи масеҳиёни ҳақиқӣ: «ҳама ... ба шумо адоват хоҳанд дошт» — Луқо 21:17.
ШУМО ЧӢ КОР ХОҲЕД КАРД?
15. a) Оё боварӣ доред, ки мо дар охирзамон зиндагӣ дорем ва чаро? б) Мафҳуми «интиҳо» барои онҳое, ки ба Яҳува Худо муқобилат мекунанд чӣ маъно хоҳад дошт? Ба итоаткунандагони Салтанати Худо чӣ?
15 Магар иҷрошавии ин қадар пешгӯиҳои Китоби Муқаддас барои боварӣ ба он ки мо ҳақиқатан дар охирзамон зиндагӣ дорем, далели кофӣ нест? Ҳамин ки Яҳува қатъ гардидани мавъизаро қарор кард, «интиҳо» фаро хоҳад расид (Матто 24:14). Зери калимаи «интиҳо» вақте дар назар аст, ки Худо заминро аз шарорат пок мекунад. Барои нобуд кардани онҳое, ки дидаву дониста ба Худо муқобилият мекунанд, Яҳува Исо ва фариштаҳои дигари тавоноро ба кор хоҳад бурд (2 Таслӯникиён 1:6–9). Шайтону девҳои вай дигар халқҳоро гумроҳ нахоҳанд кард. Баъд аз ин, Салтанати Худо баракатҳоро бар ҳамаи шахсоне, ки ба ҳокимияти адолатманди он итоат менамоянд, хоҳад рехт (Ваҳй 20:1–3; 21:3–5).
16. Кардани кадом корҳо дар охирзамон аз рӯи хирад мебуд?
16 Азбаски охири тартиботи шариронаи Шайтон наздик аст, мо бояд аз худ бипурсем, ки «чӣ кор бояд кард?» Аз рӯи хирад мебуд, ки андӯхтани дониш оиди Яҳува ва талабҳои Ӯро идома диҳед (Юҳанно 17:3). Китоби Муқаддасро бо ҷидду ҷаҳд омӯзед. Одати муошират бо онҳоеро, ки иродаи Яҳуваро ҷӯёянд, дар худ инкишоф диҳед. (Ибриён 10:24, 25-ро хонед.) Яҳуваро ба воситаи омӯхтани Каломаш шиносед ва тағйироти лозимаро дар зиндагии худ ба амал оваред, то аз илтифоти Худо баҳраманд гардед (Яъқуб 4:8).
17. Чаро нобудшавии шарирон барои аксарияти мардум ногаҳонӣ хоҳад буд?
17 Исо пешгӯӣ карда буд, ки аксарияти мардум ба далелҳои дар охирзамон зиндагӣ карданашон беэътиноӣ мекунанд. Анҷоми шарирон якбораву ногаҳон хоҳад омад. Ҳамчун дузд дар шаб, он барои аксарияти мардум ғайриинтизор меояд. (1 Таслӯникиён 5:2-ро хонед.) Исо огоҳ кардааст: «Чӣ тавре ки дар айёми Нӯҳ шуда буд, дар омадани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад шуд: зеро, чӣ тавре ки дар айёми пеш аз тӯфон, то он рӯзе ки Нӯҳ ба киштӣ даромад, мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд ва ба шавҳар мерафтанд, ва чизе намефаҳмиданд, то даме ки тӯфон омада, ҳамаро несту нобуд кард,— омадани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад шуд» (Матто 24:37–39).
18. Кадом огоҳии Исоро ҷиддан ба инобат бояд гирифт?
18 Ба ин гуфтаҳо Исо чунин илова кард: «Пас, бохабар бошед аз худатон, ки мабодо дилҳои шумо аз пурхӯрӣ ва мастӣ ва ғамхӯриҳои зиндагӣ сахт шавад ва он рӯз бар шумо ногаҳон ояд; зеро ки он, монанди доме, бар ҳамаи сокинони тамоми рӯи замин хоҳад омад; пас, ҳама вақт бедор бошед ва дуо гӯед, то ки сазовор бошед аз ҳамаи ин мусибатҳои оянда раҳо шавед ва дар пеши Писари Одам [чун писандидагон] биистед» (Луқо 21:34–36). Суханҳои Исоро ҷиддан қабул бояд кард. Чаро? Зеро онҳое, ки мавриди илтифоти Яҳува Худо ва «Писари Одам» — Исои Масеҳ мегарданд, барои наҷот аз анҷоми тартиботи шариронаи Шайтон ва зиндагӣ дар дунёи нави дилпазире, ки қариб аст, имконият доранд (Юҳанно 3:16; 2 Петрус 3:13).
a Далелҳо ба он ки Микоил номи дигари Исои Масеҳ аст, дар замимаи «Микоили раиси фариштагон кист?» оварда шудаанд.