Забур
Таронаи Осаф.+
79 Худоё, халқҳо мулкатро забт карданд,+
Онҳо ибодатгоҳи покатро олуда сохтанд,+
Ерусалимро харобазор карданд.+
2 Онҳо ҷасади ходимонатро хӯроки мурғони ҳаво сохтанд
Ва гӯшти бадани бандаҳои бовафоятро ба ҳайвонҳои ваҳшӣ доданд.+
3 Онҳо хунашонро мисли об гирди Ерусалим рехтанд
Ва касе нест, ки бандагонатро гӯр кунад.+
4 Дар пеши ҳамсоягон шарманда шудаем,+
Одамони гирду атроф моро мазоқу масхара мекунанд.
5 То кай, эй Яҳува, бар мо хашмгин мешавӣ? Оё то абад?+
То ба кай ғазабат мисли оташ аланга мезанад?+
6 Ғазабатро бар халқҳое, ки туро намешиносанд, фурӯ рез
Ва бар мамлакатҳое, ки номи туро намехонанд,+
7 Зеро онҳо Яъқубро фурӯ бурданд
Ва диёри ӯро хароб карданд.+
8 Моро барои хатоҳои аҷдодонамон ҷавобгар наҳисоб,+
Ҳар чӣ зудтар ба мо раҳм кун,+
Зеро хору зор шудаем.
9 Ба хотири номи пурҷалолат
Ба мо мадад кун, эй Худои наҷотамон.+
Ба хотири номат халосӣ деҳ ва гуноҳҳоямонро бубахш.+
10 Чаро халқҳо бигӯянд: «Куҷост Худои онҳо?»+
Бигзор пеши назарамон байни халқҳо маълум шавад,
Ки барои хуни бандагонат қасос мегирӣ.+
11 Бигзор оҳу нолаи бандӣ ба гӯшат бирасад.+
Бо қувваи бозуят онҳоеро, ки ба марг маҳкум шудаанд, наҷот деҳ.+
13 Он гоҳ мо, халқат ва рамаи чарогоҳат,+
Туро абадан шукрона хоҳем гуфт.
Мо туро аз насл ба насл ситоиш хоҳем кард.+