Забур
Ба сардори ромишгарон. Таронаи Довуд.
11 Ба Яҳува паноҳ мебарам.+
Пас, чӣ тавр ба ман мегӯед:
«Мисли паранда ба кӯҳи худ бигрез!
2 Бубин, ки чӣ тавр бадкорон камон кашидаанд;
Онҳо тирашонро ба зеҳи камон гузоштаанд,
То аз торикӣ ба покдилон тир андозанд.
3 Вақте бунёди адолат хароб гардад,
Аз дасти росткорон чӣ меояд?»
Чашмонаш ҳамаро мебинанд,
Дидаи пурбинаш одамизодро тафтиш менамояд.+