Ишаъё
4 Дар он рӯз ҳафт зан ба як мард часпида,+ мегӯянд:
2 Он рӯз чизе, ки Яҳува рӯёнад, ҷалолу шукӯҳ меорад ва ҳосили замин фахру зебоии бақияи Исроил мешавад.+ 3 Ҳар кӣ дар Сион боқӣ монад ва дар Ерусалим гузошта шавад, поку муқаддас номида мешавад,— ҳамаи онҳое, ки дар Ерусалим номнавис мешаванд, то зинда бимонанд.+
4 Вақте Яҳува бо рӯҳи доварӣ ва рӯҳи сӯзон ифлосии* духтарони Сионро бишӯяд+ ва хунеро, ки дар Ерусалим рехта шудааст, аз миёни он тоза кунад,+ 5 Яҳува бар тамоми кӯҳи Сион ва бар тамоми ҷамъомадгоҳаш рӯзона абру дуд ва шабона оташи шуълавару дурахшонро ба вуҷуд меорад+ ва бар тамоми замини пурҷалол сарпаноҳе мешавад. 6 Дар он ҷо чайлае хоҳад буд, ки рӯзона соябон аз гармо+ ва паноҳгоҳ аз боду борон мешавад.+