Забур
Ба сардори ромишгарон. Тарона.
66 Эй ҳамаи халқҳои рӯйи замин, ба Худо бонги шодӣ занед.+
3 Ба Худо бигӯед: «Чӣ ҳайратангез аст корҳои ту!+
Ба сабаби қувваи бузургат
Душманонат бо тарсу ларз пеши ту сар хам хоҳанд кард.+
4 Тамоми сокинони рӯйи замин пеши ту саҷда хоҳанд бурд,+
Онҳо дар васфи ту ва дар васфи номат хоҳанд сароид».+ (Село)
5 Биёед ва корномаҳои Худоро бубинед,
Корҳои ҳайратангезеро, ки ӯ барои одамизод кардааст.+
Он ҷо мо аз корҳои ӯ хурсандӣ кардем.+
7 Ӯ бо қудрати худ абадан ҳукмфармост.+
Халқҳоро мушоҳида мекунад.+
Гарданшахон сарашонро баланд накунанд.+ (Село)
8 Худоямонро ситоиш намоед, эй мардумон,+
Ӯро бо овози баланд ҳамду сано хонед.
10 Ту моро озмудӣ, эй Худо,+
Моро гудохтӣ, ҳамон тавре ки нуқраро мегудозанд.
11 Ту моро ба дом андохтӣ,
Бар пуштамон бори миёншикан гузоштӣ.
12 Ту мондӣ, ки инсони хокӣ бар сарамон савор шавад.
Мо аз байни обу оташ гузаштем
Ва ту моро ба ҷойи ором овардӣ.
13 Ба хонаи ту бо қурбониҳои сӯхтанӣ меоям,+
Назрҳоямро* наздат иҷро мекунам,+
14 Назрҳоеро, ки лабонам гуфтааст+
Ва аз даҳонам дар вақти тангӣ баромадааст.
15 Қурбониҳои сӯхтании чорвои парвориро,
Якҷоя бо дуди қурбонии қӯчқорҳо пешкаш мекунам.
Буққаву нарбузҳоро меорам. (Село)
16 Биёед ва бишнавед, эй ҳамаи тарсгорони Худо
Ва ман ба шумо корҳоеро, ки ӯ бароям кардааст, ҳикоя мекунам.+
17 Бо даҳонам сӯйи ӯ хондам
Ва бо забонам ӯро ситоиш кардам.
18 Агар дар дилам бадӣ мепарваридам,
Яҳува маро гӯш намекард.+
20 Худоеро, ки дуоямро рад накардааст
Ва меҳру вафояшро аз ман дареғ надоштааст, ҳамду сано бод!