Малокӣ
1 Паём.
Яҳува ба воситаи Малокӣ* ба Исроил чунин паём фиристод:
2 «Ман шуморо дӯст доштам,+— мегӯяд Яҳува.—
Аммо шумо мегӯед: “Чӣ тавр ту моро дӯст доштӣ?”
Магар Эсов бародари Яъқуб набуд?+ — мегӯяд Яҳува.— Аммо ман Яъқубро дӯст доштаму 3 аз Эсов нафрат кардам.+ Ман кӯҳистони ӯро харобазор гардондам+ ва мулки меросияшро ба шағолони биёбон додам.+
4 Адӯм мегӯяд: “Моро валангор карданд, лекин мо баргашта, вайронаҳоро аз нав бино мекунем”, Яҳува, Худои лашкарҳо, бошад, чунин мегӯяд: “Онҳо бино мекунанд, вале ман вайрон мекунам ва онҳо “макони бадӣ” ва “халқе, ки Яҳува то абад маҳкум кардааст” номида мешаванд.+ 5 Чашмони шумо инро мебинанд ва шумо мегӯед: “Бигзор Яҳува дар саросари Исроил ҷалол ёбад”.
6 Яҳува, Худои лашкарҳо, ба шумо, эй коҳиноне*, ки номи маро хор медоред,+ чунин мегӯяд: “Писар падарро ва хизматгор хӯҷаинашро эҳтиром мекунад.+ Пас, агар ман падар бошам,+ иззати ман куҷост?+ Агар хӯҷаин бошам, тарс аз ман* куҷост?”
Вале шумо мегӯед: “Чӣ тавр мо номи туро хор доштаем?”
7 Бо он ки бар қурбонгоҳам хӯроки нопокро мегузоред.
Шумо боз мегӯед: “Чӣ тавр мо туро нопок гардондаем?”
Бо он ки мегӯед: “Мизи Яҳува+ сазовори эҳтиром нест”. 8 Вақте ҳайвони кӯрро қурбонӣ мекунед, шумо мегӯед: “Ҳеҷ гап нест”. Ҳайвони ланг ё касалро низ пешкаш карда, мегӯед: “Бадие надорад”.+
Агар ин ҳайвонҳоро ба ҳокимат пешкаш кунӣ, оё онҳоро меписандад ва аз ту розӣ мешавад? — мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.—
9 Акнун сӯйи Худо зориву илтиҷо кунед, ки ба мо лутфу марҳамат намояд. Оё бо чунин қурбониҳои дастатон ӯ ба ягонтои шумо лутфу марҳамат мекунад? — мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.—
10 Кадоме аз шумо бо ихтиёри худ дарҳоро мебандад?*+ Охир, шумо бепул ҳатто оташи қурбонгоҳамро дарнамегиронед.+ Ман аз шумо розӣ нестам,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо,— ва ягон ҳадияи шумо ба ман писанд нест.+
11 Номи ман аз шарқ то ғарб дар миёни халқҳо бузург мегардад.+ Дар ҳар ҷо қурбониҳо оварда дуд мебароранду ба номи ман ҳадияҳо, ҳадияҳои пок, пешкаш мекунанд, зеро номи ман дар миёни халқҳо бузург мегардад,+— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.—
12 Аммо шумо “мизи Яҳува нопок аст, ҳадияи он, хӯроки он, нафратовар аст”+ гуфта, номамро хор медоред*.+ 13 Шумо ҳамчунин мегӯед: “Ин чӣ заҳмат аст!”, ва ба он нигариста, рӯй турш мекунед,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.— Шумо ҳайвонҳои дуздӣ, ланг ва касалро меоред ва онҳоро чун ҳадия пешкаш мекунед! Оё онҳоро аз дастатон қабул кунам?+ — мегӯяд Яҳува.—
14 Лаънат ба фиребгаре, ки дар рамааш чорвои солим дорад, аммо назр карда*, чорвои нуқсондорро ба Яҳува қурбонӣ меорад. Охир, ман Подшоҳи бузургам+ ва номи ман дар миёни халқҳо пурҳашамат мегардад,+— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо».