-
Подшоҳии Худо чист?То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
-
-
ДАРСИ 31
Подшоҳии Худо чист?
Муҳимтарин хабари Китоби Муқаддас дар бораи Подшоҳии Худо мебошад. Яҳува ба воситаи ин Подшоҳӣ нияти аввалаашро иҷро карда, заминро ба биҳишт табдил медиҳад. Аз ин дарс ва ду дарси навбатӣ шумо ба саволҳои зерин ҷавоб меёбед: Подшоҳии Худо чист? Аз куҷо медонем, ки он аллакай роҳбарӣ карда истодааст? Он то ҳол кадом корҳоро ба ҷо овардааст ва дар оянда боз чӣ кор мекунад?
1. Подшоҳии Худо чист ва подшоҳи он кист?
Подшоҳии Худо ин ҳукуматест, ки Яҳува барпо кардааст. Подшоҳи он Исои Масеҳ аст, ки аз осмон роҳбарӣ мекунад (Матто 4:17; Юҳанно 18:36). Дар Китоби Муқаддас дар бораи Исо гуфта шудааст, ки ӯ «абадан Подшоҳ мегардад» (Луқо 1:32, 33). Бале, Исо чун шоҳи Подшоҳии Худо бар одамони рӯйи замин ҳукмронӣ мекунад.
2. Ҳамроҳи Исо боз кӣ роҳбарӣ мекунад?
Исо танҳо худаш роҳбарӣ намекунад. Ҳамроҳи ӯ одамон «аз ҳар қабила, забон, халқ ва миллат... чун подшоҳон бар замин ҳукмронӣ хоҳанд кард» (Ошкорсозӣ 5:9, 10). Шумораи онҳо чанд нафар аст? Аз замонҳои ҳазрати Исо сар карда, миллионҳо одамон пайрави ӯ шуданд. Вале аз байни ҳамаи пайравонаш танҳо 144 000 нафар бо ӯ дар осмон ҳукмронӣ мекунанд. (Ошкорсозӣ 14:1–4-ро хонед.) Пайравони боқимондаи Исо бошанд, чун шаҳрвандони Подшоҳии Худо дар рӯйи замин зиндагӣ мекунанд (Забур 37:29).
3. Подшоҳии Худо аз ҳокимиятҳои ин дунё чӣ бартарӣ дорад?
Ҳарчанд баъзе одамони ҳокимиятдор барои ободии ҷомеа кӯшиш мекунанд, онҳо тамоми ниятҳои некашонро ба ҷо оварда наметавонанд. Инчунин онҳо дар сари қудрат ҳама вақт намемонанд ва ҷойи онҳоро касоне гирифта метавонанд, ки ғами халқро намехӯранд. Вале ҷойи шоҳи Подшоҳии Худо — Исоро, ҳеҷ кас намегирад. Худо Подшоҳие барпо кардааст, ки «ҳеҷ гоҳ барҳам намехӯрад» (Дониёл 2:44). Исо ҳокими тамоми замин мешавад. Ӯ одамонро ҷудо намекунад, балки ба ҳама бо як чашм менигарад. Исо шоҳи дилсӯзу меҳрубон ва адолатпарвар аст. Ӯ одамонро низ таълим медиҳад, ки ба якдигар меҳру муҳаббат дошта бошанд ва бо адлу инсоф рафтор кунанд. (Ишаъё 11:9-ро хонед.)
БЕШТАР ФАҲМЕД
Фаҳмед, ки чаро Подшоҳии Худо аз ҳокимиятҳои ин дунё беҳтар аст.
4. Ҳукумати пурқудрате бар замин роҳбарӣ мекунад
Исои Масеҳ аз роҳбарони ҳар давру замон дида қудрати бештар дорад. Матто 28:18-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Қудрати Исо аз қудрати ҳокимиятдорони ин дунё чӣ фарқ дорад?
Ҳукуматҳои ин дунё тез-тез иваз мешаванд, ғайр аз ин, ҳар як роҳбар танҳо дар як давлат ҳукмронӣ мекунад. Дар бораи Подшоҳии Худо чӣ гуфтан мумкин аст? Дониёл 7:14-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:
Аз байн нарафтани Подшоҳии Худо чӣ хубӣ дорад?
