2 Воқеанома
19 Сипас Еҳушофоти шоҳи Яҳудо сиҳату саломат ба Ерусалим, ба қасри худ, баргашт.+ 2 Еҳуи+ писари Ҳанонии+ пешбин ба пешвози шоҳ Еҳушофот баромада, ба ӯ гуфт: «Наход ту ба бадкор ёрӣ диҳӣ+ ва бадбинони Яҳуваро дӯст дорӣ?+ Барои ин корат Яҳува аз ту хашмгин шудааст. 3 Вале дар ту чизи хуб ҳам ёфт шудааст,+ чунки ту ин сарзаминро аз Ашераҳо* пок кардаӣ ва дар дили худ азм намудаӣ, ки Худоро ҷӯё бошӣ».+
4 Еҳушофот дар Ерусалим мезист ва бори дигар аз Баир-Шобаъ то кӯҳистони Эфроим+ сафар намуда, мардумро сӯйи Худои бобоёнашон, Яҳува, даъват кард.+ 5 Ӯ ҳамчунин дар саросари кишвар, дар ҳар як шаҳри ҳисордори Яҳудо, доваронро таъйин кард.+ 6 Ӯ ба доварон гуфт: «Ба корҳои худ диққат диҳед, чунки шумо на барои одам, балки барои Яҳува доварӣ мекунед+ ва, ҳангоме ки ҳукм мебароред, бидонед, ки ӯ бо шумост. 7 Пас, аз Яҳува битарсед.+ Эҳтиёткорона амал кунед, чунки Худоямон Яҳува тоқати беинсофӣ,+ рӯйбинӣ+ ва порахӯриро+ надорад».
8 Еҳушофот дар Ерусалим низ баъзе левизодагон, коҳинон ва сарварони хонаводаҳои Исроилро довар гузошт, то барои Яҳува доварӣ кунанд ва даъвои сокинони Ерусалимро ҳал намоянд.+ 9 Ӯ ба онҳо амр дода гуфт: «Шумо бояд аз Яҳува тарсида, бо вафодориву дили пурра* чунин амал кунед: 10 ҳар гоҳе бародарони шумо, ки дар шаҳрҳояшон мебошанд, бо даъвое дар бораи хунрезӣ+ ё саволе оид ба шариат, амр, дастур ё ҳукмҳо назди шумо оянд, онҳоро огоҳ намоед, ки дар пеши Яҳува гунаҳгор нашаванд ва ӯ аз шумо ва бародаронатон ба хашм наояд. Чунин амал намоед ва гунаҳгор нашавед. 11 Амарёи саркоҳин дар ҳар коре, ки ба хизмати Яҳува дахл дорад, бар шумо сарварӣ мекунад.+ Дар хонадони Яҳудо Забадёи писари Исмоил корҳои додгоҳиро назорат мекунад ва левизодагон ба шумо ёрӣ медиҳанд. Далер бошеду амал намоед ва бигзор Яҳува бо некукорон* бошад».+