Забур
Ба сардори ромишгарон. Таронаи бандаи Яҳува — Довуд. Довуд ин сурудро ба Яҳува, дар рӯзе ки Яҳува ӯро аз дасти Шоул ва ҳама душманонаш наҷот дод, сароид. Ӯ гуфт:+
18 «Туро, эй Яҳува, эй қуввати ман,+ дӯст медорам.
2 Яҳува сахраи ман, қалъаи ман ва халосгари ман аст.+
Худоям кӯҳпораи ман аст,+ дар ӯ паноҳ мебарам.
Ӯ сипари ман, шохи* наҷоти* ман ва паноҳгоҳи ман аст.+
3 Сӯйи Яҳува, ки сазовори ситоиш аст, фарёд мезанам
Ва аз душманонам наҷот меёбам.+
5 Бандҳои гӯр дар гирдам ҳалқа заданд,
Домҳои марг аз пешам баромад.+
6 Дар тангии худ сӯйи Яҳува хондам,
Аз Худоям мадад мехостам.
7 Замин ба ҷунбиш омад ва биларзид.+
Бунёди кӯҳҳоро ларза гирифт,
Онҳо алвонҷ мехӯрданд, зеро ӯ дарғазаб шуд.+
12 Аз дурахше, ки дар пеши ӯст,
Лахчаҳои оташ ва жола аз абрҳо мерехт.
16 Ӯ аз баландӣ дасташро дароз кард,
Маро гирифт ва аз қаъри об баровард.+
18 Дар рӯзи мусибат онҳо бар зидди ман баромаданд,+
Вале Яҳува такягоҳи ман буд.
20 Яҳува маро аз рӯйи росткориям мукофот додааст,+
Аз рӯйи покии дастонам подош додааст,+
21 Зеро ман бо роҳҳои Яҳува равона шудам
Ва Худои худро бадкорона тарк накардам.
22 Тамоми ҳукмҳои ӯ пеши назари ман аст,
Фармудаҳои ӯро пушти по нахоҳам зад.
25 Ба вафодор ту вафо мекунӣ+
Ва ба росткор* росткорӣ менамоӣ,+
26 Бо покдил покдил ҳастӣ,+
Вале бо каҷкор ҳушёрӣ.+
28 Ту чароғафрӯзи манӣ, эй Яҳува,
Эй Худои ман, ки торикиямро равшан месозӣ.+
Ӯ барои ҳамаи паноҳбаронаш сипар аст.+
31 Кист Худо, ғайр аз Яҳува?+
Кист кӯҳпора, ғайр аз Худои мо?+
33 Ӯ пойҳоямро мисли пойҳои гавазн мегардонад,
Маро бар баландиҳо мегузорад.+
34 Ӯ дастонамро ҷанг меомӯзад,
Бозуҳоям камони мисинро зеҳ мекунад.
35 Сипари наҷотро ба ман медиҳӣ,+
Бо дасти ростат маро дастгирӣ мекунӣ,
Фурӯтании ту маро сарбаланд месозад.+
36 Роҳро дар пеши қадамҳоям васеъ мекунӣ,
Пойҳоям нахоҳад лағжид.+
37 Душманонамро дунболагирӣ намуда, ба онҳо рафта мерасам,
То онҳоро нест накунам, барнамегардам.
38 Онҳоро майда-майда мекунам, ба тавре ки дигар барнахезанд.+
Онҳоро зери по мекунам.
39 Миёнамро барои ҳарбу зарб мустаҳкам месозӣ,
Муқобилонамро пеши ман меафтонӣ.+
40 Душманонамро аз пеши ман мегурезонӣ,
Бадбинонамро несту нобуд месозам.+
41 Онҳо мадад мепурсанд, вале мададгоре нест,
Сӯйи Яҳува фарёд зананд ҳам, ӯ ба фарёдашон намерасад.
42 Ман онҳоро гард-гард карда, мисли чанг ба бод медиҳам
Ва мисли лойи кӯчаҳо мепартоям.
43 Ту маро аз айбҷӯйии мардум халос мекунӣ.+
44 Фақат овозаамро шунида ба ман тобеъ мешаванд,
Бегонагон аз тарс ба ман чорқат шуда таъзим мекунанд,+
45 Бегонагон дил бой медиҳанд*,
Бо тарсу ларз аз истеҳкомҳои худ берун меоянд.
46 Яҳува Худои зинда аст! Кӯҳпораи маро ҳамду сано бод!+
Худои наҷоти ман сарафроз бод!+
47 Худо қасди маро мегирад,+
Халқҳоро ба ман тобеъ месозад.
48 Маро аз душманони бадхашмам халос мекунад.
Боло бардошта, барои ҳамлагарон дастнорас месозӣ,+
Маро аз золим наҷот медиҳӣ.