1 Воқеанома
12 Инҳоянд мардоне, ки, вақте Довуд аз дасти Шоули+ писари Қиш гуреза шуд, ба назди ӯ, ба Сиқлоҷ,+ омаданд. Онҳо дар қатори паҳлавононе буданд, ки ӯро дар ҷанг дастгирӣ мекарданд.+ 2 Онҳо ҷанговарони камонбадаст буданд ва метавонистанд ҳам бо дасти рост ва ҳам бо дасти чап+ санг андозанду+ тир зананд. Онҳо бародарони Шоул, аз қабилаи Бинёмин,+ буданд. 3 Сардори онҳо Аҳиозар буд ва баъд аз ӯ Юош — ҳар ду писарони Шамоаи ҷибъотӣ.+ Боқимондагон инҳо буданд: Язиил ва Фолат — писарони Азмавт,+ Бароко, Еҳуи анотӯтӣ, 4 Ишмаъёи ҷибъӯнӣ,+ ки яке аз сӣ паҳлавон буда, сардори онҳо буд,+ Ирмиё, Яҳазиил, Юҳонон, Юзободи ҷадиротӣ, 5 Элъузай, Еримӯт, Баалё, Шамарёҳу, Шафатёҳуи ҳорифӣ, 6 Элқоно, Ишиё, Азаръил, Юозар ва Ёшобъоми қӯраҳӣ,+ 7 Юило ва Забадёи писарони Ерӯҳоми ҷадурӣ.
8 Баъзе ҷодиён ба тарафи Довуд, сӯйи паноҳгоҳе, ки дар биёбон буд, гузаштанд.+ Онҳо ҷанговари пурзӯр ва сарбози таълимёфтае буданд, ки ҳамеша бо сипари калону найза ба ҷанг тайёр буданд. Рӯйи онҳо мисли рӯйи шер буд ва худашон мисли ғизоли кӯҳӣ тезпо буданд. 9 Эсар сардори онҳо, Убадё дуюм, Элиоб сеюм, 10 Мишманно чорум, Ирмиё панҷум, 11 Аттой шашум, Алиил ҳафтум, 12 Юҳонон ҳаштум, Элзобод нуҳум, 13 Ирмиё даҳум ва Макбаннай ёздаҳум буд. 14 Ин ҷодиён+ сарони лашкар буданд. Хурдтарини инҳо ба 100 нафар ва бузургтаринашон ба 1000 нафар баробар буд.+ 15 Онҳо дар моҳи якум, вақте Урдун аз соҳилҳояш баромада буд, ба он тарафи дарё гузаштанд ва ҳамаи сокинони водиҳоро ба тарафи шарқ ва ғарб пеш карданд.
16 Баъзе аз мардони Бинёмин ва Яҳудо низ ба назди Довуд, ба паноҳгоҳи ӯ, омаданд.+ 17 Довуд ба назди онҳо баромада, гуфт: «Агар шумо бо нияти нек, барои ёрӣ додан, омада бошед, дили ман бо шумо хоҳад буд. Вале, агар барои он омада бошед, ки маро ба дасти душманонам супоред, ҳол он ки гуноҳе накардаам, бигзор Худои бобоёнамон инро бубинад ва доварӣ кунад».+ 18 Он гоҳ рӯҳи Худо Амосайро, ки сардори сӣ нафар буд, фаро гирифт+ ва ӯ гуфт:
«Мо аз туем, эй Довуд, ва бо туем, эй писари Исой!+
Осоиштагӣ, осоиштагӣ бо туву ёронат бод,
Зеро Худо мададгори туст».+
Довуд онҳоро қабул карда, сарони лашкар таъйин намуд.
