Ишаъё
12 Дар он рӯз хоҳӣ гуфт:
«Туро, эй Яҳува, шукр мегӯям,
Зеро, ҳарчанд бар ман ғазаб кардӣ,
Қаҳрат оҳиста-оҳиста паст шуд ва ту маро тасаллӣ додӣ.+
2 Худо наҷоти ман аст.+
Ӯ наҷоти ман гаштааст».+
3 Шумо бо шодӣ аз чашмаҳои наҷот об хоҳед кашид+
4 Ва дар он рӯз хоҳед гуфт:
«Яҳуваро шукр гӯед, номашро бихонед,
Корҳои ӯро дар байни халқҳо маълум созед!+
Эълон намоед, ки номи ӯ волост.+
5 Дар васфи Яҳува бисароед*,+ зеро ӯ корҳои бузург кардааст.+
Бигзор тамоми дунё аз ин хабар ёбад!
6 Фарёд зан ва бо шодӣ нидо кун, эй зани Сион*,
Зеро Худои Поки Исроил, ки дар миёни туст, бузург аст».