Марқус
6 Исо аз он ҷо баромада, ба маҳалли худ+ рафт ва шогирдонаш ҳамроҳи ӯ рафтанд. 2 Рӯзи шанбе ӯ ба ибодатхона даромада, ба таълим додан сар кард ва аксари шунавандагонаш ҳайрон шуда гуфтанд: «Ӯ ҳамаи ин чизҳоро аз куҷо медонад?+ Чӣ тавр ин мард соҳиби чунин хирад шудааст ва чӣ тавр ӯ чунин муъҷизаҳоро ба амал меорад?+ 3 Магар ин ҳамон дуредгар+ нест, ки модараш Марям+ ва бародаронаш Яъқуб,+ Юсуф, Яҳудо ва Шимъӯн+ ном доранд? Оё хоҳарони ӯ дар ин ҷо бо мо нестанд?» Ҳамин тавр, онҳо ба ӯ имон наоварданд*. 4 Исо бошад, ба онҳо гуфт: «Пайғамбар дар ҳама ҷо қадр дораду дар кишвари худ, дар байни хешовандон ва хонаводаи худ, не».+ 5 Ӯ дар он ҷо ягон кори бузурге ба амал наовард, ғайр аз он ки бар якчанд бемор даст гузошта онҳоро шифо дод. 6 Баъд аз ин Исо, ки аз беимонии онҳо дар ҳайрат монда буд, дар қишлоқҳои гирду атроф гашта, мардумро таълим медод.+
7 Исо 12 расулашро назди худ хонд ва онҳоро дунафарӣ фиристоду+ ба онҳо қудрат дод, ки рӯҳҳои нопокро аз одамон берун кунанд.+ 8 Ҳамчунин ӯ ба онҳо фармуд, ки барои сафар бо худ ғайр аз асо чизе нагиранд: на нон, на тӯшаи роҳ, на пуле* дар камарбандашон,+ 9 балки бо ҳамон пойафзоле, ки пӯшида буданд, ва либосе, ки дар бар доштанд,* ба роҳ бароянд. 10 Сипас ӯ ба онҳо гуфт: «Дар ҳар ҷо ба ҳар хонае, ки дароед, то аз он маҳал рафтанатон дар ҳамон хона бимонед.+ 11 Агар дар ягон ҷой шуморо қабул накунанд ва ба суханонатон гӯш надиҳанд, ҳангоми аз он ҷо баромаданатон чанги поятонро афшонед*, то барои онҳо шаҳодате шавад».+ 12 Расулон рафта, ба одамон эълон мекарданд, ки бояд тавба кунанд.+ 13 Онҳо девҳои бисёрро аз одамон берун мекарданд+ ва беморони зиёдро равған молида шифо медоданд.
14 Ин ба гӯши шоҳ Ҳиродус* расид, зеро номи Исо вирди забони мардум гашта буд ва онҳо мегуфтанд: «Яҳёи Таъмиддиҳанда аз мурдагон зинда шудааст, аз ин сабаб ӯ ин муъҷизаҳоро ба амал меорад».+ 15 Дигарон мегуфтанд: «Ин пайғамбар Илёс аст». Баъзеи дигар бошанд, чунин мегуфтанд: «Вай пайғамбар аст, мисли яке аз пайғамбарони замони пеш».+ 16 Лекин Ҳиродус инро шунида гуфт: «Ин Яҳёст, ки ман сарашро аз танаш ҷудо карда будам, ва ҳоло ӯ зинда шудааст». 17 Пеш аз ин худи Ҳиродус кас фиристода, фармуда буд, ки Яҳёро дастгир ва бандубаст кунанду ба зиндон партоянд. Вай инро барои он кард, ки Ҳиродия, ҳамсари бародараш Филиппусро, ки ба занӣ гирифта буд,+ хурсанд кунад, 18 зеро Яҳё ба Ҳиродус мегуфт: «Раво нест, ки ҳамсари бародаратро ба занӣ гирӣ».+ 19 Ҳиродия ба Яҳё дар дил кина дошт ва мехост ӯро кушад, лекин инро карда наметавонист, 20 чунки Ҳиродус аз Яҳё метарсид ва ба ӯ зараре намерасонд. Вай медонист, ки ӯ одами росткору худотарс аст.+ Ҳар боре ки Ҳиродус суханони Яҳёро мешунид, бо вай чӣ кор карданашро намедонист, бо вуҷуди ин гӯш кардани Яҳё ба вай маъқул буд.
