2 Подшоҳон
4 Вақте Ишбӯшети+ писари Шоул шунид, ки Абнир дар Ҳебрӯн+ мурдааст, дилашро тарс фаро гирифт* ва тамоми исроилиён ба изтироб омаданд. 2 Бар дастаҳои писари Шоул, ки тохтутоз мекарданд, ду марде сардор буданд: яке Баано ном дошт ва дигаре — Рекоб. Онҳо бинёминӣ, писарони Риммӯни баирӯтӣ, буданд. (Баирӯт+ низ як қисми Бинёмин ба ҳисоб мерафт. 3 Баирӯтиён ба Ҷиттоим+ гурехта, то ба ин рӯз дар он замин ғариб ҳастанд.)
4 Юнотони+ писари Шоул писаре дошт, ки ба ҳар ду по мелангид.+ Вақте ки аз Изреъил+ хабари марги Шоул ва Юнотон омад, ин писар панҷсола буд. Он вақт дояаш ӯро бардошта, гурехт, вале дар гурезогурез писарак афтида маъюб шуд. Номи ин писар Мефибӯшет+ буд.
5 Рекоб ва Баано, писарони Риммӯни баирӯтӣ, дар вақти гармии рӯз ба хонаи Ишбӯшет, ки ҳангоми пешин дам мегирифт, омаданд. 6 Онҳо бо баҳонаи гирифтани гандум ба хона даромаданд ва ба шиками ӯ зарба заданд. Баъд аз ин Рекоб ва бародараш Баано+ гурехтанд. 7 Вақте ки онҳо ба хонаи Ишбӯшет даромада буданд, ӯ дар хонаи хоби худ бар бистараш дароз кашида буд. Онҳо ӯро зарба зада куштанд ва сарашро аз тан ҷудо карданд. Сипас сари ӯро гирифта, тамоми шаб бо роҳе, ки сӯйи Аробо мебарад, роҳ рафтанд. 8 Онҳо сари Ишбӯшетро+ назди Довуд ба Ҳебрӯн оварданд ва ба подшоҳ гуфтанд: «Ин аст сари Ишбӯшети писари Шоул, ки душманат буд+ ва қасди ҷони туро дошт.+ Имрӯз Яҳува барои хоҷаам подшоҳ аз Шоул ва наслаш қасд гирифт».
9 Вале Довуд ба Рекоб ва бародараш Баано, писарони Риммӯни баирӯтӣ, гуфт: «Ба номи Яҳува, Худои зинда, ки ҷонамро аз тамоми азобҳо раҳо кардааст,+ қасам ки, 10 вақте як кас “мужда меорам” гуфта, хабари марги Шоулро овард,+ ман ӯро дар Сиқлоҷ куштам.+ Ин буд шодиёнае, ки ӯ аз ман гирифт! 11 Пас, наход ман аз бадкороне, ки одами бегуноҳро дар хонааш, дар бистараш, куштанд, қасд нагирам? Наход шуморо барои рехтани хуни ӯ ҷазо надиҳам+ ва ному нишони шуморо аз замин пок насозам?» 12 Баъд аз ин Довуд фармуд, ки онҳоро бикушанд.+ Одамонаш дасту пойи ин ду нафарро бурида, онҳоро назди ҳавзе, ки дар Ҳебрӯн буд, овехтанд.+ Сари Ишбӯшетро бошад, гирифта, дар Ҳебрӯн, дар қабри Абнир, гӯрониданд.