Бар тамоми замин ҳукмронӣ кардани ин Подшоҳӣ чӣ хубӣ дорад?
5. Ҳокимияти одамон бояд аз байн равад
Чаро Подшоҳии Худо ҷойи ҳукуматҳои одамонро мегирад? ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас саволро дида бароед.
Роҳбарии одамон ба чӣ оварда расонд?
Пандгӯ 8:9-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:
Оё шумо лозим мешуморед, ки Подшоҳии Худо ҳукуматҳои одамонро иваз кунад? Чаро шумо чунин мешуморед?
6. Ҳокимони Подшоҳии Худо мо, одамонро, мефаҳманд
Азбаски подшоҳамон Исо дар рӯйи замин чун инсон зиндагӣ карда буд, ӯ «дар сустиҳоямон ба мо ҳамдардӣ» карда метавонад (Ибриён 4:15). Бо Исо 144 000 нафар мардону занони бовафое ҳукмронӣ мекунанд, ки Яҳува онҳоро «аз ҳар қабила, забон, халқ ва миллат» интихоб кардааст (Ошкорсозӣ 5:9).
Чаро шумо дилпур ҳастед, ки Исо ва 144 000 ҳамроҳаш роҳбарони ғамхор мешаванд?
7. Қонунҳои Подшоҳии Худо бемислу монанданд
Ҳукумати давлатҳо барои беҳбудии шаҳрвандон ва муҳофизати онҳо қонунҳо мебарорад. Подшоҳии Худо низ қонунҳо дорад ва шаҳрвандонаш бояд онҳоро риоя кунанд. 1 Қӯринтиён 6:9–11-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:
Ба фикратон, агар ҳар як инсон мувофиқи талабҳои Худо зиндагӣ кунад, ҳаёт чӣ гуна мешавад?a
Оё Яҳува ҳақ дорад, ки аз тобеони Подшоҳияш риоя кардани қонунҳои худро талаб кунад? Чаро шумо чунин фикр мекунед?
Чӣ нишон медиҳад, ки одамоне, ки қонунҳои Худоро риоя намекунанд, метавонанд ислоҳ шаванд? (Нигаред ба ояти 11.)
БАЪЗЕҲО МЕПУРСАНД: «Подшоҳии Худо чист?»
Шумо чӣ ҷавоб медиҳед?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Подшоҳии Худо ҳукуматест, ки ҳақиқатан вуҷуд дорад. Он аз осмон бар тамоми замин ҳукмронӣ мекунад.
Такрор
Ҳокимони Подшоҳии Худо кистанд?
Подшоҳии Худо аз ҳокимиятҳои ин дунё чӣ бартарӣ дорад?
Яҳува аз тобеони Подшоҳияш чӣ талаб дорад?
ДИДА БАРОЕД
Фаҳмед, ки мувофиқи суханони Исо Подшоҳӣ дар куҷост.
Чаро Шоҳидони Яҳува пеш аз ҳама ба Подшоҳии Худо вафодор будан мехоҳанд?
Фаҳмед, ки дар Китоби Муқаддас дар бораи 144 000 нафаре, ки ҳамроҳи Исо ҳукмронӣ мекунанд, чӣ гуфта шудааст.
Чӣ зани зиндониеро бовар бахшид, ки танҳо Худо адлу инсофро дар замин барқарор мекунад?
«Ман фаҳмидам, ки адолат барқарор мешавад» («Бедор шавед!», ноябри с. 2011)
-
-
Подшоҳии Худо ҳукмронӣ карда истодааст!То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
-
-
ДАРСИ 32
Подшоҳии Худо ҳукмронӣ карда истодааст!
Подшоҳии Худо аз соли 1914 дар осмон ҳукмрониро сар кард ва ҳамон сол замони ба охир расидани ҳукмронии одамон низ оғоз ёфт. Мо инро аз куҷо медонем? Биёед фаҳмем, ки аз соли 1914 инҷониб чӣ тавр пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас иҷро шуда истодаанд ва дар вазъияти ҷаҳону рафтори одамон чӣ дигаргунӣ дида мешавад.
1. Дар Китоби Муқаддас чӣ пешгӯйӣ шудааст?
