Наҳемё
3 Элёшиби+ саркоҳин ва бародарони коҳинаш бархеста, дарвозаи Гӯсфандро+ сохтанду онро ба Худо бахшиданд+ ва дарҳояшро шинонданд. Онҳо ҳамчунин қисми деворро то бурҷи* Меоҳ+ ва бурҷи Ҳананъил+ ба Худо бахшиданд. 2 Дар паҳлуи онҳо мардуми Ериҳӯ+ бино мекарданд ва дар паҳлуи онҳо Заккури писари Имрӣ бино мекард.
3 Писарони Ҳаснооҳ дарвозаи Моҳиро+ бино карданд. Онҳо паҳлударӣ, дарҳо, қулфҳо ва ғалақаҳои онро шинонданд.+ 4 Дар паҳлуи онҳо Маримути+ писари Уриёи писари Ҳаққӯс ва дар паҳлуи онҳо Машулломи+ писари Баракёи писари Машизабъил ва дар паҳлуи онҳо Содӯқи писари Баано таъмир мекард. 5 Дар бари онҳо тақӯиён+ таъмир мекарданд, лекин калоншавандагони онҳо ба нозиронашон гардан нафуроварданд ва супориши онҳоро иҷро кардан нахостанд.
6 Юёдоқи писари Фосеҳо ва Машулломи писари Басудё дарвозаи Шаҳри Куҳнаро+ таъмир карданд. Онҳо паҳлударӣ, дарҳо, қулфҳо ва ғалақаҳои онро шинонданд. 7 Дар паҳлуи онҳо Малатёи ҷибъӯнӣ+ ва Ёдуни мирӯнутӣ таъмир мекарданд. Ин мардони Ҷибъӯн ва Мисфо+ тобеони ҳокими вилояти он тарафи дарёи бузург*+ буданд. 8 Дар паҳлуи онҳо Узиили заргар, писари Ҳарҳаё, ва дар паҳлуи ӯ Ҳананёи атрсоз* таъмир мекард ва онҳо Ерусалимро то девори Васеъ+ сангфарш карданд. 9 Дар бари онҳо Рафоёи писари Ҳур, мири нисфи ноҳияи Ерусалим, таъмир мекард. 10 Дар паҳлуи онҳо, дар рӯ ба рӯйи хонаи худ, Ядоёи писари Ҳарумаф таъмир мекард ва дар паҳлуи ӯ Ҳаттуши писари Ҳашабнаё таъмир мекард.
11 Малкиёи писари Ҳорим+ ва Ҳашшуби писари Поҳатмӯоб+ қисми дигари девор ва ҳамчунин бурҷи Танӯрро+ таъмир карданд. 12 Дар паҳлуи онҳо Шаллуми писари Ҳаллуҳиш, мири нисфи ноҳияи Ерусалим, ҳамроҳи духтаронаш таъмир мекард.
13 Ҳонун ва сокинони Зонӯаҳ+ дарвозаи Водиро+ таъмир карданд ва дарҳо, қулфҳо ва ғалақаҳои онро шинонданд. Онҳо 1000 гази* деворро то дарвозаи Хокистартӯдаҳо+ таъмир карданд. 14 Малкиёи писари Рекоб, мири ноҳияи Байт-Ҳакерем,+ дарвозаи Хокистартӯдаҳоро таъмир кард ва дарҳо, қулфҳо ва ғалақаҳои онро часпонд.
15 Шаллуни писари Колҳуза, мири ноҳияи Мисфо,+ дарвозаи Чашмаро+ таъмир кард ва бар он боме сохта, дарҳо, қулфҳо ва ғалақаҳои онро часпонд. Ҳамчунин ӯ девори ҳавзи+ Шелаҳро*, ки дар назди боғи Подшоҳ+ аст, то Зинапоя,+ ки аз Шаҳри Довуд+ поён меравад, таъмир кард.
