Айюб
5 Ку фарёд бизан, оё ягон кас ба ту ҷавоб медиҳад?
Ба кадоме аз фариштагони муқаддас* рӯ меорӣ?
2 Ғазаб беақлро мекушад
Ва ҳасад шахси содаро нобуд месозад.
3 Ман дидам, ки чӣ тавр беақл реша медавонад,
Лекин ногаҳон ҷойи зисташ гирифтори лаънат мешавад.
4 Писаронаш аз хатар эмин нестанд,
Бар онҳо назди дарвозаи шаҳр ситам мекунанд+ ва касе нест, ки онҳоро наҷот диҳад.
5 Ҳосили ӯро гурусна мехӯрад
Ва ҳатто аз байни хорҳо мечинад.
Молу мулкашонро бошад, ғорат мекунанд.
6 Охир, бало чизе нест, ки аз хок рӯяд,
Ва фалокат чизе нест, ки аз замин сабзад.
7 Ҳеҷ шакке нест, ки оташпораҳо боло мепаранд,
Ҳамин тавр ҳам, шубҳае нест, ки одамизод барои азоб ба дунё меояд.
8 Агар ман ба ҷойи ту мебудам, ба даргоҳи Худо рӯ меовардам
Ва мушкили худро пеши Худо мебурдам.
9 Ба Худое, ки амалҳояш бузургу ақлнорас аст
Ва корҳои аҷоибаш сону шумор надоранд.
10 Ӯ бар замин борон меборонад
Ва саҳроҳоро сероб мегардонад.
11 Ӯ афтодаро мехезонад
Ва ғамзадаро наҷот медиҳад.
12 Ӯ ҳилаҳои маккоронро вайрон мекунад
Ва амали дастонашон барор намеёбад.
13 Ӯ хирадмандонро ба макри худашон гирифтор мекунад+
Ва нияти зиракон амалӣ намегардад.
14 Онҳо дар рӯзи равшан ба торикӣ дучор меоянд
Ва нисфирӯзӣ, мисли он ки шаб бошад, даст-дасткунон роҳ мераванд.
15 Ӯ аз шамшери даҳон наҷот медиҳад
Ва камбағалро аз дасти пурзӯр халос мекунад,
16 То ки афтода умеде дошта бошад
Ва даҳони беинсофӣ пӯшида шавад.
17 Чӣ хушбахт аст касе, ки Худо ӯро сарзаниш мекунад!
Пас, ислоҳи Худои Тавоноро* рад накун!
18 Ӯ дард медиҳад, вале худаш захмҳоро мебандад,
Ӯ медарронад, вале бо дастони худаш дармон мебахшад.
19 Ӯ туро аз шаш бало халос мекунад
Ва фалокати ҳафтум низ ба ту зараре намерасонад.
20 Дар вақти қаҳтӣ туро аз марг
Ва дар ҷанг аз дасти шамшер раҳо месозад*.
21 Туро аз захми забон нигоҳ медорад,+
Вақте вайронӣ биёяд, ту аз он нахоҳӣ тарсид.
22 Бар ҳоли харобӣ ва гуруснагӣ хоҳӣ хандид
Ва аз ҳайвоноти замин нахоҳӣ тарсид.
23 Сангҳои саҳро ба ту зараре нахоҳанд расонд*
Ва ҳайвонҳои саҳро бо ту сулҳ хоҳанд баст.
24 Хоҳӣ донист, ки хаймаат дар амон аст,
Вақте барои дидани чарогоҳат биёӣ, мебинӣ, ки аз чорвоят яке ҳам гум нашудааст.
25 Серфарзанд мешавӣ
Ва наслат мисли алафи замин бешумор мегардад.
26 То дами ба қабр рафтанат бақувват мемонӣ,
Мисли бандҳои* ғаллае, ки дар мавсимаш ҷамъ овардаанд.
27 Инак, мо инро тафтиш кардем ва ин ҳақ асту рост.
Гӯш деҳу қабул кун».