2 Воқеанома
13 Дар соли 18-уми шоҳ Ёробъом Абиё подшоҳи Яҳудо шуд.+ 2 Ӯ дар Ерусалим се сол ҳукмронӣ кард. Модари ӯ Микойҳуи+ духтари Уриили ҷибъоӣ+ буд. Дар байни Абиё ва Ёробъом ҷанг буд.+
3 Абиё бо 400 000 ҷанговари яккачини* пурзӯр ба ҷанг баромад.+ Ёробъом бошад, бо 800 000 ҷанговари яккачини* пурзӯр бар зидди ӯ саф кашид. 4 Абиё бар кӯҳи Самораим, ки дар кӯҳистони Эфроим аст, истода, гуфт: «Маро бишнавед, эй Ёробъом ва тамоми Исроил! 5 Магар намедонед, ки Яҳува, Худои Исроил, бо аҳди намак*+ подшоҳии Исроилро то абад ба Довуд ва писаронаш+ додааст?+ 6 Вале Ёробъоми+ писари Набот, ки хизматгузори Сулаймони писари Довуд буд, бархеста, бар зидди хоҷаи худ исён бардошт.+ 7 Ба ӯ одамони беҳудагарди нобакор ҳамроҳ шуданд ва аз Раҳабъоми писари Сулаймон, ки он вақт ҷавону беҷуръат буд, зӯр баромаданд ва ӯ дар пеши онҳо истодагӣ карда натавонист.
8 Ҳоло шумо гумон мекунед, ки дар пеши подшоҳии Яҳува, ки дар дасти писарони Довуд аст, истодагӣ карда метавонед, зеро сершуморед ва гӯсолаҳои тиллоие доред, ки Ёробъом барои шумо худо кардааст.+ 9 Магар шумо коҳинони Яҳува, писарони Ҳорун, ва левизодагонро пеш карда,+ мисли халқҳои заминҳои дигар коҳинони худро таъйин накардаед?+ Ҳар кӣ буққаи ҷавон* ва ҳафт қӯчқор меовард*, барои онҳое, ки худо нестанд, коҳин шуда метавонист. 10 Худои мо бошад, Яҳува аст+ ва мо ӯро тарк накардаем, коҳинони мо, писарони Ҳорун, ба Яҳува хизмат мекунанд ва левизодагон дар ин кор ба онҳо ёрӣ медиҳанд. 11 Онҳо ҳар саҳару бегоҳ ба Яҳува қурбониҳои сӯхтанӣ оварда дуд мебароранд+ ва бухури хушбӯй месӯзонанд,+ ҳамчунин бар мизе, ки аз зари тоза аст, нони чида* мегузоранд+ ва ҳар бегоҳ чароғҳои чароғпояи тиллоиро+ дармегиронанд,+ зеро мо вазифаи худро дар пеши Худоямон Яҳува ба ҷо меорем, шумо бошед, ӯро тарк кардаед. 12 Инак, Худо бо мост ва моро роҳнамоӣ мекунад, коҳинони ӯ бо карнайҳо бар зидди шумо бонги ҷанг мезананд. Эй мардони Исроил, бо Яҳува, Худои бобоёнатон, наҷангед, зеро дар ин кор комёб намешавед».+
13 Вале Ёробъом дар ақиби онҳо камин гузошт, ба тавре ки лашкараш аз пеши Яҳудо ва каминваронаш аз ақиби онҳо буданд. 14 Мардони Яҳудо ба ақиб нигариста, диданд, ки бояд ҳам аз пеш биҷанганд ва ҳам аз қафо. Он вақт онҳо сӯйи Яҳува фарёд заданд,+ коҳинон бошанд, баланд-баланд карнай навохтанд. 15 Мардони Яҳудо наъра заданд ва, вақте чунин карданд, Худо Ёробъом ва тамоми Исроилро дар пеши Абиё ва Яҳудо шикаст дод. 16 Исроилиён аз пеши Яҳудо гурехтанд ва Худо онҳоро ба дасти Яҳудо супурд. 17 Абиё ва одамонаш онҳоро зарба зада, бисёриҳоро куштанд, ба тавре ки аз Исроил 500 000 марди яккачин* кушта шуд. 18 Он вақт мардони Исроил сархам шуданду мардони Яҳудо зӯр баромаданд, зеро ба Яҳува, Худои бобоёнашон, таваккал карданд.+ 19 Абиё аз паси Ёробъом сур карда, шаҳрҳои Байт-Ил,+ Ешоно ва Эфрайинро+ бо шаҳракҳои тобеашон* аз ӯ гирифт. 20 Ёробъом дар айёми Абиё дигар пурқувват нашуд ва Яҳува ӯро зарба заду ӯ мурд.+
21 Аммо Абиё пурзӯр мегашт. Ӯ 14 зан гирифт+ ва соҳиби 22 писару 16 духтар шуд. 22 Воқеаҳои дигари ҳаёти Абиё, рафтору гуфтори ӯ, дар навиштаҳои* Иддӯи пайғамбар оварда шудааст.+