Забур
116 Яҳуваро дӯст медорам,
Зеро ӯ овозамро мешунавад ва ба додам мерасад.+
2 Ӯ гӯшашро сӯям хам мекунад.+
То даме зиндаам, сӯйи ӯ хоҳам хонд.
3 Танобҳои марг бар ман печида буданд,
Гӯр маро ба чанголи худ дароварда буд.+
Маро ғаму андуҳ фаро гирифт.+
4 Аммо ман номи Яҳуваро хондам+ ва гуфтам:
«Эй Яҳува, ҷонамро халос кун!»
5 Яҳува дилсӯз ва росткор аст.+
Худои мо меҳрубон аст.+
6 Яҳува содаҳоро* нигаҳдорӣ мекунад.+
Ман ранҷур гашта будам ва ӯ маро наҷот дод.
7 Эй ҷонам, дубора ором шав,
Зеро Яҳува ба ман некуӣ кардааст.
8 Ҷонамро аз марг наҷот додӣ,
Чашмамро аз ашк ва поямро аз афтидан.+
9 Пеши Яҳува дар замини зиндагон роҳ хоҳам рафт.
10 Имон доштам, аз ин рӯ сухан мегуфтам,+
Ҳарчанд хеле ғамзада будам.
11 Аз ғаму ташвиш гуфтам:
«Ҳар як одам дурӯғгӯст».+
12 Ба Яҳува барои ҳама некиҳое, ки дар ҳаққам кардааст,
Чӣ тавр боздиҳам?
13 Косаи наҷотро ба даст мегирам
Ва номи Яҳуваро мехонам.
16 Туро зорӣ дорам, эй Яҳува,
Зеро бандаи туям.
Ман бандаи туям, писари канизи ту.
Ту маро аз қайду банд озод кардӣ.+
17 Қурбонии шукргузорӣ меорам+
Ва номи Яҳуваро мехонам.