Ҳизқиёл
28 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, ба пешвои Сӯр бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
“Дили ту мағрур шудааст+ ва ту мегӯӣ: “Ман мисли Худо ҳастам.
Ман дар миёни баҳр бар тахти Худо нишастаам”.+
Аммо инро бидон, ки ту Худо нестӣ, балки як инсонӣ,
Ҳарчанд дар дилат фикр мекунӣ, ки мисли Худо ҳастӣ.
3 Ту аз Дониёл бохирадтарӣ,+
Ҳеҷ сирре аз ту пӯшида нест.
4 Худро бо фаҳму хирадат бой гардондаӣ,
Дар ганҷинаҳоят тиллову нуқра ҷамъ мекунӣ.+
5 Дар савдогарӣ усто буданат ба ту сарвати зиёд овард+
Ва дилат аз боигарӣ мағрур шуд”.
6 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
“Азбаски ту дар дилат худро мисли Худо медонӣ,
7 Ман бар сари ту бегонагонро, бераҳмтарини халқҳоро, меорам.+
Онҳо бар зебоии хирадат шамшер мекашанд
Ва шукӯҳи ҷалолатро поймол месозанд.+
8 Онҳо туро ба коми гӯр меандозанд
Ва ту дар миёни баҳр бо марги пуразоб мемирӣ.+
9 Оё он вақт ҳам ба кушандаи худ мегӯӣ: “Ман мисли Худо ҳастам”?
Ту дар пеши онҳое, ки туро поймол созанд, одами хокие хоҳӣ буд, на Худо.
10 Ту аз дасти бегонагон мисли як бехатнае мемирӣ,
Зеро инро ман гуфтаам”,— мегӯяд Парвардигор Яҳува».
11 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 12 «Эй фарзанди одам, дар ҳаққи подшоҳи Сӯр марсия* суруда, ба вай бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
13 Ту дар боғи Адан, дар боғи Худо, будӣ
Ва бо сангҳои қиматбаҳо оро ёфта будӣ:
Бо лаъл, ёқути зард, яшм, забарҷад, рухом, яшми сабз, ёқути кабуд, фирӯза+ ва зумуррад.
Нигинхонаву нигиндонҳои ин сангҳоят аз тилло буданд.
Онҳо дар рӯзи офаринишат тайёр шуданд.
14 Ман туро тадҳин намуда*, каррубии сарпаноҳ таъйин кардам.
Ту дар кӯҳи муқаддаси Худо будӣ+ ва дар миёни сангҳои оташбор роҳ мерафтӣ.
15 Ту аз рӯзи офаринишат беайб будӣ,
То даме ки бадкорӣ дар ту ёфт шуд.+
Барои ҳамин ман туро, эй каррубии сарпаноҳ, мисли нопоке
Аз кӯҳи Худо берун карда, нобуд месозам,+
Аз миёни сангҳои оташбор дур меандозам.
Ман туро ба замин мепартоям+
Ва тамошои подшоҳон месозам.
18 Ту муқаддасгоҳҳоятро бо гуноҳи азим ва савдои беинсофонаат нопок сохтӣ.
Ман дар миёни ту оташе меангезам ва он туро фурӯ мебарад,+
Туро пеши назари бинандагонат хокистари рӯйи замин мегардонам.
19 Ҳамаи онҳое, ки дар миёни халқҳо туро мешинохтанд, бо ҳайрат ба ту назар хоҳанд кард.+
Марги ту даҳшатовару ногаҳонӣ хоҳад буд
Ва ту дигар вуҷуд нахоҳӣ дошт”».+
20 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 21 «Эй фарзанди одам, рӯйи худро сӯйи Сидӯн гардонда,+ бар зидди вай пешгӯйӣ кун. 22 Бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
“Ман зидди туям, эй Сидӯн, ва дар миёни ту ҷалол хоҳам ёфт.
Вақте ман ӯро ҷазо дода, дар миёни ӯ поку муқаддас буданамро маълум созам, мардум мефаҳмад, ки ман Яҳува ҳастам.
23 Ман бар ӯ вабо мефиристам ва дар кӯчаҳояш хун ҷорӣ мешавад.
Аз ҳар тараф бар сараш шамшер меояду мардумро куштан мегирад.
Он гоҳ мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам.+
24 Пас аз ин дар гирди хонадони Исроил аз хорбуттаҳои халанда ва хорҳои дардовар,+ яъне халқҳое, ки онҳоро паст мезананд, нишоне намемонад. Он гоҳ мардум мефаҳмад, ки ман Парвардигор Яҳува ҳастам”.
25 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Вақте хонадони Исроилро аз байни халқҳое, ки дар заминҳояшон онҳоро пароканда кардаам,+ ҷамъ орам, ба воситаи онҳо дар пеши чашми халқҳо поку муқаддас мегардам.+ Онҳо дар замине хоҳанд зист,+ ки ба бандаам Яъқуб дода будам.+ 26 Он вақт онҳо тинҷу осуда зиста,+ хонаҳо месозанд ва токзорҳо бунёд мекунанд.+ Ман тамоми халқҳои гирду атрофашонро, ки онҳоро паст мезананд, ҷазо медиҳам.+ Он гоҳ онҳо тинҷу осуда зиста, мефаҳманд, ки ман Яҳува, Худои онҳо, ҳастам”».