1 Мӯсо
49 Яъқуб ҳамаи писаронашро назди худ даъват карда, гуфт: «Ҷамъ шавед, то ба шумо бигӯям, ки дар рӯзҳои охир бо шумо чӣ рӯй медиҳад. 2 Гирд оед, эй писарони Яъқуб, ва ба падари худ Исроил гӯш диҳед.
3 Реубен,+ писари калонии ман,+ тавоноии ман, саршавии насл ва навбари қуввати ман. Ту дар бузургиву қувват бартарӣ доштӣ. 4 Худсарии ту чун обҳои хурӯшон аст, аз ин рӯ бартарӣ намеёбӣ, чунки ба ҷойхоби падарат баромадӣ.+ Он рӯз ту бистари маро нопок кардӣ. Бале, ӯ ба ин кор даст зад!
5 Шимъӯн ва Левӣ бародаронанд.+ Шамшерҳои марговарашон олоти зулму ситам аст.+ 6 Ба маҷлиси онҳо ҳамроҳ нашав, эй ҷонам! Аз ҷамоати онҳо дур бош, эй номусам*, зеро онҳо дар сари қаҳр одам куштанд+ ва барои дилхушии худ рагу пайи буққаҳоро буриданд. 7 Хок бар сари хашмашон, зеро он ваҳшиёна аст, ва лаънат бар ғазабашон, зеро он бераҳмона аст.+ Онҳоро дар Яъқуб парешон кунам ва дар Исроил пароканда созам.+
8 Аммо туро, эй Яҳудо,+ бародаронат ситоиш хоҳанд кард.+ Дасти ту бар гардани душманонат хоҳад буд.+ Фарзандони падарат ба ту таъзим хоҳанд кард.+ 9 Яҳудо шербача аст.+ Писарам аз сари сайдаш бармехезад. Ӯ мисли шер мешинад ва дар замин хоб меравад ва кист, ки ҷуръат карда шерро хезонад? 10 Чӯбдасти подшоҳ аз Яҳудо дур нахоҳад шуд+ ва асои ҳоким аз байни зонуҳои ӯ, то даме ки Шилӯ* биёяд+ ва халқҳо ба ӯ итоат хоҳанд кард*.+ 11 Ӯ хари худро ба дарахти ангур ва харкурраашро* ба ток хоҳад баст ва либосашро дар шароб ва ҷомаашро дар хуни ангур хоҳад шуст. 12 Чашмонаш аз шароб суп-сурханд ва дандонҳояш аз шир сафед.
13 Забулун+ дар канори баҳр, назди бандари киштиҳо, зиндагӣ хоҳад кард+ ва ҳудудаш то ба наздикиҳои Сидӯн тӯл хоҳад кашид.+
14 Иссокор+ маркаби* устухонсахтест, ки ду борхалта дар пушт хобидааст. 15 Ӯ мебинад, ки ҷойи дамгириаш хуб ва сарзаминаш дилписанд аст. Ӯ китфашро хам мекунад, то ба ӯ бор гузоранд, ва тайёр аст чун ғулом хизмат кунад.
16 Дон+ чун яке аз қабилаҳои Исроил халқашро доварӣ хоҳад кард.+ 17 Ӯ мисли морест дар сари роҳ ва мисли афъиест дар канори он, ки пошнаи аспро мегазад ва савори он ба замин меғалтад.+ 18 Ба наҷоти ту умед мебандам, эй Яҳува!
19 Ба Ҷод+ бошад, роҳзанон ҳамла мекунанд, лекин вай ба онҳо ҳамла оварда, аз паяшон сур мекунад.+
20 Ошер+ нони фаровон хоҳад дошт ва хӯроки шоҳона хоҳад дод.+
21 Нафтолӣ+ гавазни бодпоест. Ӯ суханони дилнишин мегӯяд.+
22 Юсуф+ навдаи дарахти сермеваест, ки назди чашма мерӯяд, дарахте, ки шохаҳояшро бар болои девор паҳн мекунад. 23 Тирандозон ӯро ба танг меоварданд ва ба ӯ тир меандохтанд ва ба ӯ душманӣ меварзиданд.+ 24 Вале камони ӯ дар ҷояш монд+ ва дастонаш қуввату чолокиашонро гум накарданд.+ Ин аз тарафи Қодирест, ки мададгори Яъқуб ва чӯпону қалъаи Исроил аст. 25 Ӯ* атои Худои падарат аст ва Худо ба ту ёрӣ медиҳад. Ӯ бо Худои Тавоност* ва Худо ба ту баракати осмону қаъри замин,+ баракати пистонҳо ва батнро хоҳад дод. 26 Баракатҳои падарат аз баракатҳои кӯҳҳои ҷовидонӣ, аз чизҳои дилпазири теппаҳои побарҷо, бузургтар хоҳанд буд.+ Баракатҳо бар сари Юсуф хоҳанд буд*, бар фарқи сари ӯ, ки аз байни бародаронаш интихоб шудааст.+
27 Бинёмин+ мисли гурги даррандаест.+ Саҳаргоҳон ӯ сайдро хоҳад хӯрд ва шомгоҳон ғаниматро тақсим хоҳад кард».+
28 Аз инҳо 12 қабилаи Исроил ба вуҷуд омаданд. Ин буд суханоне, ки падарашон ҳангоми баракат хостан ба онҳо гуфт. Ӯ барои ҳар кадоми онҳо баракати алоҳида хост.+
29 Пас аз ин ӯ онҳоро чунин васият кард: «Ман ба гузаштагони худ мепайвандам*.+ Маро бо падаронам дар ғоре, ки дар замини Афрӯни ҳиттӣ+ воқеъ аст, 30 дар ғоре, ки дар замини Макфело, дар рӯ ба рӯйи Мамре, дар замини Канъон ҷойгир аст, бигӯронед. Ин заминро Иброҳим барои оромгоҳ аз Афрӯни ҳиттӣ харида буд. 31 Дар он ҷо Иброҳим ва занаш Соро,+ Исҳоқ+ ва занаш Ривқо гӯронида шуданд. Дар он ҷо ман Леёро гӯронидам. 32 Замин ва ғореро, ки дар он аст, аз писарони Ҳит харидаанд».+
33 Он гоҳ Яъқуб васияташро тамом кард. Сипас ӯ бар бистари худ дароз кашиду ҷон дод ва ба гузаштагони худ пайваст.+