Юил
3 «Дар он айём ва дар он рӯзҳое ки
Ман асирони Яҳудо ва Ерусалимро баргардонам,+
2 Ҳамаи халқҳоро ҷамъ карда,
Ба водии Еҳушофот* меорам.
Ман ба хотири халқам ва меросам Исроил
Онҳоро дар он ҷо доварӣ мекунам,+
Чунки халқамро дар миёни халқҳои дигар пароканда карданд
Ва замини маро байни худ тақсим намуданд.+
3 Онҳо барои халқи ман қуръа мепартофтанд,+
Писарро барои киро кардани фоҳиша медоданд
Ва духтарро дар ивази шароб мефурӯхтанд.
4 Ман ба шумо чӣ кардам,
Эй Сӯру Сидӯн ва тамоми минтақаҳои Фалиштӣ?
Оё маро барои ягон корам ҷазо доданиед?
Агар ҷазо доданӣ бошед,
Ман дарҳол, ба зудӣ ҷазои шуморо ба сари худатон меорам.+
5 Шумо нуқраву тиллои маро гирифтед,+
Ганҷҳои беҳтарини маро ба бутхонаҳои худ овардед
6 Ва мардуми Яҳудову Ерусалимро ба юнониҳо фурӯхтед,+
То онҳоро аз заминашон дур кунед.
7 Вале ман онҳоро аз замине, ки ба он ҷо фурӯхтед, бармегардонам,+
Ҷазои шуморо бошад, ба сари худатон меорам.
8 Ман писарону духтарони шуморо ба халқи Яҳудо мефурӯшам,+
То онҳоро ба мардуми Сабо, ба халқи дурдасте, бифурӯшанд.
Инро худи Яҳува гуфтааст.
9 Ба халқҳо эълон кунед:+
“Ба ҷанг тайёр шавед! Ҷанговаронро бархезонед!
Бигзор ҳамаи сарбозон наздик омада, ҳуҷум кунанд!+
10 Аз позаҳои* худ шамшерҳо ва аз каҷкордҳои* худ найзаҳо бисозед.
Бигзор нотавон бигӯяд: “Ман тавоно ҳастам”.
11 Эй халқҳои гирду атроф, ҷамъ шавед, омада, ёрӣ диҳед!”»+
Эй Яҳува, паҳлавонони худро ба он ҷо фуруд ор.
12 «Бигзор халқҳо бархеста, ба водии Еҳушофот оянд,
Зеро ман дар он ҷо нишаста, тамоми халқҳои атрофро доварӣ мекунам.+
13 Досро ба кор андозед, зеро ҳосил расидааст.
Фаромада, поймол кунед, зеро чархушт пур шудааст,+
Ҳавзҳо лабрез гаштаанд, зеро онҳо бадии бисёр кардаанд.
14 Мардум, мардуми бисёр, дар водии доварӣ ҷамъ шудааст,
Зеро рӯзи доварии Яҳува дар ин водӣ наздик аст.+
15 Офтобу моҳ тира мешавад
Ва ситорагон дигар намедурахшанд.
16 Яҳува аз Сион наъра хоҳад зад
Ва овози худро аз Ерусалим баланд хоҳад кард.
Он гоҳ осмону замин ба ларза меояд,
Вале Яҳува барои халқаш паноҳгоҳ мешавад,+
Барои халқи Исроил қалъа мегардад.
17 Он гоҳ шумо хоҳед донист, ки ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам ва дар Сион, бар кӯҳи муқаддаси худ, сокинам.+
18 Дар он рӯз аз кӯҳҳо шароби нав мечакад,+
Аз теппаҳо шир ҷорӣ мешавад
Ва ҳамаи ҷӯйҳои Яҳудо пуроб мегарданд.
Аз хонаи Яҳува чашмае берун меояд+
Ва водии Ақоқиёзорро сероб мекунад.
19 Миср бошад, беодам мешавад+
Ва Адӯм биёбони хароба мегардад,+
Зеро онҳо ба халқи Яҳудо зулм карданд+
Ва дар заминаш хуни бегуноҳ рехтанд.+
20 Аммо Яҳудо ҳамеша серодам хоҳад буд
Ва Ерусалим аз насл ба насл холӣ нахоҳад шуд.+
21 Онҳо дар назарам бегуноҳ набуданд, вале ҳоло онҳоро бегуноҳ хоҳам донист.+
Яҳува дар Сион сокин хоҳад шуд».+