Ишаъё
30 «Вой бар писарони якрав,+— мегӯяд Яҳува,—
Зеро онҳо нақшаҳои маро неву нақшаҳои худро ба ҷо меоранд.+
Онҳо паймон мебанданд*, вале на мувофиқи рӯҳи ман,
То ба гуноҳи худ гуноҳ зам кунанд.
2 Онҳо бе маслиҳати ман+ ба Миср+ мераванд,
То зери ҳимояи* фиръавн паноҳ ёбанд
Ва дар сояи Миср пинҳон шаванд.
3 Вале ҳимояи фиръавн шармандагии шумо мешавад
Ва дар сояи Миср паноҳ бурдан — сархамии шумо.+
4 Мирони ӯ дар Сӯананд+
Ва фиристодагонаш ба Ҳонис расидаанд.
5 Ба сабаби халқе, ки аз он фоидае нест,
Ҳамаи онҳо шарманда мешаванд,
Зеро он на кумаку фоида,
Балки фақат шармандагию беобрӯӣ меорад».+
6 Паём бар зидди ҳайвонҳои ҷануб:
Онҳо аз замини тангиву душворӣ,
Аз замини шер, шери ғуррон,
Мори афъӣ ва мори паррони оташафшон* гузашта,
Бар пушти харон сарвати худро
Ва бар кӯҳони шутурон захираи худро меоранд,
Аммо аз ин чизҳо ба халқ фоидае нахоҳад буд.
8 «Пас, бирав ва дар пеши онҳо инро дар лавҳае бинавис
Ва дар китобе қайд кун,+
То барои рӯзҳои оянда
Шаҳодати доимӣ бошад.+
10 Онҳо ба ғайбдонон мегӯянд: “Ғайбдонӣ накунед”
Ва ба пешбинон мегӯянд: “Ҳақиқатро пешгӯйӣ накунед.+
Ба мо суханони форам гӯед, рӯъёҳои фиребанда бинед.+
11 Аз роҳатон гардед, аз пайраҳаатон дур шавед.
Ба мо дар бораи Худои Поки Исроил гап назанед”».+
12 Бинобар ин Худои Поки Исроил чунин мегӯяд:
«Азбаски шумо ин каломро рад кардед,+
Ба дурӯғу фиреб такя намудед
Ва ба он таваккал кардед,+
13 Ин гуноҳи шумо бароятон чун девори шикаста,
Чун девори баланди кафидае мешавад, ки ба ғалтидан қариб аст.
Он ногаҳон, дар як лаҳза чаппа мешавад.
14 Он мисли кӯзаи калони кӯзагар шикаста мешавад,
Тика-тика мешавад ва ягон сафолпорае намемонад,
Ки бо он аз оташдон оташ ё аз кӯлмак* об бигиред».
15 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува, Худои Поки Исроил, чунин гуфт:
«Сӯйи ман баргардед ва ором гиред, то наҷот ёбед.
Ором бошед ва ба ман таваккал кунед,+
Он гоҳ шумо қувват пайдо мекунед».
Аммо шумо нахостед.+
16 Ба ҷойи ин шумо гуфтед: «Не, мо бар аспҳо нишаста, мегурезем!»
Пас, хоҳед гурехт.
«Бар аспҳои тезпо савор мешавем!»+
Пас, дунболагиронатон тезпо хоҳанд буд.+
17 Ҳазор нафар аз тарси як нафар дарақ-дарақ меларзанд,+
Шумо аз тарси панҷ нафар рӯ ба гурез меоред,
То даме ки бақияатон мисли ходаи танҳое бар қуллаи кӯҳ,
18 Вале Яҳува пурсаброна интизор аст, ки ба шумо лутфу марҳамат намояд,+
Ва ӯ бармехезад, то ба шумо раҳм кунад,+
Зеро Яҳува Худои адлу инсоф аст.+
Хушбахтанд ҳамаи онҳое, ки ба ӯ умед мебанданд*.+
19 Вақте мардум дар Сион, дар Ерусалим, сокин шавад,+ ту дигар гиря намекунӣ.+ Вақте мадад талабӣ, ӯ ҳатман ба ту раҳм мекунад. Ҳамин ки овозат ба гӯшаш расад, ба ту ҷавоб медиҳад.+ 20 Ҳарчанд Яҳува ба шумо нони азоб ва оби ситам диҳад,+ Омӯзгори бузургатон+ дигар аз шумо пинҳон намешавад ва шумо ӯро бо чашми худ мебинед. 21 Агар аз роҳ ба тарафи рост ё чап дур шавед,+ аз қафои худ хоҳед шунид: «Роҳ ин аст.+ Бо он биравед».
22 Шумо нуқраеро, ки бо он бутҳоятон рӯпӯш шудааст, ва тунукаҳои тиллоии ҳайкалҳои рехтаатонро нопок месозед.+ Шумо онҳоро мисли латтаи ҳаром* як сӯ партофта, мегӯед: «Аз назарам гум шав!»*+ 23 Ӯ барои тухмие, ки дар заминат мекорӣ, борон медиҳад+ ва ҳосили ғаллаи заминат фаровону ширадор мешавад.+ Дар он рӯз чорвои ту дар чарогоҳҳои васеъ мечарад.+ 24 Говону хароне, ки дар замин кор мекунанд, бедаи шилхадоре мехӯранд, ки бо белу шоха бод дода шудааст. 25 Дар рӯзи куштори азим, вақте бурҷҳо* фурӯ ғалтанд, бар ҳар кӯҳ ва теппаи баланд ҷӯйҳо ва рӯдҳо ҷорӣ мешаванд.+ 26 Дар рӯзе ки Яҳува шикастаҳои халқашро бандад+ ва захмҳои чуқуреро, ки аз зарбаҳои ӯ гирифтааст, шифо диҳад,+ равшании моҳи пурра мисли равшании офтоб ва равшании офтоб ҳафтчандон, мисли равшании ҳафт рӯз, мешавад.+
27 Ана, Яҳува* аз дурдаст
Бо оташи ғазаби ӯ ва абрҳои ғафс меояд.
Лабҳои ӯ пур аз хашм
Ва забонаш мисли оташи сӯзон аст.+
Ӯ ба даҳони халқҳо лаҷоми гумроҳӣ мезанад.+
29 Аммо суруди ту мисли суруди шабонае хоҳад буд,
Ки ҳангоми ба ид тайёрӣ дидан* месароӣ+
Ва дилат мисли найнавозе, ки*
Ба кӯҳи Яҳува — Сахраи Исроил,+ мебарояд, шодӣ хоҳад кард.
30 Яҳува бо алангаи оташи сӯзон,+
Бо борони сел,+ тӯфон ва жолаи сангин+
Овози пуршукӯҳи+ худро мешунавонад
Ва дасти худро+ ҳангоми бо ғазаб зарба задан+ маълум месозад.
32 Вақте ки Яҳува дар ҷанг ба онҳо даст бардорад,+
Ҳар боре ки ӯ Ошурро бо калтаки ҷазо зарба занад,
Дафу+ чанг садо медиҳад.
Ҷое ки ӯ ҳезум чидааст, чуқуру фарох асту
Алову ҳезуми бисёр дорад.
Дами Яҳува чун сели кибрит* онро оташ мезанад.