Пайғамбар Дониёл пешгӯйӣ карда буд, ки Подшоҳии Худо ҳукмрониро дар охири давре, ки «ҳафт замон» номида шудааст, сар мекунад (Дониёл 4:16, 17). Асрҳо пас ҳазрати Исо он замонро «даврони халқҳо» номид ва гуфт, ки он ҳоло ба охир нарасидааст (Луқо 21:24). Ҳоло бошад, биёед исботи онро дида бароем, ки «даврони халқҳо», ё «ҳафт замон», соли 1914 ба охир расид.
2. Аз соли 1914 инҷониб вазъи ҷаҳон ва ахлоқи одамон чӣ гуна шудааст?
Боре шогирдони Исо аз ӯ пурсиданд: «Аломати ҳузури ту ва охирзамон чӣ мешавад?» (Матто 24:3). Дар ҷавоб Исо бисёр воқеаҳоеро пешгӯйӣ кард, ки бояд баъди ба тахти подшоҳӣ нишастани ӯ рӯй диҳанд. Баъзе аз ин рӯйдодҳо ҷанг, гушнагӣ ва заминҷунбиҳо мебошанд. (Матто 24:7-ро хонед.) Дар Каломи Худо инчунин пешгӯйӣ шудааст, ки дар «рӯзҳои охир» аз пушти рафтори бади одамон «замонҳои сахт» фаро мерасанд (2 Тимотиюс 3:1–5). Бадтар шудани вазъи ҷаҳон ва ахлоқи одамон аз соли 1914 инҷониб бештар ба назар мерасад.
3. Чаро баъди сар шудани ҳукмронии Исо вазъи ҷаҳон бадтар гашт?
Пас аз он ки Исо подшоҳ шуд, дар осмон бо Шайтону девҳо ҷангид ва онҳоро шикаст дод. Дар Каломи Худо гуфта мешавад, ки Шайтон «бо фариштаҳояш ба замин партофта шуд» (Ошкорсозӣ 12:9, 10, 12). Ӯ хеле дар ғазаб аст, зеро медонад, ки несту нобуд мешавад. Барои ҳамин ӯ ба сари одамизод дарду ғам меорад. Ҷойи тааҷҷуб нест, ки дунё чаппаву роста шуда истодааст. Хушбахтона, Подшоҳии Худо ҳамаи ин мушкилиҳоро бартараф месозад!
БЕШТАР ФАҲМЕД
Далелҳои онро дида бароед, ки Подшоҳии Худо ҳукмрониро маҳз соли 1914 сар кард. Инчунин фаҳмед, ки донистани ин ба ҳаёти мо бояд чӣ тавр таъсир кунад.
4. Пешгӯйиҳо ба соли 1914 ишора мекунанд
Худо дар хоби Набукаднесар, шоҳи Бобил, нишон дод, ки дар оянда чӣ рӯй медиҳад. Ин хоб ва таъбири пайғамбар Дониёл ҳам ба ҳукмронии Набукаднесар ва ҳам ба Подшоҳии Худо дахл дорад. (Дониёл 4:17-ро хонед.)a
Дониёл 4:20–26-ро хонед, сипас ҷадвали расмдорро истифода бурда, ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
А) Набукаднесар чӣ хоб дид? (Нигаред ба оятҳои 20 ва 21.)
Б) Дарахтро бояд чӣ кор мекарданд? (Нигаред ба ояти 23.)
В) Дар охири «ҳафт замон» бояд чӣ рӯй медод? (Нигаред ба ояти 26.)
Дарахте, ки шоҳи Бобил дар хобаш дид, ба Подшоҳии Худо чӣ дахл дорад?
ПЕШГӮЙӢ (Дониёл 4:20–36)
Ҳукмронӣ
А) Дарахти азим
Ҳукмронӣ қатъ шуд
Б) «Ин дарахтро» буред ва бигзор «ҳафт замон бар ӯ бигзарад»
Ҳукмронӣ барқарор шуд
В) «Подшоҳиат ба ту баргардонида мешавад»
Дар иҷрошавии якуми ин пешгӯйӣ:
Г) Дарахт киро тасвир мекард? (Нигаред ба ояти 22.)
Ғ) Чӣ тавр ҳукмронии ӯ қатъ гардид? (Дониёл 4:29–33-ро хонед.)
Д) Дар охири «ҳафт замон» бо Набукаднесар чӣ шуд? (Дониёл 4:34–36-ро хонед.)
