Забур
3 Худованди худовандонро шукр гӯед,
Зеро меҳру вафояш то абад аст.
5 Ӯ осмонро хирадмандона офаридааст,+
Зеро меҳру вафояш то абад аст.
6 Ӯ заминро бар обҳо паҳн кардааст,+
Зеро меҳру вафояш то абад аст.
7 Ӯ ҷирмҳои нурпошро офаридааст,+
Зеро меҳру вафояш то абад аст.
8 Ӯ офтобро барои ҳокимияти рӯз офаридааст,+
Зеро меҳру вафояш то абад аст.
9 Ӯ моҳтоб ва ситорагонро барои ҳокимияти шаб офаридааст,+
Зеро меҳру вафояш то абад аст.
10 Ӯ нахустзодагони Мисрро зарба зад,+
Зеро меҳру вафояш то абад аст.
11 Ӯ Исроилро аз миёни онҳо баровард,+
Зеро меҳру вафояш то абад аст,
12 Ӯ ин корро бо дасти тавоно ва бозуи пурзӯр кард,+
Зеро меҳру вафояш то абад аст.
13 Ӯ баҳри Сурхро ду тақсим кард,+
Зеро меҳру вафояш то абад аст.
14 Ӯ Исроилро аз миёни баҳр гузаронд,+
Зеро меҳру вафояш то абад аст.
15 Ӯ фиръавн ва лашкарашро ба баҳри Сурх андохт,+
Зеро меҳру вафояш то абад аст.
16 Ӯ халқи худро аз биёбон гузаронд,+
Зеро меҳру вафояш то абад аст.
17 Ӯ подшоҳони бузургро зарба зад,+
Зеро меҳру вафояш то абад аст.
18 Ӯ подшоҳони пурзӯрро куштааст,
Зеро меҳру вафояш то абад аст,
19 Сиҳӯни+ подшоҳи амӯриёнро,
Зеро меҳру вафояш то абад аст,
20 Ӯҷи+ подшоҳи Бошонро,
Зеро меҳру вафояш то абад аст.
21 Ӯ замини онҳоро ба халқаш мерос додааст,+
Зеро меҳру вафояш то абад аст.
22 Ба бандаи худ Исроил мерос додааст,
Зеро меҳру вафояш то абад аст.
24 Моро аз дасти душманонамон халос менамуд,+
Зеро меҳру вафояш то абад аст.
25 Ӯ ба ҳар ҷони зинда ризқу рӯзӣ медиҳад,+
Зеро меҳру вафояш то абад аст.
26 Худои осмонро шукр гӯед,
Зеро меҳру вафояш то абад аст.