19 Вақте Довуд бо фалиштиён омад, то бо Шоул биҷангад, аз қабилаи Менашше низ баъзеҳо ба тарафи ӯ гузаштанд, аммо ӯ ба фалиштиён ёрӣ надод, зеро мирони фалиштӣ+ баъди маслиҳат кардан ӯро ақиб фиристода гуфтанд: «Ӯ ба тарафи хоҷааш Шоул мегузарад, он гоҳ сари мо аз тан ҷудо мешавад».+ 20 Вақте Довуд ба Сиқлоҷ+ рафт, аз қабилаи Менашше инҳо ба тарафи ӯ гузаштанд: Адно, Юзобод, Едиаил, Микоил, Юзобод, Элиҳу ва Силтай, ки мириҳазорони Менашше+ буданд. 21 Онҳо Довудро дар мубориза бо дастаи ғоратгарон дастгирӣ карданд, зеро ҳамаашон мардони пурзӯру далер буданд,+ ва баъд сарони лашкар гардиданд. 22 Рӯз аз рӯз мардум барои дастгирии Довуд меомад,+ то даме ки урдуи ӯ мисли урдуи Худо бузург гашт.+
23 Ин аст шумораи ҷанговарони яроқдор, ки ба назди Довуд, ба Ҳебрӯн,+ омаданд, то бо амри Яҳува Довудро ба ҷойи Шоул подшоҳ кунанд:+ 24 аз мардуми Яҳудо, ки дар даст сипари калон ва найза доштанд,— 6800 ҷанговари яроқдор, 25 аз шимъӯниён — 7100 ҷанговари пурзӯру далер.
26 Аз левизодагон 4600 нафар омад. 27 Сардори писарони Ҳорун+ Еҳуёдоъ+ буд ва 3700 нафар ӯро ҳамроҳӣ мекарданд. 28 Дар байни онҳо Содӯқ,+ ҷавони пурзӯру далер, ва 22 сардор аз хонадони падари ӯ буд.
29 Аз бинёминиён, бародарони Шоул,+ 3000 нафар омад, ки қисми зиёдашон пештар хонадони Шоулро содиқона дастгирӣ мекарданд, 30 аз эфроимиён — 20 800 марди пурзӯру далере, ки дар хонадони падарашон номдор буданд.
31 Аз нисфи қабилаи Менашше 18 000 нафар ном ба ном интихоб шуда буданд, ки омада, Довудро подшоҳ кунанд, 32 аз қабилаи Иссокор — 200 сардор, ки замонашинос буданд ва медонистанд, ки Исроил чӣ кор кунад, ва ҳамчунин тамоми бародаронашон, ки зердасти онҳо буданд, 33 аз Забулун — 50 000 нафар, ки ҳар навъ яроқ доштанд ва саф баста ҷангида метавонистанд. Онҳо ба Довуд ҳамроҳ шуда, пурра ба ӯ содиқ буданд*. 34 Аз Нафтолӣ 1000 сардор ва ҳамроҳашон 37 000 нафар бо сипари калон ва найза омад, 35 аз дониён — 28 600 нафар, ки барои ҷанг саф мебастанд, 36 аз Ошер — 40 000 нафар, ки метавонистанд саф баста, дар ҷанг иштирок кунанд.
37 Аз он тарафи Урдун,+ аз реубениён, ҷодиён ва нисфи қабилаи Менашше, 120 000 ҷанговар бо ҳар навъ аслиҳа омад. 38 Ҳамаи инҳо мардони ҷангие буданд, ки як лашкарро ташкил медоданд. Онҳо бо азми қавӣ ба Ҳебрӯн омаданд, то Довудро бар тамоми Исроил подшоҳ кунанд ва тамоми исроилиёни дигар низ якдилона мехостанд Довудро подшоҳ кунанд.+ 39 Онҳо се рӯз дар он ҷо бо Довуд монданд ва он чиро, ки бародаронашон тайёр карда буданд, хӯрданду нӯшиданд. 40 Ҳамчунин аз гирду атроф ва ҳатто аз Иссокор, Забулун ва Нафтолӣ бар харон, шутурон, хачирон ва говон орд, кулчаҳои анҷир ва мавизӣ, шароб ва равғани зиёд, ҳамчунин говону гӯсфандони бисёреро меоварданд, зеро дар Исроил шодиву хурсандӣ буд.