Забур
Таронаи Довуд.
108 Дилам қавӣ аст, эй Худо.
Бо тамоми вуҷудам дар васфи ту суруд хонда, хоҳам навохт.+
2 Эй созам, ва, эй чангам, бедор шавед.+
Ман субҳро бедор хоҳам кард.
3 Туро дар миёни халқҳо ситоиш хоҳам кард, эй Яҳува,
Ва дар байни миллатҳо дар васфи ту хоҳам сароид*,
4 Зеро меҳри пойдорат бузург аст, то ба осмон мерасад+
Ва вафоят то ба фалак.
5 Худоё, шукӯҳат аз осмон баланд
Ва ҷалолат бар тамоми замин бодо!+
6 Барои он ки дӯстдоронат халосӣ ёбанд,
Моро бо дасти ростат наҷот деҳ ва ба додам бирас.+
7 Худо дар покияш* гуфтааст:
8 Ҷилъод+ аз они ман аст, чуноне ки
Менашше аз они ман аст,
Яҳудо асои ҳокимияти ман асту+
9 Мӯоб лагани шустушӯям,+
Бар Адӯм кафши худро хоҳам партофт,+
Бар замини Фалиштӣ тантанавор бонг хоҳам зад».+
10 Кӣ маро ба шаҳри муҳосирашуда* мебарад?
Кӣ маро то ба Адӯм роҳнамоӣ мекунад?+
11 Худоё, магар ту набудӣ, ки моро рад кардӣ?
Эй Худоямон, ту дигар бо лашкари мо ба ҷанг намебароӣ.+