Забур
Ба сардори ромишгарон. Бар сози «Нобуд насоз». Таронаи Довуд. Миктам*. Вақте Шоул одамонашро барои назорат кардани хонаи Довуд фиристод, то ӯро ба қатл расонад.+
2 Аз дасти бадкорон раҳоям кун
Ва аз хунрезон наҷотам деҳ.
3 Онҳо маро мепоянд, то бикушанд,+
Мардони пурқувват ба ман ҳамла мекунанд,
Лекин на аз сабаби исён ё гуноҳам,+ эй Яҳува.
4 Ҳарчанд хатое надорам, онҳо мешитобанд ва ба ҳамла омода мешаванд.
Вақте туро мехонам, ба мададам бархез ва ба корҳояшон назар андоз,
5 Зеро ту, эй Яҳува, Худои лашкарҳо, Худои Исроил мебошӣ.+
Бархез ва ба тамоми халқҳо назар дӯз.
Ба ҳеҷ як хоини бадхоҳ раҳм накун.+ (Село)
7 Бингар, ки аз даҳони онҳо чӣ мерезад,
Суханонашон* мисли шамшер аст,+
Онҳо мегӯянд: «Кӣ мешунавад?»+
10 Худое, ки ба ман меҳру вафо мекунад, ба кумакам меояд,+
Худо маро шоҳиди шикасти душманонам хоҳад кард.+
11 Онҳоро дарҳол накуш, то халқи ман инро фаромӯш насозад.
Бо қуввати худ онҳоро саргардон соз,
Онҳоро зеру забар кун, эй Яҳува, сипари мо.+
12 Барои гуноҳи даҳонашон, барои сухани лабонашон
Бигзор онҳо ба доми ғурури худ афтанд,+
Барои лаънату фиребе, ки аз даҳонашон мебарояд.
13 Дар ғазаби худ онҳоро нобуд соз,+
Онҳоро нест кун, то ному нишонашон намонад,
Бигзор онҳо бидонанд, ки Худо дар Яъқуб ва то канори замин ҳукмронӣ мекунад.+ (Село)
14 Бигзор онҳо шомгоҳон баргарданд
Ва мисли сагон уллос зада, шаҳрро давр зананд.+
15 Бигзор дар пайи хӯрок саргардон шаванд,+
Нагузор, ки сер шаванд ва сарпаноҳе ёбанд.