ИҶРОШАВИИ ЯКУМ
Ҳукмронӣ
Г) Шоҳи Бобил — Набукаднесар
Ҳукмронӣ қатъ шуд
Ғ) Баъд аз соли 606-и то милод Набукаднесар аз ақл бегона шуда, дар давоми ҳафт сол ҳукмронӣ карда натавонист
Ҳукмронӣ барқарор шуд
Д) Ақли Набукаднесар ба ӯ баргашт ва ҳукмронияш барқарор шуд
Дар иҷрошавии дуюми ин пешгӯйӣ:
Е) Дарахт киро тасвир мекард? (1 Воқеанома 29:23-ро хонед.)
Ё) Чӣ тавр ҳукмронии онҳо қатъ гардид? Мо аз куҷо медонем, ки подшоҳии онҳо дар замони Исо низ барқарор нашуда буд? (Луқо 21:24-ро хонед.)
Ж) Ин ҳукмронӣ кай ва дар куҷо барқарор шуд?
ИҶРОШАВИИ ДУЮМ
Ҳукмронӣ
Е) Шоҳони Исроил, ки сояи роҳбарии Худо буданд
Ҳукмронӣ қатъ шуд
Ё) Ерусалим валангор шуд ва ҳукмронии шоҳони Исроил ба муддати 2520 сол қатъ гардид
Ҳукмронӣ барқарор шуд
Ж) Исо шоҳи Подшоҳии Худо шуд ва дар осмон ҳукмрониро сар кард
Ҳафт замон чӣ қадар давом кард?
Баъзе порчаҳои Китоби Муқаддас барои фаҳмидани дигар порчаҳои он кумак мекунанд. Масалан, дар китоби Ошкорсозӣ гуфта шудааст, ки сею ним замон ба 1260 рӯз баробар аст (Ошкорсозӣ 12:6, 14). Пас, ҳафт замон 2520 рӯз аст. Баъзан дар Китоби Муқаддас як рӯз гуфта, як сол дар назар дошта шудааст (Ҳизқиёл 4:6). Аз ин хулоса кардан дуруст аст, ки ҳафт замони пешгӯйии Дониёл ба 2520 сол баробар аст.
5. Пас аз соли 1914 вазъи дунё тағйир ёфт
Ҳазрати Исо пешгӯйӣ кард, ки баъди подшоҳ шудани ӯ вазъияти ҷаҳон дигар мешавад. Луқо 21:9–11-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:
Кадоме аз ин душвориҳоро шумо аз сар гузарондед ё дар бораашон шунидед?
Павлуси расул рафтору кирдори одамони охирзамонро тасвир кард. 2 Тимотиюс 3:1–5-ро хонед ва ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Кадоми ин хислатҳоро шумо имрӯз дар одамон мебинед?
6. Подшоҳии Худоро дастгирӣ кунед
Матто 24:3, 14-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:
Кадом кори муҳим нишон медиҳад, ки Подшоҳии Худо ҳукмронӣ карда истодааст?
Чӣ тавр шумо дар ин кор иштирок карда метавонед?
Подшоҳии Худо ҳукмронӣ карда истодааст ва рӯзе, ки роҳбарияш тамоми заминро фаро мегирад, наздик аст. Ибриён 10:24, 25-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
«Наздик шудани он рӯзро дида», ҳар яки мо бояд чӣ кор кунем?
БАЪЗЕҲО МЕПУРСАНД: «Чаро Шоҳидони Яҳува ба соли 1914 диққати махсус медиҳанд?»
Шумо чӣ ҷавоб медиҳед?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Пешгӯйиҳои Каломи Худо, тартиби иҷро шудани онҳо ва вазъи ҷаҳон исбот мекунанд, ки Подшоҳии Худо айни замон ҳукм меронад. Мо ба ин боварии комил дорем, аз ин рӯ дар кори паҳн кардани хушхабар ва вохӯриҳои ҷамоат иштирок мекунем.
Такрор
Мувофиқи пешгӯйии Дониёл дар охири ҳафт замон чӣ рӯй дод?
Чӣ шуморо бовар мебахшад, ки Подшоҳии Худо ҳукмрониро соли 1914 сар кард?
Чӣ тавр шумо нишон дода метавонед, ки ба ҳукмронӣ кардани Подшоҳии Худо бовар доред?
