ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2026)
Баромадан
Даромадан
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Хуш омадед!
Ин онлайн-китобхона барои бо забонҳои гуногун тадқиқ кардани адабиёти Шоҳидони Яҳува мебошад.
Барои гирифтани адабиёт ба сайти jw.org дароед.
  • Имрӯз

Якшанбе, 6 сентябр

Худои мо, Яҳува, ту сазовори ҷалол, иззат ва қудрат ҳастӣ, зеро ту ҳама чизро офаридаӣ (Ошкор. 4:11).

Муҳимтарин сабаби мавъиза кардани мо ин аст, ки мо Яҳува Худо ва номи поки ӯро дӯст медорем. Хизматро мо як роҳи ситоиш кардани Худои азизамон медонем. Мо сад дар сад бо суханони ин суруд розием: Яҳува Худо сазовори он аст, ки хизматгорони содиқаш ӯро ҷалол диҳанд, иззат кунанд ва қудрату қувваташонро фидои ӯ кунанд. Мо бо кадом рафторамон Худоро ҷалол медиҳем ва ҳурмату иззат мекунем? Вақте бо далелҳои боварибахш ба дигарон исбот мекунем, ки Яҳува ҳама чиро офаридааст ва моро ҳаст кардааст. Вақте мо ба қадри имконамон ба Яҳува хизмат мекунем ва дар кори ӯ вақт, қувват ва дороиямонро дареғ намедорем, мо қудратамонро ба ӯ медиҳем (Мат. 6:33; Луқ. 13:24; Қӯл. 3:23). Хулоса, мо дар бораи Худои азизамон гап заданро дӯст медорем. Мо дар бораи номи ӯ ва маънояш бо ҷӯшу хурӯш ба дигарон нақл мекунем. w24.05 саҳ. 17, сарх. 11

Муҳокимаи ҳаррӯзаи Навиштаҳо — 2026

Душанбе, 7 сентябр

[Худо] ба онҳое, ки ӯро аз таҳти дил мекобанд, мукофот медиҳад (Ибр. 11:6).

Яҳува ҳозир ба мо оромию қаноатмандӣ мебахшад, дар оянда бошад, ҳаёти ҷовидониро ато мекунад. Мо ба ӯ умед баста метавонем, зеро Яҳува барои мукофот додани мо ҳам хоҳиш ва ҳам қувват дорад. Агар мо аз Яҳува дилпур бошем, мисли хизматгорони вафодори замони пеш бо парастиши Яҳува банд мешавем. Инро мисоли Тимотиюс, ки дар асри як зиндагӣ мекард, исбот мекунад (Ибр. 6:10–12). Азбаски Тимотиюс ба Худои зинда умед мебаст, фидокору меҳнаткаш буд (1 Тим. 4:10). Павлуси расул ба ӯ маслиҳат дода буд, ки муаллим ва нотиқи беҳтар шавад. Тимотиюс ҳамчунин барои ҳамимононаш, чи хурдону чи бузургон, намунаи хуб гузошт. Ӯ баъзе вазифаҳои душворро ба уҳда дошт, масалан, ӯ бояд касонеро, ки ба маслиҳати ҷиддӣ муҳтоҷ буданд, бо меҳрубонӣ ислоҳ мекард (1 Тим. 4:11–16; 2 Тим. 4:1–5). Тимотиюс дилпур буд, ки Яҳува ҳама чиро мебинад ва ба ӯ мукофот медиҳад (Рум. 2:6, 7). w24.06 саҳ. 22, 23, сарх. 10, 11

Муҳокимаи ҳаррӯзаи Навиштаҳо — 2026

Сешанбе, 8 сентябр

Яҳува ба воситаи ҳамаи пайғамбарон ва пешбинон Исроил ва Яҳудоро огоҳ кард (4 Подш. 17:13).

Яҳува бисёр вақт ба воситаи пайғамбарон халқашро огоҳию насиҳат медод. Масалан, ӯ ба воситаи Ирмиё чунин гуфт: «Баргард, эй Исроили хиёнаткор. . . Ман бо хашм ба ту наменигарам, зеро бовафоям. . . То абад хашмгин намешавам. Фақат ки гуноҳатро тан гир, зеро ту бар зидди Худоят Яҳува баромадаӣ» (Ирм. 3:12, 13). Ба воситаи Юил бошад, Яҳува чунин гуфт: «Бо тамоми дили худ. . . сӯйи ман баргардед» (Юил 2:12, 13). Яҳува ба воситаи Ишаъё гуфт: «Шустушӯ кунед, худро пок гардонед, бадкориҳоятонро аз назарам дур созед, аз бадкирдорӣ даст кашед» (Иш. 1:16–19). Яҳува ба воситаи Ҳизқиёл чунин гуфт: «Магар ман аз марги бадкор хурсанд мешавам?.. Магар ман намехоҳам, ки вай аз роҳи бадаш гашта, зинда монад?.. Ман аз марги касе хурсанд намешавам. . . Пас, аз роҳи бад гашта, зинда бимонед» (Ҳиз. 18:23, 32). Вақте одамон тавба мекунанд, Яҳува хурсанд мешавад, зеро мехоҳад онҳо ҷовидона зиндагӣ кунанд. w24.08 саҳ. 9, сарх. 5, 6

Муҳокимаи ҳаррӯзаи Навиштаҳо — 2026
Хуш омадед!
Ин онлайн-китобхона барои бо забонҳои гуногун тадқиқ кардани адабиёти Шоҳидони Яҳува мебошад.
Барои гирифтани адабиёт ба сайти jw.org дароед.
  • Тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2026 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан