Ишаъё
41 «Хомӯш ба ман гӯш диҳед*, эй ҷазираҳо,
Бигзор халқҳо қуввати тоза пайдо кунанд,
Бигзор омада, сухан ронанд,+
Биёед барои муҳокима дар додгоҳ ҷамъ оем.
2 Кист, ки касеро аз тарафи офтоббаро* бархезонидааст,+
Ӯро ба хизмати худ хондааст, то адлу инсофро ба ҷо орад,
То халқҳоро ба дасти ӯ супорад
Ва подшоҳонро зердасти ӯ гардонад?+
Кист, ки онҳоро пеши шамшери ӯ ба хок табдил медиҳад
Ва дар пеши камони ӯ чун коҳрезае, ки бод мебарад, пароканда месозад?
3 Ӯ аз роҳҳое, ки ҳаргиз қадам нагузоштааст, бемалол гузашта,
Аз пасашон сур мекунад.
4 Кист, ки амал намуда инро ба ҷо овард
Ва наслҳоро аз аввал ҷамъ намуд?
5 Ҷазираҳо инро диданд ва ба тарс омаданд,
Канорҳои замин ба ларза афтоданд.
Онҳо ҷамъ шуда, пеш омаданд.
6 Ҳар яке ба ёри худ кумак мекунад
Ва ба бародараш мегӯяд: «Қавӣ бош!»
7 Ҳунарманд заргарро+ дастгирӣ мекунад.
Касе, ки бо путк оҳанро ҳамвор мекунад,
Шахсеро, ки дар сандон мекӯбад, қавӣ месозад
Ва дар бораи кафшераш мегӯяд: «Хуб аст».
Сипас бутро мех зада устувор мекунанд, то ки нағалтад.
8 «Аммо ту, эй Исроил, бандаи ман ҳастӣ,+
Ман туро, эй Яъқуб, насли дӯстам Иброҳим,+ хуш кардаам,+
9 Туро аз гӯшаи замин гирифтаам+
Ва аз ҷойҳои дурдаст хондаам.
Ман туро қувват мебахшам ва ба ту ёрӣ медиҳам+
Ва туро бо дасти рости адолат ёварӣ мекунам”.
11 Ҳамаи онҳое, ки бар ту дарғазаб мешаванд, шармандаю расво мегарданд.+
Касоне, ки бо ту меҷанганд, несту нобуд мешаванд.+
12 Касонеро, ки бо ту мубориза мебаранд, меҷӯйӣ, вале нахоҳӣ ёфт,
Аз касоне, ки бо ту меҷанганд, ному нишоне нахоҳад монд.+
14 Натарс, эй Яъқуб, эй кирми бечора,+
Эй мардуми Исроил, ман ба ту мадад мерасонам,— мегӯяд Яҳува, Товондеҳи ту,+ Худои Поки Исроил.—
15 Ман туро чапари ғаллакӯбӣ,+
Чапари нави дандонадоре кардам.
Ту кӯҳҳоро кӯфта, талқон мекунӣ
Ва теппаҳоро ба коҳреза табдил медиҳӣ.
16 Ту онҳоро бод медиҳӣ
Ва шамол онҳоро мебарад,
Тундбод онҳоро пароканда месозад.
17 Дастнигару бечора об меҷӯянд, вале намеёбанд.
Забони онҳо аз ташнагӣ хушк шудааст.+
Ман, Яҳува, онҳоро хоҳам шунид.+
Ман, Худои Исроил, онҳоро тарк нахоҳам кард.+
Ман биёбонро ба кӯли пур аз қамиш
Ва замини беобро ба чашмасор табдил медиҳам.+
19 Ман дар биёбон дарахти сидра,
Ақоқиё, мӯрд ва санавбар мешинонам.+
Дар дашт дарахти арча,
20 То ки тамоми халқ бубинаду бидонад
Ва диққат диҳаду бифаҳмад,
Ки инро дасти Яҳува ба амал овардааст
Ва Худои Поки Исроил офаридааст.+
21 Даъвои худро арз кунед,— мегӯяд Яҳува.—
Далелҳои худро пеш оред,— мегӯяд Подшоҳи Яъқуб.—
22 Исбот оред ва бигӯед, ки дар оянда чӣ рӯй медиҳад.
Чизҳои пешинаро нақл кунед,
То ки дар бораашон андеша кунем ва оқибати онҳоро бифаҳмем,
Ё ояндаро ба мо пешгӯйӣ кунед.+
23 Бигӯед, ки пас аз ин чӣ рӯй медиҳад,
То бидонем, ки шумо худоед.+
Ягон кори нек ё баде бикунед,
То онро дида ба ҳайрат оем.+
24 Аммо шумо ночиз ҳастед
Ва амали шумо ҳеҷ аст.+
Ҳар кӣ шуморо интихоб кунад, нафратовар аст.+
25 Ман аз шимол касеро бархезондаам ва ӯ меояд,+
Ӯ ҳокимонро мисли гил таги по мекунад,+
Чуноне ки кӯзагар лойро поймол мекунад.
26 Кист, ки аз аввал дар бораи ин нақл кард, то мо бидонем
Ё аз давраҳои пеш дар бораи ин гуфт, то мо бигӯем: “Ҳақ бар ҷониби ӯст”?+
Касе инро эълон накардааст!
Касе дар бораи ин хабар надодааст!
Касе аз даҳони шумо чизе нашунидааст!+
27 Ман аввалин шуда ба Сион мегӯям: “Ана, ин чизҳо рӯй медиҳанд!”+ —
Ва ба Ерусалим муждарасонро мефиристам.+
28 Ман менигаристам, вале касе набуд,
Дар байни онҳо маслиҳатгаре ёфт нашуд.
Ман аз онҳо мепурсидам, вале ҷавобе намегирифтам.
29 Ҳамаи онҳо ночизанд.
Амали онҳо ҳеҷ аст.
Бутҳои рехтаи онҳо боди холиянд».+