ДИДА БАРОЕД
Фаҳмед, ки таърихшиносон ва дигарон дар бораи аз соли 1914 инҷониб дигар шудани вазъи ҷаҳон чӣ мегӯянд.
«Якбора паст рафтани ахлоқ» («Бедор шавед!», апрели с. 2007)
Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр пешгӯйии Матто 24:14 ҳаёти як мардро дигар кард.
«Ман бейсболро аз ҳама чиз бештар дӯст медоштам!» («Бурҷи дидбонӣ» № 3 с. 2017)
Мо аз куҷо медонем, ки пешгӯйии боби 4-уми китоби Дониёл дар бораи Подшоҳии Худост?
«Подшоҳии Худо кай ҳукмрониро сар кард? Қисми 1» («Бурҷи дидбонӣ», 1 октябри с. 2014)
Чаро гуфтан мумкин аст, ки «ҳафт замон» аз боби 4-уми китоби Дониёл соли 1914 ба охир расид?
«Подшоҳии Худо кай ҳукмрониро сар кард? Қисми 2» («Бурҷи дидбонӣ», 1 ноябри с. 2014)
a Ба ду мақолаи охири бахши «Дида бароед»-и ин дарс нигаред.
-
-
Подшоҳии Худо ба наздикӣ чӣ кор мекунад?То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
-
-
ДАРСИ 33
Подшоҳии Худо ба наздикӣ чӣ кор мекунад?
Подшоҳии Худо аллакай ҳукмронӣ карда истодааст. Ба наздикӣ он дар рӯйи замин корҳои бузургро анҷом медиҳад. Биёед баъзе баракатҳои Подшоҳии Худоро дида бароем.
1. Чӣ тавр Подшоҳии Худо сулҳу адолатро дар рӯйи замин барқарор мекунад?
Исо, шоҳи Подшоҳии Худо, бадкорон ва ҳукуматҳои ин дунёро дар ҷанги Ҳармаҷиддӯн нест мекунад (Ошкорсозӣ 16:14, 16). Он вақт пешгӯйии зерини Китоби Муқаддас пурра иҷро мешавад: «Боз андак сабр кун ва бадкор боқӣ намемонад» (Забур 37:10). Ҳамин тавр, зери Подшоҳии Худо дар тамоми рӯйи замин тинҷиву амонӣ ва адолат ҳукмфармо мешавад. (Ишаъё 11:4-ро хонед.)
2. Ҳангоми ҳукмронии Худо ҳаёт дар замин чӣ гуна мешавад?
Зери ҳукмронии Подшоҳии Худо «росткорон соҳиби замин мешаванд ва дар он то абад зиндагӣ мекунанд» (Забур 37:29). Тасаввур кунед, ки шумо дар дунёе зиндагӣ хоҳед кард, ки ҳамаи одамон росткоранд ва Худову якдигарро дӯст медоранд. Ҳеҷ кас касал намешавад ва ҳама одамон то абад зиндагӣ мекунанд.
3. Баъд аз нест кардани бадкорон Подшоҳии Худо чӣ кор мекунад?
Баъди нест кардани бадкорон Исо давоми 1000 сол подшоҳӣ мекунад. Дар он муддат ӯ ва 144 000 ҳамроҳонаш одамонро аз гуноҳ озод карда, ба комилият мерасонанд. Дар охири подшоҳии ҳазорсола замин ба биҳишт табдил меёбад ва одамони ба Яҳува итоаткор дар он хушбахтона зиндагӣ мекунанд. Сипас Исо подшоҳиро ба Падараш Яҳува месупорад. Он вақт номи Яҳува беш аз ҳарвақта «муқаддас» мегардад (Матто 6:9, 10). Ҳамин тавр исбот мешавад, ки Яҳува Ҳокими беҳтаринест, ки ғами одамонро мехӯрад. Сипас Яҳува Шайтон, девҳо ва тарафдорони онҳоро нест мекунад (Ошкорсозӣ 20:7–10). Подшоҳии Худо шароити беҳтаринро муҳайё месозад, ки ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад — он то абад мемонад!
БЕШТАР ФАҲМЕД
Фаҳмед, ки чӣ моро бовар мебахшад, ки Худо ба воситаи Подшоҳиаш ҳама ваъдаҳои худро иҷро мекунад.
