Доварон
3 Инҳоянд халқҳое, ки Яҳува боқӣ гузошт, то ки ба воситаи онҳо ҳамаи исроилиёнеро, ки боре ҳам бо канъониён наҷангида буданд, бисанҷад+ 2 (то наслҳои ояндаи исроилиён — ҳамаи онҳое, ки ҷангро надида буданд, чӣ будани онро бифаҳманд): 3 панҷ ҳокими фалиштиён,+ тамоми канъониён, сидӯниён+ ва ҳиввиён,+ ки дар кӯҳсори Лубнон,+ аз кӯҳи Баал-Ҳермӯн то ба Лебӯ-Ҳамот*,+ сокин буданд. 4 Онҳо барои санҷидани Исроил буданд, то маълум шавад, ки Исроил ба амрҳои Яҳува, ки ӯ ба воситаи Мӯсо ба падаронашон дода буд, итоат мекунанд ё не.+ 5 Ҳамин тавр исроилиён дар миёни канъониён,+ ҳиттиён, амӯриён, фариззиён, ҳиввиён ва ябусиён зиндагӣ мекарданд. 6 Исроилиён духтарони онҳоро ба занӣ мегирифтанд ва духтарони худро ба писарони онҳо медоданд ва худоёни онҳоро парастиш менамуданд.+
7 Исроилиён он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал оварданд. Онҳо Яҳува, Худои худро, фаромӯш карда, Баалҳо+ ва Ашераҳоро* парастиш намуданд.+ 8 Аз ин хашми Яҳува бар Исроил аланга зад ва ӯ онҳоро ба дасти Кушан-Ришъотаим, подшоҳи Байнаннаҳрайн*, супурд* ва онҳо ҳашт сол ба Кушан-Ришъотаим хизмат карданд. 9 Вақте ки исроилиён зора зада аз Яҳува мадад пурсиданд,+ Яҳува ба онҳо халосгареро дод,+ ки Отниили+ писари Қеназ, додари Колеб, буд. 10 Рӯҳи Яҳува бар вай фаромад+ ва ӯ довари Исроил шуд. Вақте ки ӯ ба ҷанг баромад, Яҳува Кушан-Ришъотаим, подшоҳи Байнаннаҳрайнро*, ба дасташ супурд ва ӯ бар Кушан-Ришъотаим дастболо гашт. 11 Баъд аз ин замин 40 сол осоиш ёфт. Чанде пас Отниили писари Қеназ вафот кард.
12 Исроилиён боз он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал овардан гирифтанд.+ Он гоҳ Яҳува гузошт, ки Эҷлӯн, подшоҳи Мӯоб,+ бар исроилиён дастболо шавад, чунки онҳо он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал оварданд. 13 Ғайр аз ин, ӯ бар зидди онҳо аммӯниён+ ва амолеқиёнро+ овард. Онҳо ба Исроил ҳамла оварда, шаҳри нахлҳоро+ забт намуданд. 14 Исроилиён ба Эҷлӯн, подшоҳи Мӯоб, 18 сол хизмат карданд.+ 15 Баъд исроилиён зора зада аз Яҳува мадад пурсиданд+ ва Яҳува ба онҳо халосгаре,+ Эҳуди+ писари Ҷерои бинёминиро,+ дод, ки чапдаст буд.+ Чанде пас онҳо бо дасти ӯ ба Эҷлӯн, подшоҳи Мӯоб, хироҷ фиристоданд. 16 Эҳуд барои худ шамшери дудамае сохта буд, ки як газ* дарозӣ дошт. Ӯ шамшерро дар таги либосаш бар рони рости худ овехт. 17 Сипас вай хироҷро ба Эҷлӯн, подшоҳи Мӯоб, тақдим кард. Бояд гуфт, ки Эҷлӯн марди хеле фарбеҳ буд.
18 Пас аз он ки Эҳуд хироҷро пешкаш намуд, хироҷбардоронро, ки ҳамроҳаш буданд, гусел кард. 19 Лекин, ҳамин ки онҳо то бутҳои* Ҷилҷол+ расиданд, ӯ назди шоҳ баргашту гуфт: «Эй подшоҳ, ба ту хабари махфие дорам». Подшоҳ гуфт: «Хомӯш!» Он гоҳ ҳамаи хизматгузоронаш аз пеши ӯ баромаданд. 20 Эҳуд ба назди шоҳ, ки дар болохонаи салқин танҳо нишаста буд, омад. Ӯ гуфт: «Ман барои ту аз ҷониби Худо хабаре дорам». Шоҳ аз тахти худ бархест 21 ва Эҳуд бо дасти чапи худ шамшерро аз рони росташ кашида, ба шиками ӯ зад. 22 Шамшер бо теғ ва дастааш даромад ва чарбу теғро пӯшонид, чунки вай шамшерро аз шиками ӯ набаровард, ва ахлоташ берун омад. 23 Эҳуд дарҳои болохонаро аз пасаш пӯшида, қулф кард ва аз айвонча* баромада рафт. 24 Баъд аз он ки ӯ рафт, хизматгорон баргаштанд ва диданд, ки дарҳои болохона қулф аст. Онҳо гуфтанд: «Аз афташ, ӯ барои қазои ҳоҷат дар хонаи салқини дарунӣ аст». 25 Онҳо хеле интизор шуда, оқибат хавотир гаштанд. Вақте онҳо диданд, ки ӯ дарҳои болохонаро намекушояд, калидро гирифта, дарҳоро кушоданд ва диданд, ки хӯҷаинашон дар рӯйи замин мурда хобидааст.
26 Ҳангоме ки онҳо интизор буданд, Эҳуд гурехт ва аз назди бутҳо*+ гузашта, сиҳату саломат то Саиро расид. 27 Ҳамин ки вай ба он ҷо расид, дар кӯҳистони Эфроим+ шох навохт+ ва исроилиён бо сардории ӯ аз кӯҳистон фаромаданд. 28 Ӯ ба онҳо гуфт: «Аз паси ман биёед, чунки Яҳува душманонатон, мӯобиёнро, ба дасти шумо супурдааст». Онҳо аз паси ӯ рафтанд ва пастобҳои Урдунро ишғол карда, пеши роҳи мӯобиёнро гирифтанд ва ҳеҷ касро гузаштан намонданд. 29 Дар он вақт онҳо 10 000 мӯобиро, ки ҳама мардони паҳлавон ва далер буданд, зарба заданд+ ва як нафар ҳам халос нашуд.+ 30 Дар он рӯз Мӯоб зери дасти Исроил тобеъ гашт ва замин 80 сол осоиш ёфт.+
31 Баъд аз ӯ Шамҷари писари Анот+ довар шуд, ки 600 фалиштиро+ бо халачӯби говронӣ зада кушт.+ Ӯ низ Исроилро наҷот дод.