1 Мӯсо
16 Сорай барои шавҳараш Абром фарзанде назода буд,+ вале ӯ канизи мисрие дошт, ки номаш Ҳоҷар+ буд. 2 Рӯзе Сорай ба Абром гуфт: «Ту медонӣ, ки Яҳува маро аз зоидан боздоштааст. Барои ҳамин, илтимос, бо канизи ман ҳамхоб шав. Шояд, ба воситаи вай фарзанддор шавам».+ Абром ба гапи занаш гӯш дод. 3 Даҳ сол пас аз он ки Абром дар замини Канъон зиндагӣ кард, занаш Сорай канизи мисрии худ Ҳоҷарро ба шавҳари худ ба занӣ дод. 4 Абром бо Ҳоҷар ҳамхоб шуд ва вай ҳомила гашт. Вақте ӯ дид, ки ҳомила аст, дигар хонумашро писанд накард.
5 Он гоҳ Сорай ба Абром гуфт: «Дар озор дидани ман ту айбдор ҳастӣ. Ман бо дасти худам канизамро оварда, ба оғӯши ту гузоштам. Аммо ӯ, аз рӯзе ки ҳомила буданашро фаҳмидааст, маро писанд намекунад. Бигзор Яҳува дар миёни ману ту доварӣ кунад». 6 Он гоҳ Абром ба Сорай гуфт: «Ана, канизат дар ихтиёрат аст. Чизе ки дуруст шуморӣ, бо вай бикун». Пас аз ин Сорай Ҳоҷарро паст задан гирифт ва Ҳоҷар аз назди ӯ гурехт.
7 Баъдтар фариштаи Яҳува ӯро дар биёбон, назди чашмае, ки дар роҳи Шур+ аст, ёфт 8 ва ба вай гуфт: «Эй Ҳоҷар, канизи Сорай! Аз куҷо омадӣ ва ба куҷо меравӣ?» Ҳоҷар ҷавоб дод: «Ман аз хонуми худ Сорай гурехта истодаам». 9 Он гоҳ фариштаи Яҳува ба ӯ гуфт: «Назди хонуми худ баргард ва ба итоати ӯ даро». 10 Сипас фариштаи Яҳува ба вай гуфт: «Ман* насли туро хеле зиёд мегардонам ва онро бешумор месозам».+ 11 Фариштаи Яҳува боз гуфт: «Инак, ту ҳомилаӣ ва писаре ба дунё меорӣ. Номи ӯро Исмоил* бимон, чунки Яҳува фиғони туро шунидааст. 12 Ӯ мисли хари ёбоӣ* мегардад. Дасти ӯ бар зидди ҳама мешаваду дасти ҳама бар зидди ӯ ва ӯ дар рӯ ба рӯйи бародаронаш зиндагӣ хоҳад кард*».
13 Баъд Ҳоҷар номи Яҳуваро, ки бо вай гап мезад*, хонда гуфт: «Ту Худои бинанда ҳастӣ».+ Ӯ гуфт: «Наход ман ӯро, ки маро мебинад, дар ин ҷо бо чашмонам дида бошам?» 14 Барои ҳамин он чоҳ Баир-лаҳай-рӯй* номида шуд. (Он дар байни Қодеш ва Борад аст.) 15 Чанде пас Ҳоҷар барои Абром писар ба дунё овард ва Абром писарашро Исмоил ном ниҳод.+ 16 Вақте Ҳоҷар Исмоилро таваллуд кард, Абром 86-сола буд.