21 Рӯзе барои Ҳиродия фурсати муносиб расид: Ҳиродус дар зодрӯзаш+ барои мансабдорон, мириҳазорон ва калоншавандагони вилояти Ҷалил зиёфате орост.+ 22 Дар он ҷашн духтари Ҳиродия омада, дар назди Ҳиродус ва онҳое, ки бо ӯ дар сари дастархон менишастанд, рақс кард ва рақси ӯ ба онҳо маъқул шуд. Шоҳ ба духтар гуфт: «Ҳар чӣ дилат кашад, аз ман хоҳиш кун ва ман онро ба ту медиҳам». 23 Ҳиродус ба вай қасам хӯрда гуфт: «Ҳар чизе аз ман хоҳиш кунӣ, ба ту медиҳам, ҳатто нисфи мамлакатамро». 24 Духтар рафта, аз модараш пурсид: «Чӣ хоҳиш кунам?» Модараш ҷавоб дод: «Каллаи Яҳёи Таъмиддиҳандаро». 25 Вай ҳамон дам давида, ба пеши подшоҳ рафт ва аз ӯ хоҳиш кард: «Мехоҳам худи ҳозир ба ман дар табақе каллаи Яҳёи Таъмиддиҳандаро диҳӣ».+ 26 Шоҳ аз ин сахт ғамгин шуд, лекин ба хотири қасамҳое, ки дар пеши меҳмононаш хӯрда буд, хоҳиши духтарро рад кардан нахост. 27 Бинобар ин шоҳ ҳамон дам сарбозашро фиристод ва фармуд, ки каллаи Яҳёи Таъмиддиҳандаро биёрад. Он сарбоз рафт ва дар зиндон сари Яҳёро аз танаш ҷудо карда, 28 дар табақе овард. Ӯ онро ба духтар дод ва духтар онро ба модараш бурд. 29 Вақте ки шогирдони Яҳё инро фаҳмиданд, омада, ҷасади ӯро гирифтанд ва дар қабр монданд.
30 Расулон дар гирди Исо ҷамъ омаданд ва дар бораи ҳар он чӣ карданд ва таълим доданд, ба ӯ нақл карданд.+ 31 Азбаски омадурафт зиёд буд ва онҳо ҳатто барои хӯрокхӯрӣ вақт намеёфтанд, Исо ба онҳо гуфт: «Биёед ба ягон ҷойи беодам равем, то шумо каме дам гиред».+ 32 Онҳо ба қаиқ нишаста, ба ҷойи беодаме равона шуданд, то танҳо бимонанд.+ 33 Лекин, вақте мардум инро диданду бисёриҳо аз ин бохабар шуданд, одамон аз тамоми шаҳрҳо ба он маҳал давида рафтанд ва пеш аз Исову расулон ба он ҷо расиданд. 34 Аз қаиқ фаромада, Исо мардуми бисёреро дид ва дилаш ба онҳо сӯхт,+ зеро онҳо мисли гӯсфандони бечӯпон буданд.+ Он гоҳ ӯ чизҳои бисёрро ба онҳо таълим додан гирифт.+
35 Қарибиҳои бегоҳ шогирдонаш назди ӯ омада, гуфтанд: «Ин ҷо ҷойи беодам аст ва аллакай бегоҳ шуда истодааст.+ 36 Мардумро ҷавоб деҳ, то ба қишлоқҳо ва маҳалҳои гирду атроф рафта, барои худ хӯрок харанд».+ 37 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед». Онҳо гуфтанд: «Оё мехоҳӣ, ки рафта, ба 200 динор* нон харем ва онро ба мардум диҳем?»