Забур
Таронаи Довуд.
2 Сӯйи ибодатгоҳи покат* саҷда мебарам+
Ва номи туро ситоиш мекунам,+
Зеро ту Худои меҳру вафо ва ростӣ ҳастӣ,
Зеро ту сухану номи худро аз ҳар чиз бузургтар намудаӣ.
4 Ҳама подшоҳони замин туро ситоиш хоҳанд намуд, эй Яҳува,+
Вақте ваъдаҳои туро бишнаванд.
5 Онҳо дар васфи роҳҳои Яҳува хоҳанд сароид,
Зеро ҷалоли Яҳува бузург аст.+
7 Дар миёни хатар роҳ равам ҳам, ту маро зинда нигаҳ медорӣ.+
Дасти худро зидди хашми душманонам мебардорӣ.
Дасти ростат маро наҷот медиҳад.
8 Яҳува ҳама корро баҳри ман анҷом хоҳад дод.
Эй Яҳува, меҳру вафои ту то абад аст.+
Амали дастони худро тарк накун.+