Чаро имрӯз Подшоҳии Худоро ҷустан муҳим аст?
Тасаввур кунед, ки тӯфони харобиоваре ба маҳалли шумо наздик шуда истодааст. Аз ҳамаи воситаҳои хабарӣ чунин огоҳӣ садо медиҳад: «МАРДУМ, ЗУДТАР ИН МАҲАЛРО ТАРК КУНЕД! БА ҶОЙИ БЕХАТАРЕ ПАНОҲ ЁБЕД». Шумо дар ин ҳолат чӣ кор мекардед? Албатта, барои худ паноҳгоҳ меҷустед.
Гуфтан мумкин аст, ки ба ҳаёти ҳар яки мо «тӯфон»-и харобиоваре таҳдид мекунад, ки Исо онро «мусибати бузург» номид (Матто 24:21). Мо аз ин воқеа даргурез буда наметавонем. Лекин мо тамоман бе илоҷ нестем ва барои зинда мондан паноҳгоҳ ёфта метавонем. Чӣ хел?
Дар Мавъизаи болои кӯҳ Исои Масеҳ чунин дастурот дод: «Ҳама вақт аввал Подшоҳии Худоро ҷӯед ва он чиро, ки дар назари Худо дуруст аст, ба ҷо оред» (Матто 6:33). Мо инро чӣ тавр карда метавонем?
Аввал Подшоҳии Худоро ҷӯед. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд Подшоҳии Худоро аз ҳамаи дигар чизҳо муҳимтар шуморем. (Матто 6:25, 32, 33). Чаро? Зеро одамон қодир нестанд, ки душвориҳои печ дар печи инсониятро ҳал кунанд. Танҳо Подшоҳии Худо инро карда метавонад.
Он чиро, ки дар назари Худо дуруст аст, ба ҷо оред. Мо бояд бо тамоми қувват кӯшиш кунем, ки мувофиқи қонуну принсипҳои одилонаи Худо зиндагӣ кунем. Барои чӣ? Агар ҳар кас чизеро, ки худаш дуруст мешуморад, кунад, ба сараш бадбахтӣ меорад (Масалҳо 16:25). Аз дигар тараф, агар мо аз рӯйи меъёрҳои Худо зиндагӣ кунем, на танҳо Худоро хурсанд мекунем, балки ба худамон низ фоида мерасонем (Ишаъё 48:17, 18).
Ҳама вақт аввал Подшоҳии Худоро ҷӯед ва он чиро, ки дар назари Худо дуруст аст, ба ҷо оред. Исо огоҳ кард, ки диққати баъзе касонро дигар чизҳо ба худ ҷалб карда метавонад. Масалан, баъзе одамон аз қафои чизу чора медаванд, чунки фикр мекунанд, ки пули зиёд онҳоро муҳофизат мекунад. Баъзеҳо ба ташвишҳои зиндагӣ чунон дода мешаванд, ки барои ҷустани Подшоҳии Худо вақт надоранд (Матто 6:19–21, 25–32).
Лекин Исо ваъда дод, ки онҳое ки Подшоҳии Худоро меҷӯянд, ҳамаи чизҳои зарурии ҳаётро хоҳанд дошт ва дар оянда аз баракатҳои беохир баҳра хоҳанд бурд (Матто 6:33).
Ҳарчанд шогирдони Исо дар асри як пеш аз ҳама Подшоҳии Худоро меҷустанд ва он чиро, ки ба назари Худо дуруст буд, ба амал меоварданд, дар ҳаёти худ тамомшавии ҳамаи дарду азобҳоро надиданд. Лекин онҳо паноҳгоҳи ҳақиқӣ доштанд. Ин чӣ буд?
Аз рӯйи меъёрҳои одилонаи Худо зиндагӣ кардан онҳоро аз мушкилиҳое, ки одамони худобехабар ба сари худ меоварданд, муҳофизат мекард. Онҳо имони қавӣ доштанд, ки Подшоҳии Худо ҳатман меояд. Чунин имон ба онҳо кӯмак мекард, ки ба душвориҳои сахттарин тоб оранд. Инчунин Яҳува ба онҳо «қувваи барзиёд» медод, то истодагарӣ кунанд (2 Қӯринтиён 4:7–9).
ОЁ ШУМО АВВАЛ ПОДШОҲИИ ХУДОРО МЕҶӮЕД?
Масеҳиёни асри як ба амри Исо ҷиддӣ муносибат карда пеш аз ҳама Подшоҳии Худоро меҷустанд; онҳо хушхабарро дар тамоми гӯшаю канори дунёи онвақта паҳн намуданд (Қӯлассиён 1:23). Оё дар рӯзҳои мо низ касе ин корро ба ҷо меорад?
Бале! Шоҳидони Яҳува медонанд, ки ба тамомшавии ин тартибот вақт хеле кам мондааст, барои ҳамин онҳо ҳар кори аз дасташон меомадаро карда супориши зерини Исоро иҷро мекунанд: «Хушхабар дар бораи Подшоҳии Худо дар тамоми дунё эълон карда мешавад, то ҳамаи халқҳо имконияти шунидани онро дошта бошанд ва пас аз ин анҷом фаро хоҳад расид» (Матто 24:14).
Оё шумо хушхабарро қабул мекунед? Мо шуморо даъват мекунем, ки мисли сокинони шаҳри қадимаи Бирия, ки дар асри як зиндагӣ мекарданд, рафтор кунед. Вақте онҳо аз Павлуси расул хушхабарро дар бораи Подшоҳии Худо шуниданд, онро «бо хоҳиши зиёд қабул карданд». Сипас барои боварӣ ҳосил кардан «ҳар рӯз Навиштаҳои Муқаддасро бодиққат меомӯхтанд» ва аз рӯйи дониши гирифтаашон амал мекарданд (Аъмол 17:11, 12).
Шумо низ мисли онҳо амал карда метавонед. Агар аввал Подшоҳии Худоро ҷӯед ва он чиро, ки дар назари Яҳува дуруст аст, ба ҷо оред, ҷони худро имрӯз дар паноҳ нигоҳ медоред ва оянда аз оромиву осудагии бардавом баҳраманд мегардед.