+ 38 Ӯ ба онҳо гуфт: «Чандто нон доред? Рафта, бинед». Чанде пас онҳо омада, гуфтанд: «Панҷто нон ва ду моҳӣ».+ 39 Он гоҳ ӯ ба мардум фармуд, ки даста-даста шуда дар рӯйи сабза нишинанд*.+ 40 Онҳо 100-нафарӣ ва 50-нафарӣ тақсим шуда, дар рӯйи замин нишастанд. 41 Исо панҷ нону ду моҳиро гирифта, ба осмон нигоҳ карду дуо гуфт.+ Баъди ин ӯ нонҳоро шикаста, ба шогирдонаш дод, то ба одамон тақсим кунанд, ва ду моҳиро ҳам ба ҳама тақсим кард. 42 Ҳама хӯрда сер шуданд 43 ва аз нонпораҳо, ғайр аз моҳӣ, 12 сабадро пур карданд.+ 44 Онҳое, ки нон хӯрда буданд, 5000 мард буданд.
45 Сипас Исо дарҳол ба шогирдонаш фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пешопеши ӯ ба тарафи Байт-Сайдо шино кунанд, худаш бошад, барои ҷавоб додани мардум дар он ҷо монд.+ 46 Баъд аз он ки вай бо онҳо хайрухуш кард, барои дуогӯйӣ ба кӯҳ баромад.+ 47 Шомгоҳон, вақте қаиқ ба миёнаи баҳр расида буд, Исо дар болои кӯҳ танҳо буд.+ 48 Қарибиҳои саҳар* ӯ дид, ки шогирдонаш бо азоб қаиқ меронанд, зеро шамол муқобили онҳо мевазид. Он гоҳ Исо рӯ-рӯйи об роҳ гашта, сӯйи онҳо омад, лекин ба назар чунин метофт, ки ӯ аз пеши шогирдонаш гузашта рафтанӣ аст. 49 Вақте онҳо диданд, ки Исо дар рӯйи баҳр қадам зада меояд, чунин фикр карданд: «Ин хоб аст ё бедорӣ?», ва бо овози баланд дод заданд, 50 зеро ҳамаи онҳо ӯро дида ба изтироб омаданд. Лекин ӯ дарҳол ба онҳо гуфт: «Ором бошед! Натарсед! Ин манам».+ 51 Сипас ӯ ба қаиқ нишаст ва шамол ором шуд. Инро дида шогирдон сахт ҳайрон шуданд, 52 зеро то ҳол ба маънои муъҷизае, ки ӯ бо нон кард, сарфаҳм нарафта буданд ва дилҳояшон то ҳол барои фаҳмидан маҳкам буд.
53 Ба соҳили дигар гузашта, онҳо ба маҳали Ҷинесор омаданд ва дар наздикиҳои он ҷо лангар* андохтанд.+ 54 Лекин, ҳамин ки онҳо аз қаиқ фаромаданд, одамон ӯро шинохтанд. 55 Онҳо давида, ба сокинони гирду атрофи он маҳал хабар доданд ва мардум аз ҳар гӯшаву канор беморонро ба рӯйи бистар хобонда, ба назди ӯ овардан гирифтанд. 56 Дар ҳар ҷое ки ӯ ба қишлоқ ё шаҳру ноҳияе медаромад, онҳо беморонро дар бозорҳо мегузоштанд ва илтиҷо мекарданд, ки ӯ иҷозат диҳад ақаллан ба домани либосаш даст расонанд,+ ва ҳар касе, ки даст мерасонд, аз дарди худ шифо меёфт.