Якшанбе, 30 август
Яҳува ба дилшикастагон наздик аст (Заб. 34:18).
Одамон ба шумо сад бадӣ накунанд, дар ёд доред, ки дар чашми Яҳува азизу қиматбаҳоед. Дар лаҳзаҳои рӯҳафтодагӣ дар ёд доред: Яҳува дар дилатон чизи хуберо дидааст, ки шуморо сӯйи худаш овардааст (Юҳ. 6:44). Ӯ доимо тайёр аст, ки шуморо дастгирӣ кунад, чунки барояш азизу пурарзишед. Вақте дар бораи намунаи Исо фикр мекунем, мо ҳиссиёти Яҳуваро беҳтар мефаҳмем. Ҳангоми хизмати заминияш ӯ бо одамони беқадру назарногир дилсӯзу меҳрубон буд (Мат. 9:9–12). Рӯзе зане, ки аз касалии вазнине азоб мекашид, ба нияти шифо ба либоси Исо даст расонд. Исо бошад, ӯро тасаллӣ бахшид ва барои имонаш таъриф кард (Марқ. 5:25–34). Исо ин сифатҳоро аз Падараш Яҳува ёд гирифта буд (Юҳ. 14:9). Аз ин рӯ дилпур бошед: Яҳува шуморо қадр мекунад ва ҳама хислатҳои некатонро мебинад, аз ҷумла имону муҳаббататонро. w24.10 саҳ. 7, сарх. 4, 5
Душанбе, 31 август
Ашкҳоямро дар машки худ ҷамъ ор (Заб. 56:8).
Тӯли умраш Довуд борҳо аз вазъиятҳои ғамовар ашк рехта буд. Ӯ озору душманиро аз сар гузаронда буд ва ҳатто хиёнати наздиконашро дида буд (1 Подш. 19:10, 11; 2 Подш. 15:10–14, 30). Боре ӯ чунин навишт: «Аз оҳу воҳ хаста шудаам, тамоми шаб бистарамро оғуштаи ашк мегардонам ва болинамро ғарқи гиряҳо месозам» (Заб. 6:6). Ҳарчанд Довуд бо мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мешуд, ӯ дилпур буд, ки Яҳува дӯсташ медорад. Довуд чунин навишт: «Яҳува нолаҳои маро мешунавад» (Заб. 6:8). Суханони ояти имрӯза умқи меҳру дилсӯзии Яҳуваро ошкор месозанд. Довуд Худояш Яҳуваро чунон ғамхору мушфиқ тасвир мекунад, ки гӯё ӯ ашкҳояшро дар зарфе ҷамъ мекунад ё дар китобе менависад. Довуд дилпур буд, ки Яҳува ҳар як ғаму дард, ҳар як оҳашро дидааст ва онро дар ёд дорад. Довуд медонист, ки Падари осмонии дилсӯзаш на фақат аз мушкилияш огоҳ аст, балки аз дарде, ки он бо худ меовард. w24.12 саҳ. 22, сарх. 11, 12
Сешанбе, 1 сентябр
Худро пайваста бисанҷед, ки оё дар имон ҳастед (2 Қӯр. 13:5).
Мақсади мо набояд танҳо ба зинаи баркамолӣ расидан бошад. Мо бояд ҷон канем, ки ҳамеша одами баркамол монем. Барои ҳамин мо набояд худбоварӣ карда, гӯем, ки «акнун бас, ман хело одами пухта шудам» (1 Қӯр. 10:12). Мо бояд «худро пайваста» санҷем, ки инкишоф ёфта истодаем ё не. Павлуси расул дар номааш ба қӯлассиён як бори дигар аҳамияти баркамол монданро қайд кард. Ҳарчанд ин масеҳиён баркамол буданд, Павлус онҳоро огоҳ кард, ки аз доми фикрронии ин ҷаҳон эҳтиёт шаванд (Қӯл. 2:6–10). Эпафрос ҳам, ки ин ҷамоатро нағз мешинохт, тез-тез дуо мегуфт, ки онҳо «баркамолу устувор» монанд (Қӯл. 4:12). Дарс барои мо: ҳам Павлус ва ҳам Эпафрос мефаҳмиданд, ки барои одами пухта мондан шахс бояд худаш ҷон канад ва ёрдами Худоро қабул намояд. Павлусу Эпафрос мехостанд, ки масеҳиёни қӯлассӣ ҳатто дар вақти мушкилиҳо шахсони пухтаву баркамол монанд. w24.04 саҳ. 6, 7, сарх. 16, 17