Забур
Таронаи Довуд.
101 Дар васфи меҳру вафо ва адолат суруд мехонам.
Дар васфи ту, эй Яҳува, суруд мехонам*.
2 Дар роҳи беайбӣ бо фаҳму фаросат амал хоҳам кард.
Кай ба ёриям меоӣ?
Андаруни хонаам бо дили соф роҳ хоҳам рафт.+
3 Пеши чашмонам ҳеҷ чизи ношоямро нахоҳам гузошт.
Аз рафтори онҳое, ки аз роҳи ростӣ дур рафтаанд, нафрат дорам.+
Намегузорам, ки рафтори онҳо ба ман гузарад.
4 Дили маккор бароям бегона аст,
Бадиро шинохтан ҳам намехоҳам.
5 Даҳони касеро, ки ёрашро дар пинҳонӣ туҳмат мекунад,+
Хоҳам пӯшид.
Касеро, ки чашми ҳавобаланд ва дили мағрур дорад,
Чашми дидан надорам.
6 Чашмам ба содиқони замин назар меандозад,
Онҳо бо ман зиндагӣ хоҳанд кард.
Онҳое, ки дар беайбӣ роҳ мераванд, ба ман хизмат хоҳанд кард.
7 Дар хонаи ман фиребгар сокин нахоҳад шуд
Ва дурӯғгӯй назди ман нахоҳад истод.
8 Ҳар субҳ тамоми бадкорони заминро хомӯш мекунам,
То ҳамаи бадкоронро аз шаҳри Яҳува решакан созам.+