Ҳизқиёл
33 Яҳува ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, ба фарзандони халқи худ муроҷиат карда+ бигӯ:
“Фарз кардем, ман ба замине шамшер меорам+ ва мардуми он замин як нафарро гирифта, дидбон таъйин мекунанд. 3 Он дидбон мебинад, ки бар замин шамшер омада истодааст ва шох навохта, мардумро огоҳ мекунад.+ 4 Агар касе садои шохро шунавад, вале ба огоҳӣ бепарвоӣ кунад+ ва шамшер омада, ҷони ӯро бигирад, хуни ӯ бар гардани худаш аст.+ 5 Охир, ӯ садои шохро шунид, вале ба огоҳӣ бепарвоӣ кард. Хуни ӯ бар гардани худаш аст. Агар ӯ ба огоҳӣ гӯш медод, ҷонашро раҳо мекард.
6 Вале, агар дидбон бубинад, ки шамшер омада истодааст, вале шох нанавозаду+ мардумро огоҳ накунад ва шамшер омада, ҷони касеро бигирад, он шахс барои гуноҳи худ мемирад, вале ман хуни ӯро аз дидбон талаб мекунам”.+
7 Эй фарзанди одам, ман туро бар хонадони Исроил дидбон таъйин кардаам. Вақте аз даҳони ман паёме шунавӣ, онро ба мардум бирасон.+ 8 Агар ман ба бадкоре бигӯям: “Эй бадкор, ту ҳатман мемурӣ!”,+ аммо ту чизе ба вай нагӯӣ ва ӯро огоҳ накунӣ, то аз роҳи бадаш гардад, ӯ аз сабаби бадкору хатокор буданаш мемирад,+ вале хуни ӯро ман аз ту металабам. 9 Аммо, агар ту бадкорро огоҳ кунӣ, ки аз роҳи бади худ гардад, вале ӯ гӯш надиҳад, ӯ аз сабаби гуноҳаш мемирад,+ вале ту ҷонатро халос мекунӣ.+
10 Эй фарзанди одам, ба хонадони Исроил бигӯ: “Шумо мегӯед: “Саркашиву гуноҳҳоямон ба мо вазнинӣ мекунад ва мо обу адо мешавем.+ Пас, чӣ тавр боз зинда бимонем?”+ 11 Ба онҳо бигӯ: “Ба ҳаёти худ қасам ки,— мегӯяд Парвардигор Яҳува,— ман аз марги бадкор хушнуд намешавам.+ Ман аз он хушнуд мешавам, ки кас аз роҳи бадаш гардаду+ зинда монад.+ Гардед, аз роҳи бади худ гардед,+ эй хонадони Исроил, охир, чаро бимиред?”+
12 Эй фарзанди одам, ба фарзандони халқи худ бигӯ: “Агар росткор саркашӣ кунад, росткорияш ӯро халос намекунад.+ Бадкор низ, агар аз бадкорияш даст кашад, шикаст намехӯрад.+ Ягон росткорро росткорияш дар рӯзи гуноҳ карданаш наҷот намедиҳад.+ 13 Агар ман ба росткор бигӯям, ки “Ту ҳатман зинда мемонӣ”, вале ӯ ба росткорияш такя карда, ба беинсофӣ рӯ орад,+ ягон кори дурусти ӯ ба хотир оварда намешавад ва ӯ барои бадкорияш мемирад.+
14 Вақте ман ба бадкор бигӯям: “Ту ҳатман мемирӣ”, ва ӯ аз гуноҳи худ даст кашида, ба инсофу росткорӣ рӯ орад,+ 15 чизеро, ки гарав гирифтааст, баргардонад,+ чизеро, ки ғорат кардааст, боздиҳад+ ва фармудаҳои ҳаётбахшро ба ҷо оварда, ба бадӣ даст назанад, ӯ ҳатман зинда мемонад.+ Ӯ намемирад. 16 Ягон гуноҳаш ба ёд оварда намешавад.+ Модоме ки ӯ ба инсофу росткорӣ рӯ овард, ҳатман зинда мемонад”.+
17 Халқи ту мегӯяд: “Корҳои Яҳува беинсофона аст”, ҳол он ки корҳои худашон беинсофона аст.