4. Подшоҳии Худо ба ҳукуматҳои ин дунё хотима мебахшад
«Одам ба зарари одам ҳукмронӣ мекунад» (Пандгӯ 8:9). Подшоҳии Худо ҳамаи ин зарарро рӯпӯш мекунад ва адлу инсофро пойдор месозад.
Дониёл 2:44 ва 2 Таслӯникиён 1:6–8-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:
Яҳува ва Исои Масеҳ бо ҳукуматҳои ҳозира ва тарафдорони онҳо чӣ кор мекунанд?
Чӣ тавр донише, ки дар бораи Яҳува ва Исо гирифтед, шуморо бовар мебахшад, ки онҳо боинсофона ҳукм меронанд?
5. Исо Шоҳи беҳтарин аст
Исо ба сифати шоҳи Подшоҳии Худо барои беҳбудии одамон бисёр корҳоро ба анҷом мерасонад. ВИДЕОРО тамошо кунед ва фаҳмед, ки Исо барои дастгирӣ кардани одамон ҳам хоҳиш дораду ҳам қудрати худодод.
Вақте Исо дар замин буд, нишон дод, ки Подшоҳии Худо чӣ баракатҳо меорад. Дар ҷадвал баъзеи онҳо номбар шудаанд. Оятҳои овардаро хонед ва гӯед, ки кадоме аз ин баракатҳоро шумо бештар интизоред?
ДАР ЗАМИН ИСО...
АЗ ОСМОН ИСО...
офатҳои табииро пешгирӣ кард (Марқус 4:36–41).
зарареро, ки ба табиат расонда шуд, бартараф мекунад (Ишаъё 35:1, 2).
муъҷизавор ҳазорон одамонро сер кард (Матто 14:17–21).
гуруснагиро аз байн мебарад (Забур 72:16).
беморони зиёдро шифо бахшид (Луқо 18:35–43).
ҳамаро тансиҳату саломат мегардонад (Ишаъё 33:24).
одамонро зинда кард (Луқо 8:49–55).
марг ва дарду ғамро аз байн мебарад (Ошкорсозӣ 21:3, 4).
6. Подшоҳии Худо ба мо ояндаи дурахшон меорад
Яҳува ба воситаи Подшоҳии худ нияти аввалаашро пурра ба ҷо меорад. Он вақт одамон дар биҳишти рӯйи замин абадан зиндагӣ мекунанд. ВИДЕОРО тамошо кунед ва бинед, ки чӣ тавр Яҳува ба воситаи Писараш нияти худро иҷро карда истодааст.
Забур 145:16-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:
Донистани он ки Яҳува дар оянда «ҳар ҷони зиндаро бо чизи дилхоҳаш» сер мекунад, ба шумо чӣ тавр таъсир мекунад?
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Агар ҳама аз як гиребон сар барорад, душвориҳои одамизодро ҳал карда метавонем».
Кадом мушкилиҳоро танҳо Подшоҳии Худо ҳал карда метавонад?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Подшоҳии Худо нияти Яҳуваро иҷро мекунад. Ин Подшоҳӣ тамоми заминро ба биҳишт табдил медиҳад ва одамони хубе, ки Яҳуваро мепарастанд, дар он то абад зиндагӣ мекунанд.
Такрор
Чӣ тавр бо ёрии Подшоҳии Худо номи Яҳува муқаддас мегардад?
Чаро мо бовар дошта метавонем, ки Подшоҳии Худо ваъдаҳои Яҳуваро иҷро мекунад?
Шумо кадом баракати Подшоҳии Худоро бесаброна интизоред?
ДИДА БАРОЕД
Фаҳмед, ки Ҳармаҷиддӯн чӣ маъно дорад.
Дар бораи «азоби азиме», ки Исо гуфт, фаҳмед (Матто 24:21).
Бинед, ки чӣ тавр аҳли оила дар бораи баракатҳои оянда мулоҳиза ронда метавонад.
Мақолаи «Саволҳои зиёде маро ором намегузоштанд»-ро хонда, фаҳмед, ки чӣ тавр марде, ки зидди сиёсати давлаташ буд, ба саволҳояш ҷавоб ёфт.
«Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад» («Бурҷи дидбонӣ», 1 январи с. 2012)
-