Ирмиё
19 Яҳува чунин мегӯяд: «Рафта, аз кӯзагар кӯзаи сафолин бихар+ ва аз миёни халқ ва коҳинон ҳамроҳи худ якчанд пирро бигир. 2 Сипас ба водии Писари Ҳиннӯм,+ ки назди даромадгоҳи дарвозаи Сафолпораҳо ҷойгир аст, бирав ва суханонеро, ки ба ту мегӯям, эълон намо. 3 Чунин бигӯ: “Паёми Яҳуваро бишнавед, эй подшоҳони Яҳудо ва мардуми Ерусалим! Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд:
“Ман бар ин макон фалокате меорам, ки кас, агар дар бораи он шунавад, гӯшаш ҷарангос мезанад, 4 зеро онҳо маро тарк карданд+ ва ин маконро бароям бегона сохтанд.+ Дар ин ҷо онҳо ба худоёни дигар қурбонӣ меоранд, ки онҳоро на худашон мешинохтанд, на бобоёнашон ва на подшоҳони Яҳудо. Онҳо ин маконро аз хуни бегуноҳон пур карданд.+ 5 Онҳо барои Баал баландиҳо сохтанд ва дар онҳо писаронашонро чун қурбониҳои сӯхтанӣ оварданд,+ ки инро ман нафармудаву нагуфта будам ва ин ҳатто ба гӯшаи хаёлам наомада буд.+
6 Аз ин рӯ замоне меояд, ки,— мегӯяд Яҳува,— дигар ин макон Тӯфет ё водии Писари Ҳиннӯм хонда намешавад, балки водии Куштор ном мегирад.+ 7 Ман дар ин ҷо нақшаҳои Яҳудо ва Ерусалимро вайрон мекунам. Ман тавре мекунам, ки онҳо аз дами шамшери душманонашон ва аз дасти онҳое, ки қасди ҷонашонро доранд, кушта шаванд. Ман ҷасади онҳоро хӯроки парандагони осмон ва ҷонварони саҳро мегардонам.+ 8 Ман бо ин шаҳр чунон кунам, ки ҳар касе онро бубинад, ба даҳшат афтода, аз ҳайронӣ ба ҳолаш ҳуштак кашад. Ҳар як раҳгузар бо даҳшат ба он назар дӯхта, аз ҳама балоҳое, ки бар сари он омадааст, ба ҳайрат меафтаду ҳуштак мекашад.+ 9 Ман тавре мекунам, ки онҳо гӯшти писарон ва духтаронашонро хӯранд. Ҳар яки онҳо гӯшти ёрашро хоҳад хӯрд, зеро душманон ва онҳое, ки қасди ҷонашонро доранд, онҳоро гирд карда, муҳосира мекунанд ва ба танг меоранд”.+
10 Сипас дар пеши чашми ҳамроҳонат кӯзаро бишкан 11 ва ба онҳо бигӯ: “Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Ман ин халқ ва ин шаҳрро ҳамин тавр мешиканам ва онҳо мисли кӯзаи шикастае мешаванд, ки онро пайванд кардан номумкин аст. Онҳо дар Тӯфет мурдаҳоро гӯр хоҳанд кард, то даме ки ҷой намонад.+
12 Ман бо ин макон ва мардуми он чунин хоҳам кард,— мегӯяд Яҳува,— ман ин шаҳрро мисли Тӯфет мегардонам. 13 Хонаҳои Ерусалим ва подшоҳони Яҳудо мисли ин макон, яъне Тӯфет, нопок мешаванд,+ зеро дар бомҳои ин хонаҳо барои лашкари осмон+ қурбониҳо ва барои худоҳои дигар ҳадияҳои рехтанӣ меоварданд”».+
14 Вақте Ирмиё аз Тӯфет, ки Яҳува ӯро ба он ҷо барои пешгӯйӣ кардан фиристода буд, омад, дар саҳни хонаи Яҳува истода, ба тамоми мардум гуфт: 15 «Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ман бар сари ин шаҳр ва ҳамаи шаҳракҳои тобеаш тамоми фалокатҳоеро, ки гуфта будам, меорам, зеро онҳо гарданшахӣ карда, ба суханони ман гӯш надоданд”».+