16 Аз паси ӯ Наҳемёи писари Азбуқ, ҳокими нисфи ноҳияи Байт-Сур,+ аз рӯ ба рӯйи қабристони Довуд+ то ҳавзи+ сунъӣ ва то Хонаи Паҳлавонон таъмир мекард.
17 Аз паси ӯ левизодагон таъмир мекарданд: Раҳуми писари Бонӣ ва дар паҳлуяш Ҳашабё, мири нисфи ноҳияи Қаило,+ ки аз номи ноҳияи худ таъмир мекард. 18 Аз паси ӯ зери роҳбарии Баввайи писари Ҳенодод, ки мири нисфи ноҳияи Қаило буд, бародаронашон таъмир мекарданд.
19 Дар паҳлуи ӯ Эсари писари Ешуа,+ мири Мисфо, қисми дигари деворро дар рӯ ба рӯйи кӯтали Аслиҳахона, ки назди Танба+ аст, таъмир мекард.
20 Аз паси ӯ Борухи писари Заббай+ бо ғайрати зиёд кор мекард ва ӯ қисми дигари деворро, аз Танба то даромадгоҳи хонаи Элёшиби+ саркоҳин, таъмир кард.
21 Аз паси ӯ Маримути+ писари Уриёи писари Ҳаққӯс қисми дигари деворро, аз даромадгоҳи хонаи Элёшиб то поёни хонаи Элёшиб, таъмир кард.
22 Аз паси ӯ коҳиноне, ки аз ноҳияи Урдун*+ буданд, таъмир мекарданд. 23 Аз паси онҳо Бинёмин ва Ҳашшуб дар рӯ ба рӯйи хонаашон таъмир мекарданд. Аз паси онҳо Азарёи писари Маасиёҳуи писари Ананё дар назди хонааш таъмир мекард. 24 Аз паси ӯ Биннуйи писари Ҳенодод қисми дигари деворро, аз хонаи Азарё то Танба+ ва то кунҷи девор, таъмир кард.
25 Аз паси ӯ Фололи писари Узай дар рӯ ба рӯйи Танба ва бурҷи болоие, ки аз Қасри Подшоҳ+ мебарояду ба Саҳни Посгоҳ+ тааллуқ дорад, таъмир мекард. Аз паси ӯ Фадоёи писари Фаръуш+ кор мекард.
26 Хизматгузорони ибодатгоҳ*,+ ки дар Ӯфал зиндагӣ мекарданд,+ то рӯ ба рӯйи дарвозаи Об,+ дар тарафи шарқ, ва бурҷи берунӣ таъмир мекарданд.
27 Аз паси онҳо тақӯиён+ қисми дигари деворро, аз рӯ ба рӯйи бурҷи калони берунӣ то девори Ӯфал, таъмир карданд.
28 Коҳинон аз болотари дарвозаи Аспон,+ ҳар яке дар рӯ ба рӯйи хонаи худ, таъмир мекарданд.
29 Аз паси онҳо Содӯқи+ писари Иммир дар рӯ ба рӯйи хонаи худ таъмир мекард.
Аз паси ӯ Шамаъёҳуи писари Шаканё, дарвозабони дарвозаи Шарқӣ,+ таъмир мекард.
30 Аз паси ӯ Ҳананёи писари Шаламёҳу ва Ҳонун, писари шашуми Солоф, қисми дигари деворро таъмир карданд.
Аз паси ӯ Машулломи+ писари Баракё дар рӯ ба рӯйи ҳуҷрааш таъмир мекард.
31 Аз паси ӯ Малкиё, ки аз заргарон буд, то хонаи хизматгузорони ибодатгоҳ*+ ва савдогарон, дар рӯ ба рӯйи дарвозаи Тафтиш, ва то болохонаи кунҷи девор таъмир мекард.
32 Дар байни болохонаи кунҷи девор ва дарвозаи Гӯсфанд+ заргарон ва савдогарон таъмир мекарданд.