18 Агар росткоре аз роҳи рост гашта, ба бадкорӣ рӯ орад, вай барои ин кораш мемирад.+ 19 Агар бадкоре аз бадкорӣ даст кашида, аз рӯйи адлу инсоф рафтор намояд, вай барои ин кораш зинда мемонад.+
20 Вале шумо мегӯед: “Корҳои Яҳува беинсофона аст”.+ Ман ҳар яки шуморо аз рӯйи корҳоятон доварӣ мекунам, эй хонадони Исроил».
21 Пас аз чанде, дар соли 12-уми асирии мо, дар рӯзи панҷуми моҳи даҳум, гурезае аз Ерусалим назди ман омада,+ гуфт: «Шаҳр ба дасти душман афтод!»+
22 Як рӯз пеш аз омадани он гуреза, бегоҳи он рӯз, дасти Яҳува бар ман ниҳода шуд ва ӯ, пеш аз он ки он марди гуреза саҳарӣ наздам ояд, даҳони маро кушод. Забони ман кушода шуд ва ман дигар хомӯш набудам.+
23 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 24 «Эй фарзанди одам, сокинони ин вайронаҳо+ дар бораи замини Исроил мегӯянд: “Иброҳим як худаш буду ин заминро мерос гирифт,+ мо бошем, бисёрем: бешак, ин замин ба мо мерос дода шудааст”.
25 Барои ҳамин ба онҳо бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Шумо гӯштро бо хунаш мехӯред,+ ба бутҳои ҳароматон* рӯ меоред ва хун мерезед.+ Наход бо ин корҳоятон он заминро мерос гиред? 26 Шумо ба шамшери худ таваккал мекунед,+ ба корҳои нафратовар даст мезанед ва бо зани якдигар ҳамхоб мешавед.+ Наход бо ин корҳоятон он заминро мерос гиред?”+
27 Ба онҳо бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ба ҳаёти худ қасам ки, онҳое, ки дар вайронаҳо зист мекунанд, аз дами шамшер мемиранд, онҳоеро, ки дар саҳроянд, туъмаи даррандагон месозам ва онҳое, ки дар истеҳкому ғорҳоянд, аз касалӣ мемуранд.+ 28 Ман он заминро харобазори беодам мегардонам+ ва аз ғуруру ҳавобаландии он чизе намемонад. Кӯҳҳои Исроил бекас мешаванд+ ва пойи раҳгузаре ба он ҷо намерасад. 29 Вақте он заминро аз пушти корҳои нафратоварашон+ харобазори беодам созам,+ мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам”.
30 Эй фарзанди одам, халқи ту дар таги девору пеши дари хонаҳо бо якдигар дар бораи ту сухан меронад.+ Ҳар яке ба дигаре, ба бародари худ, мегӯяд: “Биё рафта, паёми Яҳуваро бишнавем”. 31 Онҳо ҷамъ хоҳанд шуд ва мисли халқи ман дар пеши ту хоҳанд нишаст. Онҳо гапи туро гӯш кунанд ҳам, ба ҷо нахоҳанд овард,+ чунки бо даҳон ба ту хушомад мекунанд, вале дилашон аз пайи ризқи ҳаром аст. 32 Ту барои онҳо суруди ошиқонае ҳастӣ, ки бо овози форам суруда ва бар тори сознок моҳирона навохта мешавад. Онҳо туро хоҳанд шунид, вале як нафарашон ҳам суханатро ба ҷо нахоҳад овард. 33 Вақте суханат рост барояд (бидон, ки он ҳатман рост мебарояд), ин мардум мефаҳмад, ки дар миёнашон пайғамбаре буд».+