Ишаъё
24 Яҳува ин заминро холиву беодам месозад.+
Ҳам бо мардуму ҳам бо коҳин,
Ҳам бо ғулому ҳам бо хӯҷаинаш,
Ҳам бо канизу ҳам бо хонумаш,
Ҳам бо харидору ҳам бо фурӯшанда,
Ҳам бо қарзхоҳу ҳам бо қарздор,
Ҳам бо судхӯру ҳам бо суддиҳанда.+
4 Замин мотам гирифтааст*,+ он хароб гаштааст.
Замини ҳосилхез пажмурдаву бесамар шудааст.
Олимақомони ин замин хушк гаштаанд.
6 Аз ин рӯ лаънат заминро фурӯ бурдааст+
Ва сокинонаш айбдор дониста шудаанд.
Аз ин рӯ бошандагони ин замин кам шудаанд,
Фақат андаке аз онҳо боқӣ мондааст.+
9 Онҳо бе суруд шароб менӯшанд,
Арақ дар даҳони нӯшандагонаш талх аст.
10 Шаҳр холиву валангор шудааст,+
Ҳар хона баста аст ва касе аз дар намедарояд.
11 Онҳо дар кӯчаҳо барои шароб фарёд мезананд.
Шодию сурур нопадид шудааст,
Хурсандӣ ин заминро тарк кардааст.+
12 Шаҳр харобазор гаштааст,
Дарвоза шикаста пора-пора шудааст.+
14 Онҳо овози худро баланд хоҳанд кард,
Хурсандона фарёд хоҳанд зад,
15 Онҳо Яҳуваро дар кишвари рӯшноӣ*,+
Номи Яҳува, Худои Исроилро, дар ҷазираҳои баҳр ҷалол хоҳанд дод.+
16 Аз канори замин садои суруд ба гӯшамон мерасад:
«Худои росткорро ҷалол* бод!»+
Вале ман мегӯям: «Аз ғам обу адо шудаам! Обу адо шудаам!
Эй вой бар ман! Хиёнаткорон хиёнат мекунанд,
Хоинон хиёнаткорона хиёнат мекунанд».+
17 Даҳшат ва чоҳу домҳо туро дар пешанд, эй сокини замин.+
18 Ҳар кӣ аз садои даҳшат бигрезад, ба чоҳ меғалтад
Ва ҳар кӣ аз чоҳ барояд, ба дом меафтад.+
Равзанаҳои* осмон кушода мешаванд
Ва асосҳои замин ба ларза меоянд.
20 Ин замин мисли маст мекалавад
Ва мисли хаскаппа аз шамол алвонҷ мехӯрад.
Гуноҳаш бар он чун бори гарон аст,+
Он меғалтад ва дигар намехезад.
21 Дар он рӯз Яҳува ба лашкари боло
Ва подшоҳони рӯйи замин назар меандозад.
22 Ӯ онҳоро ҷамъ меорад,
Чуноне ки бандиёнро дар чоҳ ҷамъ меоранд,
Дар зиндон маҳкам мекунад
Ва пас аз рӯзҳои зиёд ба онҳо назар меафканад.