3 Подшоҳон
10 Маликаи Сабо овозаи Сулаймонро, ки ӯ ба шарофати номи Яҳува пайдо карда буд, шунида,+ омад, ки ӯро бо муаммоҳо бисанҷад.+ 2 Ӯ бо шумораи бениҳоят зиёди ходимонаш, ҳамчунин бо равғани хушбӯй+ ва тиллову сангҳои қиматбаҳои беҳад бисёре,+ ки бар шутурон буданд, ба Ерусалим омад. Ӯ назди Сулаймон омада, дар бораи ҳар чӣ дар дилаш буд, гуфтугӯ кард. 3 Сулаймон ҳалли ҳамаи муаммоҳои ӯро ёфт: чизе барои подшоҳ чандон душвор набуд*, ки ӯ ба малика фаҳмонда натавониста бошад.
4 Вақте ки маликаи Сабо тамоми хиради Сулаймон,+ хонаеро, ки вай бино карда буд,+ 5 хӯроки дастархони ӯ,+ ходимонеро, ки дар сари он менишастанд, рафтори пешхизматону сарулибоси онҳо, соқиён ва ҳамчунин қурбониҳои сӯхтаниеро, ки ӯ доимо дар хонаи Яҳува меовард, дид, ҳуш аз сараш парид*. 6 Ӯ ба подшоҳ гуфт: «Овозае, ки ман дар бораи комёбиҳо* ва хиради ту дар замини худ шунида будам, рост баромад. 7 Вале, то даме ки омада, ҳамаи инро бо чашми худ надидам, ба он овозаҳо бовар намекардам. Ҳоло бошад, фаҳмидам, ки ба ман ҳатто нисфашро нагуфта будаанд. Хирад ва ҳашамати ту аз овозаат бештар будааст. 8 Хушбахтанд одамони ту ва хушбахтанд ходимони ту, ки доимо дар пешат истода, хиради туро мешунаванд!+ 9 Худоят Яҳуваро, ки туро хуш карда бар тахти Исроил шинондааст, ҳамду сано бод!+ Муҳаббати Яҳува ба Исроил пойдор аст, зеро ӯ туро подшоҳ кардааст, то аз рӯйи адлу инсоф доварӣ намоӣ».
10 Сипас ӯ ба подшоҳ 120 киккар* тилло, равғани хушбӯйи зиёде+ ва сангҳои қиматбаҳоро тақдим кард.+ Баъд аз ин касе ин қадар равғани хушбӯе, ки маликаи Сабо ба шоҳ Сулаймон тақдим кард, наоварда буд.
11 Киштиҳои Ҳиром, ки аз Ӯфир+ тилло меоварданд, аз он ҷо боз ба миқдори хеле зиёд чӯби сандал+ ва инчунин сангҳои қиматбаҳо оварданд.+ 12 Подшоҳ аз чӯби сандал такягоҳҳои хонаи Яҳува ва қасри шоҳ, ҳамчунин чангу созҳои тории сарояндагонро сохт.+ Ин қадар чӯби сандал то ба ин рӯз оварда ва дида нашудааст.
13 Шоҳ Сулаймон низ ҳар чизеро, ки дили маликаи Сабо кашиду вай хоҳиш кард, ғайр аз он чизҳое, ки шоҳ аз дасткушодӣ ҳадия карда буд, ба малика бидод. Баъд аз ин вай аз назди шоҳ рафта, бо ходимонаш ба сарзамини худ баргашт.+
14 Вазни тиллое, ки ҳар сол ба хазинаи Сулаймон меомад, 666 киккар буд,+ 15 ғайр аз он чӣ аз тоҷирони сайёр, аз даромади савдогарон ва аз ҳамаи подшоҳони Арабистону ҳокимони замин меомад.
16 Шоҳ Сулаймон аз тиллои омехта 200 сипари калон+ (ба ҳар як сипар 600 сиқл* тилло сарф шуд)+ 17 ва 300 сипари хурд сохт (бар ҳар яки ин сипарҳо се мино* тилло сарф шуд). Подшоҳ он сипарҳоро дар хонаи Ҷангали Лубнон+ гузошт.
18 Инчунин подшоҳ аз устухони фил тахти+ боҳашамате сохт ва онро бо зари тоза рӯкаш кард.+ 19 Сӯйи он тахт шаш зинапоя мебурд ва дар паси тахт соябони гирде буд. Ду тарафи тахт дастмонакҳо дошт ва дар бари он дастмонакҳо ду шер+ меистод. 20 Бар шаш зинапоя 12 шер меистод, яктогӣ аз ду тарафи ҳар зинапоя. Тахте мисли он дар ягон мамлакати дигар сохта нашуда буд.
21 Ҳамаи ҷому пиёлаҳои шоҳ Сулаймон аз тилло буд ва ҳамаи ашёи хонаи Ҷангали Лубнон+ аз тиллои тоза буд. Чизе аз нуқра сохта нашуда буд, зеро нуқра дар рӯзҳои Сулаймон қадру қимате надошт.+ 22 Киштиҳои таршишии+ шоҳ бо киштиҳои Ҳиром дар баҳр сафар мекарданд ва дар се сол як бор пур аз тилло, нуқра, устухони фил,+ маймун ва товус меомаданд.
23 Шоҳ Сулаймон аз ҷиҳати сарват+ ва хирад+ аз ҳамаи подшоҳони рӯйи замин бузургтар буд. 24 Тамоми аҳли замин толиби дидори Сулаймон буданд ва хиради ӯро, ки Худо ба дилаш андохта буд,+ шунидан мехостанд. 25 Ҳар яки онҳо бо туҳфаи худ — бо колои нуқра ва тилло, либос, аслиҳа, равғани хушбӯй ва аспу хачирҳо, меомад ва ин сол аз сол давом меёфт.
26 Сулаймон аспу* аробаҳояшро торафт зиёд мекард: ӯ 1400 ароба ва 12 000 асп*+ дошт ва онҳоро дар шаҳрҳои аробаҳо ва дар назди шоҳ, дар Ерусалим, нигоҳ медошт.+
27 Подшоҳ нуқраро дар Ерусалим чун сангҳо ва чӯби сидраро чун тутанҷирҳои Шефило фаровон сохт.+
28 Аспҳои Сулаймонро аз Миср меоварданд ва тоҷирони подшоҳ барои харидани галаи аспон* маблағи муайян медоданд.+ 29 Ҳар як аробае, ки аз Миср мехариданд, 600 сиқл нуқра ва ҳар як асп 150 сиқл нуқра арзиш дошт. Онҳо ҳамчунин аспу аробаҳоро ба ҳамаи шоҳони ҳиттиён+ ва шоҳони Арам* мефурӯхтанд.