1 Қӯринтиён
13 Агар ба забонҳои одамон ва фариштагон гап занам, вале муҳаббат надошта бошам, ман миси пурсадо ё санҷи* ҷарангосие ҳастам. 2 Агар атои пешгӯйӣ дошта бошам, агар ба тамоми сирру асрори муқаддас сарфаҳм равам, соҳиби тамоми дониш бошам+ ва имонам чунон қавӣ бошад, ки кӯҳҳоро кӯчонда тавонам, аммо муҳаббат надошта бошам, ҳеҷам*.+ 3 Агар барои сер кардани дигарон тамоми дороиямро тақсим кунам+ ва барои лоф задан ҷонамро фидо кунам, аммо муҳаббат надошта бошам,+ бароям фоидае нест.
4 Муҳаббат+ пуртоқат+ ва меҳрубон+ аст, муҳаббат рашк намекунад*,+ манманӣ намекунад, мағрур намешавад,+ 5 беодобӣ намекунад,+ фоидаи худро намеҷӯяд,+ ба хашм намеояд,+ ба дил кина намегирад*,+ 6 аз бадӣ хурсанд намешавад,+ балки аз ростӣ шод мегардад. 7 Муҳаббат ҳама чизро рӯпӯш мекунад,+ ба ҳама чиз бовар дорад,+ ба ҳама чиз умед мебандад,+ ба ҳама чиз тоб меорад.+
8 Муҳаббат ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад*. Вале атои пешгӯйӣ, забонҳо ё дониш аз байн меравад, 9 зеро дониши мо пурра нест+ ва мо қисман пешгӯйӣ мекунем. 10 Аммо, вақте ки он чӣ пурра аст, биёяд, чизе, ки қисман аст, аз байн меравад. 11 Вақте ман кӯдак будам, кӯдаквор гап мезадам, кӯдаквор фикр мекардам, кӯдаквор андеша мерондам, лекин, ҳоло ки мард шудаам, кӯдакиро як сӯ гузоштам. 12 Ҳоло мо ҳама чиро гӯё дар оинаи хира* мебинем, вале он вақт равшан хоҳем дид, гӯё рӯ ба рӯямон бошад. Ҳозир ман қисман медонам, вале он вақт аниқ* хоҳам донист, чи тавре ки Худо маро медонад. 13 Лекин се чиз боқӣ мемонад: имон, умед ва муҳаббат, вале муҳаббат аз ҳамаи онҳо бузургтар аст.+