3 Подшоҳон
20 Бин-Ҳадади+ подшоҳи Арам*+ тамоми лашкари худро, аз он ҷумла 32 подшоҳи дигарро бо аспҳо ва аробаҳояшон, ҷамъ овард. Сипас ӯ баромада, Сомарияро+ муҳосира+ карду бар зиддаш ҷангид. 2 Ӯ ба шаҳр, ба назди Аҳъоби+ шоҳи Исроил, хабаррасонҳоро фиристода, гуфт: «Бин-Ҳадад чунин мегӯяд: 3 “Нуқраву тиллои ту аз ман аст ва занону писарони беҳтарини ту низ аз мананд”». 4 Подшоҳи Исроил ба ӯ ҷавоб дод: «Бигзор гуфти ту шавад, эй хоҷаам подшоҳ, ман ва ҳар чизе, ки дорам, аз они туст».+
5 Дертар хабаррасонҳо боз омада, гуфтанд: «Бин-Ҳадад чунин мегӯяд: “Ман ба ту чунин хабар фиристода будам: “Нуқра, тилло, занон ва писаронатро ба ман медиҳӣ”. 6 Акнун бошад, мегӯям, ки пагоҳ, қарибиҳои ҳамин вақт, ман ходимонамро ба наздат мефиристам ва онҳо хонаи ту ва хонаи ходимонатро кофтуков мекунанд ва ҳар чизеро, ки дар назарат қадру қимат дорад, гирифта, мебаранд”».
7 Он гоҳ подшоҳи Исроил тамоми пирони кишварашро даъват намуда, гуфт: «Бубинед ва бидонед, ки ин мард қасди баде дорад, чунки ӯ занон, писарон, нуқра ва тиллоямро аз ман талаб кард ва ман “не” нагуфтам». 8 Тамоми пирон ва тамоми халқ ба ӯ гуфтанд: «Ба вай гӯш надеҳ ва розӣ нашав». 9 Ӯ ба хабаррасонҳои Бин-Ҳадад гуфт: «Ба хоҷаам подшоҳ чунин гӯед: “Талаби аввалаатро бандаат ба ҷо хоҳад овард, вале ин талабатро ба ҷо оварда наметавонам”». Хабаррасонҳо рафта, ин ҷавобро расонданд.
10 Бин-Ҳадад ба ӯ чунин хабар фиристод: «Худоён маро ба балоҳо гирифтор кунанд, агар аз хоки Сомария ба ҳар як касе, ки ҳамроҳи ман аст, яккафӣ бирасад!» 11 Подшоҳи Исроил дар ҷавоб гуфт: «Ба вай бигӯед: “Касе, ки ба ҷанг камар мебандад, мисли касе, ки баъди ҷанг камарбандашро мекушояд, лоф назанад”».+ 12 Ҳамин ки подшоҳ, дар ҳоле ки ӯ ва шоҳони дигар дар хаймаҳояшон* шароб менӯшиданд, ин суханонро шунид, ба ходимонаш гуфт: «Ба ҳамла тайёр шавед!» Онҳо тайёр шуданд, ки ба шаҳр ҳамла оранд.
13 Пайғамбаре ба назди Аҳъоби+ шоҳи Исроил омада, гуфт: «Яҳува чунин мегӯяд: “Оё ин мардуми сершуморро мебинӣ? Ман имрӯз онҳоро ба дасти ту месупорам, то бидонӣ, ки ман Яҳува ҳастам”».+ 14 Аҳъоб пурсид: «Ба воситаи кӣ?» Ӯ гуфт: «Яҳува чунин мегӯяд: “Ба воситаи ходимони мирони вилоятҳо”». Шоҳ пурсид: «Кӣ ҷангро сар мекунад?» Ӯ ҷавоб дод: «Ту!»
15 Аҳъоб ходимони мирони вилоятҳоро ҳисоб кард ва онҳо 232 нафар буданд, сипас ҳамаи мардони исроилиро ҳисоб кард ва онҳо 7000 нафар буданд. 16 Исроилиён нисфирӯзӣ, вақте Бин-Ҳадад бо 32 подшоҳи мададрасонаш дар хаймаҳо нӯшида маст буд, берун омаданд. 17 Аввал ходимони мирони вилоятҳо берун омаданд. Бин-Ҳадад дарҳол хабаррасонҳоро фиристод ва онҳо ба ӯ хабар доданд: «Аз Сомария одамон берун омаданд». 18 Он гоҳ Бин-Ҳадад гуфт: «Хоҳ онҳо барои сулҳ берун омада бошанд ва хоҳ барои ҷанг, онҳоро зинда дастгир кунед». 19 Аммо, вақте ки ходимони мирони вилоятҳо ва ҷанговароне, ки аз паси онҳо мерафтанд, аз шаҳр берун омаданд, 20 ҳар яки онҳо рақибашро зарба зад. Арамиён рӯ ба гурез оварданд+ ва исроилиён аз паси онҳо сур карданд. Бин-Ҳадади подшоҳи Арам бошад, савори асп бо якчанд аспсавораш гурехта халос шуд. 21 Подшоҳи Исроил берун омада, аспону аробаҳоро зарба зад ва арамиёнро сахт шикаст дод.
