1 Воқеанома
26 Гурӯҳҳои дарбонон+ чунин буданд: аз қӯраҳиён — Машоламёҳуи+ писари Қӯрӣ, яке аз писарони Осаф. 2 Писарони Машоламёҳу инҳо буданд: калонияш — Закарё, дуюмаш — Едиаил, сеюмаш — Забадё, чорумаш — Ятниил, 3 панҷумаш — Элом, шашумаш — Еҳуҳонон ва ҳафтумаш — Элёҳуинай. 4 Писарони Убайд-Адӯм инҳо буданд: калонияш — Шамаъёҳу, дуюмаш — Юзобод, сеюмаш — Юоҳ, чорумаш — Сокор, панҷумаш — Натанъил, 5 шашумаш — Аммиил, ҳафтумаш — Иссокор ва ҳаштумаш — Фауллотӣ, зеро Худо Убайд-Адӯмро баракат дода буд.
6 Писараш Шамаъёҳу соҳиби писарон буд, ки аз сабаби пурзӯру кордон буданашон сарвари хонаводаҳо буданд. 7 Писарони Шамаъёҳу Отнӣ, Рафоил, Убайд ва Элзобод буданд ва бародаронаш — Элиҳу ва Самакёҳу, низ мардони кордон буданд. 8 Ҳамаи инҳо писарони Убайд-Адӯм буданд. Онҳо ва писарону бародаронашон мардони кордони барои хизмат мувофиқ буданд. Онҳо, 62 нафар, аз оилаи Убайд-Адӯм буданд. 9 Машоламёҳу+ 18 писару бародари кордон дошт. 10 Ҳусо, ки аз писарони Марорӣ буд, соҳиби писарон буд. Шимрӣ сардор буд ва, ҳарчанд писари калонӣ набуд, падараш ӯро сардор таъйин кард, 11 Ҳилқиёҳу дуюм буд, Табалёҳу — сеюм ва Закарё — чорум. Ҳамаи писарону бародарони Ҳусо 13 нафар буданд.
12 Дар ин гурӯҳҳои дарбонон сарварон дар баробари дигар мардони хонаводаашон барои дар хонаи Яҳува хизмат кардан вазифаҳо доштанд. 13 Аз ин рӯ онҳо байни хонаводаҳо, ҳам хурду ҳам калон, барои ҳар дарвоза қуръа+ партофтанд. 14 Тарафи шарқӣ ба Шаламёҳу расид. Вақте барои писараш Закарё, ки маслиҳатгари бохирад буд, қуръа партофтанд, ба ӯ тарафи шимолӣ расид. 15 Ба Убайд-Адӯм тарафи ҷанубӣ расид ва ба писаронаш+ анборҳоро супурданд. 16 Ба Шуфим ва Ҳусо+ тарафи ғарбӣ расид: онҳо бояд дар назди дарвозаи Шаллокати назди роҳе, ки боло меравад, меистоданд ва як гурӯҳи посбонон бояд пеши гурӯҳи дигари посбонон ҷойгир мешуд. 17 Дар шарқ шаш левизода, дар шимол ҳар рӯз чор левизода, дар ҷануб ҳар рӯз чор левизода ва дар назди анборҳо+ ду посбон дар пеши ду посбони дигар меистод. 18 Аз тарафи айвоне, ки дар ғарб буд, дар назди роҳ+ чор нафар ва дар назди айвон ду нафар меистод. 19 Чунин буданд гурӯҳҳои дарбононе, ки аз писарони Қӯраҳ ва Марорӣ буданд.
20 Аз миёни левизодагон Аҳиё ба ганҷинаҳои хонаи Худо ва ганҷинаҳои чизҳое, ки ба Худо бахшида шуда буданд*,+ ҷавобгар буд. 21 Аз писарони Лаъдон, яъне аз писарони Ҷершӯн аз насли Лаъдон, яке аз сарварони хонаводаҳои Лаъдони ҷершӯнӣ Яҳиилӣ+ буд 22 ва писарони Яҳиилӣ Зитом ва бародараш Юил буданд. Онҳо ба ганҷинаҳои хонаи Яҳува+ ҷавобгар буданд. 23 Аз имрониён, исҳориён, ҳебрӯниён ва узиилиён+ 24 Шабуили писари Ҷершӯни писари Мӯсо сардори анборҳо буд. 25 Бародарони ӯ, аз авлоди Элиезер,+ Раҳабёҳу,+ писараш Ишаъё, писараш Юром, писараш Зикрӣ ва писараш Шалӯмит буданд. 26 Ин Шалӯмит ва бародаронаш ба тамоми ганҷинаҳои чизҳое, ки шоҳ Довуд,+ сарварони хонаводаҳо,+ мириҳазорҳо, мирисадҳо ва сарони лашкар ба Худо бахшида буданд*,+ ҷавобгар буданд, 27 яъне ба қисми ғанимате,+ ки онҳо дар ҷангҳо+ ба даст меоварданд ва барои нигоҳубини хонаи Яҳува мебахшиданд, 28 ҳамчунин ба ҳамаи чизҳое, ки Самуили ғайбдон,+ Шоули писари Қиш, Абнири+ писари Нир, Юоби+ писари Саруё+ ба Худо бахшида буданд. Ҳар он чизе, ки ба Худо мебахшиданд, ба дасти Шелӯмиту бародаронаш супурда мешуд.
29 Аз исҳориён+ Кананёҳу ва писаронаш бар корҳои берунӣ таъйин шуда, сардорону доварони+ Исроил буданд.
30 Аз ҳебрӯниён+ Ҳашабё ва бародаронаш, 1700 марди кордон, барои дар Исроил, дар минтақаи ғарбии Урдун, назорат кардани тамоми корҳои Яҳува ва хизмати подшоҳ таъйин шуда буданд. 31 Дар авлоди ҳебрӯниён Ериё+ сарвари хонаводаҳои ҳебрӯниён буд. Дар соли 40-уми ҳукмронии Довуд+ дар байни ҳебрӯниён одамони пурзӯру кордонро ҷустанд ва чунин касонро дар Яъзири+ Ҷилъод ёфтанд. 32 Бародарони ӯ 2700 марди кордон, сарварони хонаводаҳо, буданд. Шоҳ Довуд онҳоро бар реубениён, ҷодиён ва нисфи қабилаи Менашше таъйин кард, то тамоми корҳои Худо ва корҳои подшоҳро назорат кунанд.