Забур
Ба сардори ромишгарон. Таронаи Довуд.
64 Худоё, вақте зорӣ мекунам, овозамро бишнав.+
Ҷонамро аз бими душман халос кун.
2 Маро аз қасди бадкорон
Ва аз ҷамъи бадкирдорон нигаҳ дор.+
3 Забонашонро мисли шамшер тез мекунанд,
Суханони талхро мисли тир равона мекунанд,
4 То ба бегуноҳ аз камингоҳ биандозанд.
Онҳо ба вай ногаҳон тир мезананд ва наметарсанд.
5 Онҳо бадандеширо пеша месозанд*,
Маслиҳат мекунанд, ки чӣ тавр домашонро пинҳон намоянд.
Онҳо мегӯянд: «Домҳоямонро кӣ мебинад?»+
6 Онҳо роҳҳои нави бадкориро меҷӯянд,
Пинҳонӣ найрангҳои моҳирона меандешанд,+
Андешаи даруни дилашон нофаҳмиданист.
7 Аммо Худо ба онҳо тир хоҳад андохт,+
Онҳо ногаҳон захмдор хоҳанд шуд.
8 Забонашон балои ҷонашон мешавад,+
Ҳар кӣ онҳоро бубинад, масхараомез сар хоҳад ҷунбонд.
9 Он гоҳ ҳама одамон тарсон мешаванд,
Онҳо корномаи Худоро эълон хоҳанд кард
Ва корҳои ӯро фаҳм хоҳанд намуд.+
10 Росткор аз корҳои Яҳува хушҳол шуда, дар ӯ паноҳ хоҳад бурд.+
Ҳама софдилон аз ӯ фахр хоҳанд кард.