22 Дертар пайғамбар+ ба назди подшоҳи Исроил омада, гуфт: «Бирав ва ба муҳофизати худ тайёр шав ва андеша намо, ки чӣ кор мекунӣ,+ зеро дар аввали соли оянда* подшоҳи Арам бар зидди ту мебарояд».+
23 Ходимони подшоҳи Арам ба ӯ гуфтанд: «Худои онҳо Худои кӯҳҳост, барои ҳамин онҳо аз мо зӯр баромаданд. Вале, агар бо онҳо дар ҳамворӣ ҷанг кунем, аз онҳо зӯр мебароем. 24 Боз чунин бикун: ба ҷойи ҳама подшоҳон+ ҳокимонро гузор. 25 Сипас баробари лашкаре, ки талаф шуд, лашкар ҷамъ кун — шумораи аспу аробаҳои он бояд мисли пештара бошад, ва биё бо онҳо дар ҳамворӣ биҷангем. Он гоҳ мо ҳатман бар онҳо дастболо мешавем». Ӯ ба маслиҳати онҳо гӯш дод ва айнан ҳамин тавр кард.
26 Дар аввали сол* Бин-Ҳадад арамиёнро ҷамъ оварда, ба Афиқ+ равона шуд, то бо Исроил биҷангад. 27 Мардони Исроилро низ ҷамъ оварда, бо озуқа таъмин карданд ва онҳо бар зидди арамиён баромаданд. Мардуми Исроил, ки рӯ ба рӯйи онҳо урду зад, мисли ду рамаи хурди бузон менамуд, арамиён бошанд, тамоми заминро пур карда буданд.+ 28 Он гоҳ марди Худо ба назди подшоҳи Исроил омада, гуфт: «Яҳува чунин мегӯяд: “Азбаски арамиён мегӯянд, ки Яҳува Худои кӯҳҳост, на Худои водиҳо, ман тамоми ин мардуми сершуморро ба дасти ту месупорам+ ва ту ҳатман хоҳӣ донист, ки ман Яҳува ҳастам”».+
29 Онҳо рӯ ба рӯйи ҳамдигар урду зада, ҳафт рӯз истоданд ва рӯзи ҳафтум ҷанг сар шуд. Исроилиён аз арамиён 100 000 сарбози пиёдаро дар як рӯз зарба заданд. 30 Сарбозони боқимонда ба шаҳри Афиқ+ гурехтанд. Аммо девори он бар 27 000 нафаре, ки боқӣ монд, афтид. Бин-Ҳадад низ гурехта, ба шаҳр даромад ва дар ҳуҷраи дарунии хонае пинҳон шуд.
31 Ходимонаш ба ӯ гуфтанд: «Мо шунида будем, ки подшоҳони хонадони Исроил раҳмдиланд. Илтимос, иҷозат деҳ, ки палос* ба камар ва арғамчин ба сар баста, ба назди подшоҳи Исроил биравем. Шояд, ӯ ба ҷони ту раҳм кунад».+ 32 Онҳо палос бар камар ва арғамчин бар сар назди подшоҳи Исроил омаданд ва гуфтанд: «Бандаат Бин-Ҳадад чунин мегӯяд: “Илтимос, ба ҷони ман раҳм кун”». Аҳъоб гуфт: «Оё ӯ зинда аст? Ӯ бародари ман аст». 33 Одамон инро фоли нек донистанд ва дарҳол аз гапи ӯ дилпур шуда гуфтанд: «Ҳа, Бин-Ҳадад бародари туст». Он гоҳ вай гуфт: «Рафта, ӯро биёред». Вақте ки Бин-Ҳадад берун омад, Аҳъоб ӯро ба аробааш савор кард.
34 Бин-Ҳадад ба ӯ гуфт: «Шаҳрҳоеро, ки падарам аз падарат гирифта буд, ба ту бармегардонам ва, чуноне ки падарам дар Сомария бозорҳо дошт, ту низ метавонӣ дар Димишқ бозорҳо кушоӣ*».
Аҳъоб дар ҷавоб гуфт: «Бо ҳамин шарт ман туро сар медиҳам».
Ҳамин тавр Аҳъоб бо вай аҳд баст ва ӯро ҷавоб дод.
35 Яке аз писарони пайғамбарон*+ бо амри Яҳува ба ҳамроҳи худ гуфт: «Илтимос, маро бизан». Вале он мард ӯро задан нахост. 36 Он гоҳ ӯ гуфт: «Азбаски ба овози Яҳува гӯш надодӣ, ҳамин ки аз пеши ман биравӣ, шере туро мекушад». Ҳангоме ки вай рафт, шере аз пешаш баромада, ӯро кушт.
37 Ӯ каси дигареро ёфта, гуфт: «Илтимос, маро бизан», ва он мард вайро зада захмдор кард.
38 Сипас он пайғамбар рафта, дар сари роҳ подшоҳро интизор шуд ва, барои он ки ӯро нашиносад, бар чашмонаш латта баст. 39 Вақте подшоҳ аз пешаш мегузашт, ӯ сӯяш фарёд зада гуфт: «Бандаат дар ҷойи ҳарбу зарб буд ки, марде аз майдони ҷанг берун мерафт. Ӯ ба ман бандиеро супорида, гуфт: “Ин одамро посбонӣ кун. Агар ӯ гум шавад, дар ивази ҷони ӯ ё ҷони худ,+ ё як киккар* нуқра хоҳӣ дод”. 40 Лекин, вақте ки бандаат бо ину он андармон буд, он бандӣ гурехт». Подшоҳи Исроил ба вай гуфт: «Сазои ту ҳамин аст, ту худат ҳукматро баровардӣ». 41 Ӯ дарҳол латтаро аз чашмонаш гирифт ва шоҳи Исроил дид, ки ӯ яке аз пайғамбарон аст.+ 42 Ӯ ба шоҳ гуфт: «Яҳува чунин мегӯяд: “Азбаски ту касеро, ки ман ба марг маҳкум намудам, аз дастат раҳо кардӣ,+ ҷони ту дар ивази ҷони ӯ+ ва халқи ту дар ивази халқи ӯ хоҳад буд”».+ 43 Пас аз ин шоҳи Исроил бо табъи хира ва ғамгин ба хонаи худ, ба Сомария,+ рафт.