5 Мӯсо
14 Шумо писарони Худоятон Яҳува ҳастед. Барои мурда бадани худро захмдор накунед+ ва абруҳои худро натарошед.+ 2 Ту барои Худоят Яҳува халқи муқаддас ҳастӣ+ ва Яҳува туро аз миёни тамоми халқҳои рӯйи замин хуш кард, то халқи ӯ ва аз миёни халқҳо ганҷи барчидаи ӯ бошӣ.+
3 Ҳеҷ чизи ҳаромро нахӯред.+ 4 Ин ҳайвонҳоро метавонед бихӯред:+ гов, гӯсфанд, буз, 5 гавазн, ғизол, оҳу, бузи ёбоӣ, бузи кӯҳӣ, гӯсфанди ёбоӣ ва гӯсфанди кӯҳӣ. 6 Ҳар ҳайвонеро, ки ҷуфтсум бошад, яъне сумаш ду тақсим шуда бошад ва кафша кунад, метавонед бихӯред. 7 Аммо ин ҳайвонҳоеро, ки кафша мекунанд ё ҷуфтсуманд, нахӯред: шутур, заргӯш ва харгӯши кӯҳӣ*, зеро онҳо кафша мекунанд, лекин ҷуфтсум нестанд. Онҳо барои шумо ҳароманд.+ 8 Инчунин хук, ки ҷуфтсум асту кафша намекунад, барои шумо ҳаром аст. Гӯшти онҳоро нахӯред ва ба ҷасади онҳо даст нарасонед.
9 Аз байни ҷонварони обӣ инҳоро хӯрда метавонед: ҳар он чӣ боли шиноварӣ ва пулакча дорад.+ 10 Аммо ҳар ҷонвареро, ки боли шиноварӣ ва пулакча надорад, нахӯред. Он барои шумо ҳаром аст.
11 Ҳар парандаи покро метавонед бихӯред. 12 Аммо инҳоро нахӯред: уқоб, уқоби моҳигир, каргас,+ 13 калхоти сурх, калхоти сиёҳ ва ҳар навъ калхотро*, 14 ва ҳар навъ зоғро, 15 шутурмурғ, чуғз, ёҳу ва ҳар навъ бозро, 16 чуғзи хурд, чуғзи гӯшдароз, қу, 17 мурғи саққо, лошахӯр, моҳихӯрак, 18 лаклак, ҳар навъ ҳавосилро*, шонасарак* ва кӯршабпаракро. 19 Ҳар гуна ҳашароте, ки бол дорад, барои шумо ҳаром аст, онҳоро нахӯред. 20 Ҳар гуна ҷонвари болдореро, ки пок аст, хӯрда метавонед.
21 Агар ҳайвони ҳароммурдаро ёбед, онро нахӯред.+ Метавонӣ онро ба ғарибе, ки дар шаҳрҳои ту зиндагӣ мекунад, барои хӯрдан бидиҳӣ ё ба бегонае фурӯшӣ. Ту барои Худоят Яҳува халқи муқаддас ҳастӣ.
Бузғоларо дар шири модараш напаз.+
22 Аз тамоми ҳосили тухмии худ, ки сол ба сол аз киштзорат ҷамъ мекунӣ, ҳатман даҳяк бидеҳ.+ 23 Даҳяки ғалла, шароби нав, равған ва нахустзодаи гову молатро, дар ҷое ки Худоят Яҳува чун ҷойгоҳи номаш хуш кунад, бихӯр,+ то доимо аз Худоят Яҳува тарсиданро биомӯзӣ.+
24 Аммо, агар ҷое, ки Худоят Яҳува барои номи худ хуш кунад,+ аз ту хеле дур бошаду роҳи сафар ба он дурудароз бошад ва Худоят Яҳува туро баракат дода бошаду ту ҳосили худро ба он ҷо бурда натавонӣ, 25 метавонӣ онро фурӯхта пул кунӣ ва бо он пул, ба ҷое ки Худоят Яҳува хуш кунад, равӣ. 26 Бо он пул ҳар он чӣ дилат хоҳад, харида метавонӣ: гов, гӯсфанд, буз ва шаробу дигар нӯшокиҳои мастиовар ё дигар чизи дилхоҳат. Онҳоро ба ҳузури Худоят Яҳува бихӯр ва бо аҳли хонаводаат хурсандӣ кун.+ 27 Левизодаеро низ, ки дар шаҳри ту зиндагӣ мекунаду дар мулки меросии ту ба вай ҳиссае дода нашудааст,+ фаромӯш накун.+
28 Дар охири ҳар се сол даҳяки пурраи ҳосили ҳамон солро гирифта, дар шаҳрат захира кун.+ 29 Он гоҳ левизода, ки дар мулки меросии ту ба вай ҳиссае дода нашудааст, ғариб, ятим ва бевазан, ки дар шаҳри ту зиндагӣ мекунад, метавонанд омада, бихӯранд ва сер шаванд.+ Агар ин тавр кунӣ, Худоят Яҳува ҳама корҳоятро баракат медиҳад.+