2 Подшоҳон
16 Вақте ки Довуд аз сари кӯҳ+ каме дуртар рафт, Сибои+ хизматгузори Мефибӯшет+ бо ду хари зинзада, ки бар онҳо 200 нон, 100 кулчаи мавизӣ, 100 кулчаи мевагӣ* ва кӯзаи калони шароб буд, ба пешвози Довуд омад.+ 2 Подшоҳ ба Сибо гуфт: «Ин чизҳоро барои чӣ овардӣ?» Сибо гуфт: «Харон барои савор шудани хонаводаи подшоҳ, нону мева барои хӯрдани одамони шоҳ ва шароб барои нӯшидани касоне, ки дар биёбон бемаҷол шудаанд».+ 3 Подшоҳ пурсид: «Писари* хӯҷаинат дар куҷост?»+ Сибо ба подшоҳ ҷавоб дод: «Вай дар Ерусалим монд, зеро гуфт: “Имрӯз хонадони Исроил подшоҳии падарамро ба ман бармегардонад”».+ 4 Он гоҳ подшоҳ ба Сибо гуфт: «Ҳар он чӣ Мефибӯшет дорад, аз они туст».+ Сибо дар ҷавоб гуфт: «Дар пешат сари таъзим фуруд меорам. Кошки дар назари хоҷаам подшоҳ писанд бошам».+
5 Вақте шоҳ Довуд ба Баҳурим расид, марде аз хонадони Шоул, ки Шимъӣ+ ном дошт ва писари Ҷеро буд, берун омада, раҳораҳ ӯро дашном медод.+ 6 Ӯ ба Довуд ва ҳамаи ходимони подшоҳ, ҳамчунин ба одамони дигар ва ҷанговароне, ки аз тарафи рост ва чапи ӯ буданд, санг мепартофт. 7 Шимъӣ ҳақораткунон мегуфт: «Дафъ шав, дафъ шав, эй одамкуш ва нобакор! 8 Яҳува туро барои рехтани хуни хонадони Шоул, ки ба ҷояш подшоҳ шудӣ, ҷазо дод ва Яҳува подшоҳиро ба дасти писарат Абшолӯм супурд. Ту одамкуш ҳастӣ ва барои ҳамин ба бало гирифтор шудӣ!»+
9 Он гоҳ Абишойи писари Саруё+ ба подшоҳ гуфт: «Ин саги мурда+ кист, ки хоҷаам подшоҳро дашном диҳад?+ Илтимос, иҷозат деҳ, ки рафта, сарашро аз танаш ҷудо кунам».+ 10 Аммо подшоҳ гуфт: «Шумо ба ин чӣ кор доред, эй писарони Саруё?+ Бигзор дашном диҳад,+ зеро Яҳува ба ӯ гуфтааст:+ “Довудро дашном деҳ!” Пас, кӣ метавонад ба ӯ бигӯяд: “Чаро чунин мекунӣ?”» 11 Довуд боз ба Абишой ва тамоми ходимонаш гуфт: «Агар писарам, ки аз худи ман рӯидааст, қасди ҷонамро дошта бошад,+ аз ин бинёминӣ+ чӣ гила?! Монед, ки дашном диҳад, зеро Яҳува ба ӯ чунин фармудааст. 12 Шояд ки, Яҳува азоби маро бинад+ ва Яҳува дар ивази дашномҳое, ки имрӯз мешунавам, ба ман подоши нек диҳад».+ 13 Довуд ва одамонаш роҳи худро давом доданд ва Шимъӣ аз боло, дар кӯҳ, баробари ӯ роҳ рафта, дашном медод+ ва бар ӯ санг мепартофту хоки бисёре мепошид.
14 Ниҳоят подшоҳ ва ҳамроҳонаш хаста шуда ба манзил расиданд ва дар он ҷо дам гирифтанд.
15 Дар ин миён Абшолӯм бо тамоми мардуми Исроил ба Ерусалим омад ва Аҳитӯфал+ низ бо ӯ буд. 16 Вақте Ҳушойи+ аркӣ,+ дӯсти Довуд, ба назди Абшолӯм омад, ба ӯ чунин гуфт: «Зинда бод подшоҳ!+ Зинда бод подшоҳ!» 17 Он гоҳ Абшолӯм ба Ҳушой гуфт: «Магар меҳру вафои ту нисбати дӯстат ҳамин аст? Барои чӣ бо дӯсти худ нарафтӣ?» 18 Ҳушой ба Абшолӯм гуфт: «Ман касеро, ки Яҳува, ин халқ ва тамоми мардуми Исроил интихоб кардааст, тарафдорӣ мекунам ва бо ӯ мемонам. 19 Илова бар ин, ман хизмати киро ба ҷо меорам? Магар хизмати писари ӯро не? Чи тавре ки ба падарат хизмат мекардам, ба ту низ хизмат мекунам».+
20 Пас аз ин Абшолӯм ба Аҳитӯфал гуфт: «Маслиҳат деҳ,+ ки чӣ кор кунем». 21 Аҳитӯфал ба Абшолӯм гуфт: «Бо сурриягони падарат, ки ӯ онҳоро барои нигоҳубини қаср мондааст,+ ҳамхоб шав.+ Он гоҳ тамоми Исроил мефаҳмад, ки ту барои падарат нафратовар шудаӣ, ва тарафдорони ту қавӣ мешаванд». 22 Барои Абшолӯм дар болои бом+ хайма заданд ва Абшолӯм дар пеши назари тамоми Исроил+ бо сурриягони падараш ҳамхоб шуд.+
23 Дар он рӯзҳо маслиҳатҳои Аҳитӯфалро+ чун гуфтаҳои Худо медонистанд*. Ҳам Довуд ва ҳам Абшолӯм ҳар як маслиҳати Аҳитӯфалро чунин меҳисобиданд.