Забур
Тарона.
Дасти рости ӯ, дасти муқаддасаш, наҷот додааст*.+
3 Ӯ вафову меҳри пойдорашро ба хонадони Исроил ба ёд овардааст,+
Ҳама гӯшаву канори замин диданд, ки чӣ тавр Худоямон наҷот медиҳад*.+
4 Эй тамоми замин, бо тантанаву бонги шодӣ Яҳуваро васф кунед.
Шод бошед, бо хурсандӣ нидо кунед ва суруд сароед*.+
5 Барои Яҳува бо чанг бисароед*,
Бо чанг ва суруди хушоҳанг.
6 Бо карнай ва садои шох+
Пеши Подшоҳ, Яҳува, тантанавор нидо кунед.
7 Бигзор баҳр ва ҳар чӣ дар он аст, ба ҷӯш ояд,
Замин ва ҳар чӣ дар он аст, ба хурӯш ояд.
8 Бигзор дарёҳо қарсак
Ва кӯҳҳо якҷоя бонги шодӣ зананд.+
9 Бигзор пеши Яҳува шодӣ кунанд,
Зеро ӯ меояд*, то заминро доварӣ кунад.
Ӯ сокинони заминро аз рӯйи инсоф,
Халқҳоро аз рӯйи адл, доварӣ хоҳад кард.+